ҚАШҚАДАРЁ БО 70 КИШВАР РОБИТА ДОРАД

Дар шаш моҳи соли 2024 иқтисоди вилояти Қашқадарё хеле рушд карда, коргоҳҳои ин қаламрав муваффақ гаштанд, ки бо 70 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барпо намоянд.

Назар ба маълумоти саридораи омор, ҳаҷми умумии гардиши молу колои корхонаҳои вилоят дар нимсолаи соли ҷорӣ 608,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил карда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар афзудааст. Моҳҳои январ-июни соли 2023 Қашқадарё  бо мамлакатҳои хориҷӣ ба миқдори 296,4 миллион доллари ИМА гардиши молу колоро дар амал татбиқ карда буд. 
Маълумоти идораи омор аз он далолат медиҳад, ки иқтисоди вилояти Қашқадарё мунтазам рушд мекунад ва ислоҳоти иқтисодии ҳукумат самари хуб медиҳанд. Ҳиссаи бештари гардиши хориҷии молу колои вилоят бар зиммаи Чин (206,9 миллион доллари ИМА) афтода, баъдан  ИМА, Туркия, Русия ва Нидерландия  дар зинаҳои баъдии ин феҳраст қарор гирифтаанд. 
Бояд гуфт, ки коргоҳҳои вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 50 кишвари дунё маҳсулоти худро содир кардаанд ва ҳаҷми умумии он 275,6 миллион доллари ИМА мебошад. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 баробар зиёд аст. Яке аз харидорони асосии маҳсулоти коргоҳҳои вилоят Амрико ба ҳисоб рафта, ин кишвар ба миқдори 64,9 миллион доллар маҳсулот харидорӣ намудааст. Туркия, Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Покистон ҳам аз шарикони иқтисодии вилоят маҳсуб ёфта, маҳсулоти коргоҳҳои ин қаламравро ба бозорҳои худ ворид сохтаанд.
Вилояти Қашқадарё дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҳаҷми 332,9 миллион доллари ИМА маҳсулоти ширкатҳои хориҷиро вориди қаламрави худ кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 баробар зиёд аст. Қисмати бештари маҳсулоти воридотии вилоятро дастгоҳҳои муқтадир, таҷҳизоти замонавӣ, ки барои бунёди корхонаҳо зарур аст, ташкил медиҳанд. Дар ин бахш Чин пешқадам буда, Қашқадарё аз ин кишвар дар ҳаҷми 193,4 миллион доллар маҳсулот ворид кардааст. Дар зинаи баъдии феҳраст Нидерландия, Олмон, Эквадор ва Русия қарор доранд.
Аз муқоисаи ин рақамҳо бармеояд, ки ҳанӯз тафовути байни молу колои воридотӣ ва содиротӣ чашмрас буда, дар вилояти Қашқадарё ҳиссаи воридот (импорт)  назар ба содирот (экспорт) бештар аст ва ин тафовут  ба 57,3 миллион доллари ИМА баробар аст. Мутахассисон дар он назаранд, ки воридот назар ба содирот бештар бошад, натиҷаҳо дилхушкунанда нахоҳанд буд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: