Дар шаҳри Қаршӣ маҷмӯаи муҳташаму замонавие бунёд хоҳад шуд, ки «Кохи варзиши обӣ» ном дошта, ҷавононро дар варзиши оббозӣ тамрин хоҳад дод.
Лоиҳаи пешнависи сохтмони ин маҷмӯа дар як нишасти хосае бо ширкати мутахассисони соҳаи меъморӣ, варзиш ва молияи қаламрав дар ҳузури ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов рӯнамоӣ ва баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар Қашқадарё то ҳол чунин як маҷмӯаи варзишӣ вуҷуд надошт ва ҷавонони қаламрав ниёзи бештаре ба он ҳис менамуданд. Бо сохта шудани ин маҷмӯи дорои тамоми шароит варзишгарони вилоят чаҳор фасли сол мунтазам бо намудҳои варзиши обӣ машғул хоҳанд шуд.
Дар лоиҳаи «Кохи варзиши обӣ» пешбинӣ шудааст, ки як ҳавзи дорои сатҳи 50х21х2 метр сохта хоҳад шуд. Ҳамчунин як ҳавзи сатҳаш 16Х16 метр низ бунёд хоҳад ёфт, ки қаъри он 6 метрро ташкил медиҳад. Ин ҳавз барои аз баландӣ сарозер гаштани варзишгарон мутобиқ гардонда шуда, чандин пояҳоеро соҳиб хоҳад буд, ки баландии мухталиф (1, 3, 5, 7,5 ва 10 метр) доранд. Инчунин маҷмӯаи мазкур ду ҳавзи шиноварии кӯдаконаро низ дарбар хоҳад гирифт, ки ҳар кадом 6х12 метр сатҳ ва 0, 4 - 0,6 метр чуқурӣ доранд. Ба ҷуз аз маҳалли кори маъмурият толори махсусе барои кормандони ВАО, фитнес ё тарбияи бадан ва толори муҳташами маҷлисгоҳро низ соҳиб хоҳад гашт. Дар атрофи ҳавзи шиноварӣ 500 адад курсӣ низ насб хоҳад шуд, ки мухлисони ин навъи варзиш нишаставу ҷараёни мусобиқаҳоро тамошо мекунанд.
Ба роҳбарони идораҳои тарроҳиву сохтмонии «Касаба-лоиҳа» ва «Касаба-қурулиштаъмир» супориш дода шуд, ки дар бунёди ин маҷмӯа таъхир накунанд ва орзуҳои варзишгарони қаламравро зудтар дар амал татбиқ намоянд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.