ҚАРЗИ ДАВЛАТ ДАР АСОСИ АНДОЗАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИДОРА КАРДА МЕШАВАД

Ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баргузор гардид.

Дар он як қатор қонунҳое, ки ба ҳаёти мамлакатамон дахл доранд, муҳокима  шуданд. Депутатҳо нахуст лоиҳаи қонун «Дар бораи қарзи давлатӣ»-ро дар хониши дуюм баррасӣ карданд.

Дар лоиҳаи қонун, ки дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷаҳон тартиб дода шудааст, чор самти асосӣ муайян карда мешавад.
Самти аввал идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани нақши парлумон дар ин раванд, эмин нигоҳ доштани он барои суботи макроиқтисодӣ мебошад. Самти дуюм – таъмини саривақтии кафолатноки хидматрасонии қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ, самти сеюм диверсификатсияи қарзи давлатӣ ва кам кардани хатари афзоиши хароҷоти хидматрасонии он ва самти чорум – такмили механизми кафолатҳои давлатӣ мебошад.
Депутатҳо қайд карданд, ки қабули лоиҳаи қонун пеши роҳи  парокандагии раванди идоракунии қарзи давлатиро мегирад, механизмҳои таъмини кафолатноки идоракунии самараноки хавфҳо оид ба қарзи давлатӣ ва ӯҳдадориҳои шартии давлат, инчунин хидматрасонии саривақтӣ ва пурраи қарзи давлатиро ҷорӣ менамояд.
Ба ғайр аз ин, лоиҳаи қонун ба беҳтар гардондани мақоми  Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтинги байналмилалӣ, таъмин кардани барқарории макроиқтисодӣ, самарабахш истифода бурдан аз маблағҳои ҷалбшаванда ва идоракунии хатарҳои марбут ба қарзи давлатӣ хидмат мекунад.   
Гуфта шуд, ки таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД набояд аз 50-60 дарсад зиёд бошад. Тибқи лоиҳаи «Бюҷети шаҳрвандон», ки Вазорати молияи Узбекистон эълон кардааст, қарзи хориҷии давлат то соли 2022 ба 30,4 миллиард доллар мерасад.
Лоиҳаи қонун мавриди баҳсу мунозираи депутатҳо қарор гирифта, ба саволҳо масъулини дахлдор посух доданд. Баъд аз он лоиҳаи қонун қабул карда шуд.

М.КОМИЛОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: