ҚАТАР СОҲИБИ ҶОМ

Тавре ки хабар дода будем, мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб анҷом ёфт.

Дар бозии ниҳоии мусобиқа, ки дар варзишгоҳи «Zayed Sports City»-и пойтахти мамлакат — шаҳри Абу-Дабӣ сурат гирифт, дастаҳои миллии Қатар ва Ҷопон рӯ ба рӯ шуданд. Дар сабқати пуршиддати охирин шогирдони Феликс Санчес футболбозони ҷопониро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, пирӯз шуданд.   
Бояд гуфт, ки талоши ниҳоӣ барои ҳар ду даста осон набуд, зеро футболбозони қатарӣ кӯшиш мекарданд, ки дар таърихи ин мусобиқаҳо ба дастоварди аввалину бузургтарини худ соҳиб шаванд, ҷопониҳо бошад, талош меварзиданд, бори панҷум Ҷоми Осиёро ба даст оварда ғолиби мутлақи ин бозиҳо гарданд. 
Дар бозии охирин, ки ба он ҳамватани мо Равшан Эрматов сардоварӣ кард, футболбозони Қатар тавонистанд бори дигар маҳорати худро нишон дода, дарвозаи ҳарифонро ишғол намоянд. Агар дар дақиқаи 12-уми бозӣ тӯбзани мусобиқа Алӣ Алмуаз (ҷамъ 9 гол) дарвозаи рақибро ишғол карда бошад, дар дақиқаи 28-ум Абдулазиз Ҳотам тӯбро ба дарвозаи Шуичи Гонда ҷойгир кард. 
Дар дақиқаи 69-уми қисми дуюми бозӣ Такуми Минамино дар тамоми мусобиқаҳо голи аввалинро ба дарвозаи Саъад Ал-Шииб зада, ҳисобро тағйир дод. Дар дақиқаи 83-юм Акрам Афиф пеналтиро хуб иҷро карда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Шоистаи қайд аст, ки футболбозони Қатар дар ҷараёни мусобиқа ба дарвозаи рақибон ҷамъ 19 тӯб зада, ба дарвозаи худ фақат як тӯб сар доданд. Мизбонони чемпионати ҷаҳон – 2022 Қатар дар таърихи худ бори аввал чемпиони Осиё шуд. 

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: