«ҚАТОРАҲОИ САРЧАШМА» —ДАР САМАРҚАНД

Шанбеи гузашта дар Чорсӯйи маҷмӯъи Регистони Самарқанд бо чунин ном намоиши шахсии мусаввири ҷавон Анвар (Чоршанбе) Бердиев оғоз ёфт.

Шанбеи гузашта дар Чорсӯйи маҷмӯъи Регистони Самарқанд бо чунин ном намоиши шахсии мусаввири ҷавон Анвар (Чоршанбе) Бердиев оғоз ёфт. Онро раиси академияи бадеии шаҳри бостонӣ Нуриддин Камолов ҳусни ифтитоҳ бахшид. 
Нотиқ таъкид кард, ки дар Самарқанд мактаби мусаввирон арзи вуҷуд дошта, дар он рассомони маъруф ба камол расидаанд. Ҳоло низ дар ин мактаб писаракону духтаракон истеъдоди худро сайқал медиҳанд. Яке аз онҳо рассоми ҷавони умедбахш Анвар Бердиев мебошад, ки зодаи деҳаи кӯҳсори Саричашмаи вилояти Қашқадарё буда, бори нахуст асарҳои худро ба намоиш мегузорад.
– Ман ҳам фарзанди кӯҳсор ҳастам, – гуфт мусаввир аз деҳаи Оҳалик Ҷумъабой Абдурауф, – шояд аз ҳамин сабаб ҳар як кори эҷодии Анварҷон ба ман наздику шинос аст. Зеро аксарияти мусаввараҳои ӯ ба кӯҳсор вобаста мебошанд.
– Бо корҳои Анварҷон шинос ҳастам, – изҳор дошт академики академияи мусаввирони Самарқанд Аслиддин Исоев, – бояд гуфт, ки мӯйқалами ӯ сеҳри хоса дорад. Рассом аввало бояд рангро ҳис кунад. Чунин қобилият дорад Анварҷон. Бо боварии том метавон гуфт, ки вай аз нозукиҳои ҳунари наққошӣ хабардор аст. Аз имконият истифода бурда, ба вай дар фазои санъат парвозҳои баланд таманно дорам. 
— Ман шогирдони бисёр дорам, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд устодаш Мирсаид Самадов. – Аммо Анварҷон дар боғи санъат гули худрӯ аст. Вай хислатҳои аҷиби меҳнатдӯстӣ ва навоварӣ дорад. Мушоҳида кардан душвор нест, ки ӯ бо қадами қатъӣ зина ба зина қуллаҳои баланди санъатро фатҳ менамояд. Умед дорам, ки солҳои наздик аз қатори беҳтарин мусаввирони Ӯзбекистон ҷой хоҳад гирифт.
Ҳозирон бо завқ расмҳои намоишгоҳро тамошо карданд. Рангтасвирҳои «Деҳаи ман», «Баҳор дар кӯҳсор», «Барфи охирин», «Бобои ман», «Чашма» ва ғайра ба мухлисони санъати тасвирӣ писанд афтод. Дар атрофи асарҳои ӯ баҳсу мунозираҳо авҷ гирифт.
– Анварҷон, барҳақ ҷавони соҳибистеъдод аст, – гуфт адиби маъруфи тоҷик, шайдои санъати бадеӣ устод Адаш Истад, – ҳар як расм касро чун оҳанрабо сӯйи худ мекашад.
Намоишгоҳ як моҳ давом хоҳад кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.              
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: