ҚАССОБ

(Ҳикояи воқеӣ)

Як рӯзи истироҳат буд. Ману модарам дар боғ ангур мекандем. Тамошои ангурҳои рангоранг завқ мебахшид. Сарҳои ба андозаи остинча калон-калони ангур ба зудӣ сабадҳоро пур мекарданд. Аз ин равиши кор худам низ илҳом гирифта, суръати кор меафзудам. Мехостам ҳар чӣ кору бори модарам сабуктар гардад. Дар як муддати кӯтоҳ хеле ангур кандем. Аз як ҷӯяк ба ҷӯяки дигар гузашта, дар сифати ангур ин шеърро, ки бо ин сатр оғоз меёфт:
«Саҳар хезу бирав аз тоифӣ хӯр...» мехондам.
Ин ҳангом банохост, аз тарафи боғи ҳамсоя садои доду фарёди духтарон баланд шуд. Онҳо касеро ба ёрӣ даъват менамуданд. Ман саросема корро хобонда ба сӯйи боғи ҳамсоя давидам. Баробари расида рафтанам, шоҳиди воқеаи аҷибе шудам. Он ҷо бузи сараш дар байни ду танаи дарахт мондаи ҳамсоя талвосаи ҷонканӣ дошт. Бузи баднафс бо мақсади хӯрдани баргҳои шохи дарахт ба танаи он рост шуда, ба нохост сараш дар байни ду танаи дарахт афтода, нафасгардон шудааст. Аз ин воқеа духтарҳо дер хабардор шуда, ҳарчанд зӯр задаанд, бузро халос карда натавонистаанд. Зани ҳамсоя аз пайдо шудани ман гӯё, ки ҷон гирифта бошад, гуфт:
– Ҳамсоя, тезтар гардеду сари бузро буред, набошад мемурад! Бузро бо сад азоб аз байни танаҳои дарахт баровардам, лекин буридани сари он мушкили дигар буд. Ман, ки аз ин пеш ҳатто сари гунҷишкро набурида будам, дар ҳолати ногувор мондам. Агар мегуфтам, ки ман аз ӯҳдаи ин кор намебароям, шармандагӣ буд, зеро дар он гирду атроф ба ҷуз ман дигар мардинае набуд. Корро низ ба таъхир андохтан лозим набуд, чунки буз ҳаром мешуду оилаи ҳамсоя бебаҳра мемонд. Маро ҳисси ҷавонмардӣ боло гирифту кордро аз дасти ҳамсоязан гирифта наздики буз омадам. Бузи бечора базӯр хир-хир нафас мегирифт. Бо тарс кордро ба гулӯяш рондам. Намедонам, корд кунд буд ё ҳунари ман, теғ гулӯи бузро намебурид. Баъди чанд бор бо зӯри даст кордро болову поин рондан, хуни бисёре аз гулӯи буз ҷорӣ шуд. Сипас, мисли қассобони касбӣ теғи хунолудро бо пашми бузи беҷоншуда тоза карда, ба болои танаш гузоштам. Ҳама аъзои оилаи ҳамсоя дар тамошои ин манзара буданд. Ҳамсоязан дар атрофам парвонавор даврзанон мегуфт:
– Раҳмат, ҳамсояҷон! Шукри Худо, ки шумо будаед, набошад бузамон ҳаром мешуду кӯдакони ман аз хӯрдани гӯшти он бенасиб мемонданд. 
Баъди ин ман иҷозат пурсида, хостам пайи кори худ равам. Аммо ҳамсоязан ба ҳолу ҷонам намонда, хоҳиш намуд, ки бузро гӯшту пӯст кунам. 
– Мардакам дар хона нест. Агар шумо ин корро накунед, кӣ мекунад? – гуфт илтиҷоомез зан. 
Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам. Мани нокарда ҳайрон будам, ки ин мушкилро чӣ гуна ҳал намоям. Ноилоҷ паси сар хоридаму пайи иҷрои кор шудам. Афсӯс аз он мехӯрдам, ки чаро ҳангоми қассобиҳои падар, ба сабаби раҳмдилӣ, аз ин кор дурӣ ҷустаам. Агар раҳмдилиам намебуд, дар ин лаҳзаҳо далертару чобуктар сари кор мегирифтам. Худро маломаткунон ба кор часпидам. Бо сад азобу дору мадор бузро барои пӯстканӣ овехтам. Ҳангоми пӯстканӣ аз куҷо хабар ёфта занбӯрҳо ба гӯшт ҳуҷум сар карданд. Онҳо гӯё ба қассобии ман таъна мезаданд, ки села-села гирди сарам ҳуҷумкунон чарх мезаданду ғинг-ғингкунон ба гӯшт мечаспиданд. Дар ин лаҳзаҳои барои ман душвор, ки сару рӯям ғарқи арақ шуда буду аз ҳар тори мӯи сарам қатра-қатра об мешорид, худро маломаткунон мегуфтам:
– Эй нокардакор, туро ба ин кор чӣ кор!
Бо вуҷуди душвориҳо, аз кушода шудани сири беҳунарии худ ба атрофиён шарм дошта «сар равад равад, ки сир наравад» гӯён, корро идома додам. Бо корд ба сари як занбӯри дар гӯшт нишаста задам. Занбӯр аз зарбаи корди ман, ки на он қадар сахт буд, ба осонӣ халос хӯрда, ба худам ҳуҷум кард. Он бадбахти бағазабомада ғингосзанон гирди сарам чарх заду ба рӯям неш зад. Дуюмаш «найза»-ашро ба болои чашми рост халонд. Дарди ҷонкоҳи неши занбӯр, болои сӯхта намакоб, маро бештар нороҳат сохт. Лекин «сари кафида зери тоқӣ» гӯён дандон ба дандон монда тоқат намудам. Аз саросемагӣ ҳангоми пӯстканӣ корди рондаам як ангуштамро бурид. Аз ҳаяҷону изтироб ва даступохӯриҳо либоси дар танам буда, мисли оне ки дар ҳавзи об афтода бошам, ғарқи арақ шуд. Хушбахтона, корро ба анҷом расонидам. Узвҳои бузро қисм-қисм ҷудо карда дар лаган назди ҳамсоязан гузоштам. Ҳарчанд ӯ хоҳиш дошт, ки нишинам ва гӯшт пухта диҳад, аз сӯзиши чашму рӯ хайру хушро нася карда аз хонаи ҳамсоя бадар шудам. 
Бегоҳӣ духтари ҳамсоя ҳаққи қассобии маро овард. Завҷаам тӯшаи овардаи ҳамсоядухтарро кушод. Он ҷо гардани буз ва як коса гӯшти бирён меистод. Ҳама аъзои оила сари дастархон ҷамъ омаданд. Онҳо бо ҳазлу шӯхӣ гӯшт мехӯрданду ба ҳоли мани қассоб, ки аз ғояти варами рӯю чашм атрофиёнро базӯр мешинохтам, механдиданд. Ангушти докапечам аз ҳаракат монда буд. Баъди ин воқеа чанд вақт номи қассобро бардошта гаштам.

Илҳом ХИДИРОВ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: