Баъзеҳо навиштаҳои инҷонибро мутолиа намуда эрод мегиранд, ки забони мушкил дорам, дар баёни матлаб вожаҳоеро ба кор мебарам, ки барои фаҳмидани маънии онҳо бояд ба фарҳанг ё шахси донишманде муроҷиат кард.
Натиҷагириҳояшон дуруст аст. Аммо ба андешаи кӯтоҳи инҷониб вожаҳои ҳар як забон дороии онанд, агар дар забони меъёрӣ мавриди корбурд қарор нагиранд, соҳибзабонон намедонанд, ки онҳо чӣ маънӣ доранд. Ҳоло дар тамоми нуқтаҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон фикри худро дар доираи забони меъёрии солҳои 60-70 баён карда метавонанд. Чаро? Зеро забони форсии тоҷикии меъёрӣ ё адабии қарни ХХ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва матбуоти даврӣ тӯли қариб як аср кор хӯрд. Мо бар онем, ки забони «мушкилнавис»-он низ бо мурури вақт, пас аз кор хӯрдан, ба як забони соддаву оммафаҳм табдил меёбад. Мисолан, дар ин муҳит забони навиштаҳои мо баринҳо мушкилфаҳм аст. Аммо барои форсигӯёни Эрон ва даризабонони Афғонистон забони ин гуна навиштаҳо хеле соддаву оммафаҳм ба назар мерасад. Сабаб ин аст, ки забони меъёрии форсӣ (тоҷикӣ, дарӣ) чанд аср аст, ки дар қаламрави ҳамзабонон бо тамоми дороияш мавриди корбурд қарор гирифтааст. Бояд ёдрас намуд, ки забони меъёрии форсии Эрон ва дарии Афғонистон низ поккориҳоро тақозо дорад. Зеро вожаҳои арабии зиёд доранд, ки гоҳо дар фаҳмидани матлаби нигоранда мушкилиҳо эҷод мекунанд.
Ба қавли бухороиён «ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст», ба баъзе тоҷикон агар гӯянд, ки мансаб мегирӣ, ҷайбат пури пул мешавад, вале шарт ин аст, ки бояд забони кореягиро хуб донӣ. Бовар кунед, дар тӯли шаш моҳ ё як сол ба таври бояду шояд забони басе мушкили кореягиро меомӯзанд. Аммо барои дарки маънои ҳамагӣ 50-60, равед, ки 100 калимаи душворфаҳми забони муқтадиру шоиронаи форсии тоҷикӣ вақту имкон намеёбад. Ин ҳақиқат аст, ки барои нашъу нумӯъи ҳар як забони дунё муҳити парвариш лозим аст, ки он муҳитро худи соҳибзабонон бо талошҳои пайгирона фароҳам меоваранд.
Яке аз вожаҳои номафҳуме, ки мо барин «мушкилнавис»-он гоҳо дар навиштаҳояшон истифода мебаранд, вожаи арабии «ҳуввият» аст. Ҳамзабонони хориҷӣ ин вожаро пештар истифода мебурданд, аммо дар матбуоти мо тӯли солҳои истиқлолият, ки ба эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ роҳ кушод, маъмул гардид. Хуб, вожаи арабии «ҳуввият» чӣ маънӣ дорад? Он ба маънии вожаҳои «кистӣ, чистӣ, аз куҷоӣ»-и форсии тоҷикӣ хеле наздик аст. Яъне «ҳуввияти миллӣ» маънои кию чӣ, аз куҷо будани миллатро ифода менамояд. Пас, ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон, сарфи назар аз он ки дар кадом минтақаи дунё ба сар мебаранд, бояд ҳуввияти миллии худро аз даст надиҳанд, донанд, ки гузаштагони дуру наздикашон бо кадом забон такаллум доштанд, чӣ шоҳкориҳое офаридаанд, чаро миллати тоҷикро миллати тамаддунсоз номидаанд, алорағми душманони худ чӣ гирудорҳое анҷом додаанд, сабабҳои аз душманони молию ҷонӣ шикаст хӯрданашон дар чӣ буд, илму ҳунарро то куҷо густариш додаанд, чаро оламиён ба шоирони беназир ва нобиғагони илму фарҳанги тоҷик арҷ мегузоранд?..
Барои чӣ ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон бояд ҳуввият ва таърихи дуру наздики худро донанд? Надонистан ба чӣ оварда мерасонад? Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки надонистани таърих, забон ва ҳуввияти миллӣ фоҷиа аст. Зеро хоинони Ватан, миллату забонфурӯшон, ғуломон, террористон, фарзандони бенангу номус аз табақаҳое мебароянд, ки кию чӣ будани миллати худ, таърихи пуршукуҳи онро намедонанд. Намедонанд, ки забони ниёгони онҳо чӣ қудрату зебоиҳо дошту дорад.
Дар бедории миллӣ ва худшиносии шарқиён, аз ҷумла тоҷикон, ашъори диловезу дилангези шоир, файласуф ва мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ нақши муҳим дорад. Вай, аз ҷумла, дар маснавии «Рамузи бехудӣ»-яш овардааст, ки бояд қавм (миллат) саргузашти (таърих) худро донад, зеро саргузашт – таърих дар худшиносӣ ва бедории миллии ҳар як миллат нақши калидӣ дорад. Агар саргузашт – таърихи миллат аз ёдаш равад, он миллат дар нестӣ гум мешавад. Гум мешавад, яъне чӣ? Бо гузашти вақт забони меъёрии аҷдодашро фаромӯш мекунад, дарки забони рӯзномаҳои миллӣ барояш мушкилӣ мекунад, беҳтарин урфу одат ва арзишҳои миллии аҷдодашро фаромӯш мекунад, ба миллатҳои бегона омезиш меёбад... Инак, чанд байт аз он маснавӣ:
Қавм рӯшан аз саводи саргузашт,
Худшинос омад зи ёди саргузашт.
Саргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад...
Чист таърих, ай зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае.
Ин туро аз хештан огаҳ кунад,
Ошнои кору марди раҳ кунад...
Забт кун таърихро поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав...
Сар занад аз мозии ту ҳоли ту,
Хезад аз ҳоли ту истиқболи ту...
Доир ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ як мисоли зинда. Дар мамлакати мо – Ӯзбекистон рӯзномаи сартосарии ҷумҳуриявие бо номи «Овози тоҷик» 95 сол аст, ки барои бедории сиёсӣ ва миллии тоҷикон ва тоҷикзабонони хидмат мекунад ва он ҳамеша ба дастгирии тоҷикони ҷумҳурӣ, ки бино ба маълумотҳои расмӣ 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд, ниёз дошту дорад. Нархи обунаи солона имсол, бо назардошти дурию наздикии вилояту ноҳияҳо ба пойтахт, ба ҳисоби миёна 350-400 ҳазор сӯмро ташкил дод. Албатта, аз ҷайб ин миқдор пулро бароварда ба рӯзнома обуна шудан кори саҳл нест. Соҳибкори фарҳангпарваре барои дастгирии рӯзнома як миқдор пул ҷудо кард. Ба тоҷике, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунад, занг зада изҳор доштам, ки оё ройгон барои як сол ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шудан мехоҳад? «Дили нохоҳам, узри бисёр», гуфт, ки ман худ мактаби миёнаро ба забони русӣ хатм карда будам, фарзандонам дар мактаби русӣ мехонанд, дар оилаи мо забони адабии тоҷикиро касе намефаҳмад. Дар урфият мегӯянд, ки «Як дари баста, сад дари кушода», ба тоҷики дигаре занг зада арзи муддао кардам, ки рӯзгоре мактаби таҳсилоти ҳамагонии тоҷикиро хатм намудааст. Изҳор дошт, ки дар паси чанбари мошин қарор дораду худ дертар занг зада ҷавобашро мегӯяд. Ман то ҳанӯз мунтазири занги ӯям. Чанд сол қабл тоҷики дигаре (сокини пойтахт) гуфта буд, ки ман аз хондани рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ҳузури шиносу ҳамсояҳо меҳаросам. Мисле, ки мепурсида бошанд: «Чӣ, магар ту тоҷикӣ?» Ҷомеашиносон бояд сабабҳои объективӣ ва субъективии ин ҳолатро, ки фоҷиае беш нест, мавриди омӯзиш қарор диҳанд...
Албатта, яке аз сабабҳои асосии аз асолат дуршавиҳо камии эътибор ва муҳити танги парвариш аст...
Имрӯз, дар замоне ки моддият дастболо гаштааст, ин фоҷиа бештар эҳсос карда мешавад. Баъзе ҷавонон, ба ҷойи ба сарвати маънавиашон афзудан, ба кишварҳои дур, дар шароити тоқатфарсо, ба дунболи пули «калон» мераванд, онҳо мардикору ғуломанд, ба ивази маблағи ночиз қувваи кории худро мефурӯшанд. Албатта, ба дунболи рӯзӣ ба хориҷи кишвар рафтан, пул ёфтан бадӣ надорад, вале гоҳо, ба сабаби каммаърифатӣ ва ноогоҳӣ аз ҳуввияти миллӣ, ба гурӯҳҳои террористӣ осон мепайванданд...
Тайи се соли охир аз ҷониби Президент доир ба куллан дигаргун кардани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ ва олӣ қарору фармонҳои тақдирсоз ба тасвиб расиданд, ба ҷавонон эътибор дода мешавад, дар ин ва дигар соҳаҳо ислоҳоти васеъмиқёс идома доранд. Умед аст, ки фазову муҳити маънавӣ, ба манфиати ҳамаи қишрҳои аҳолии кишварамон, сарфи назар аз миллату нажод ва эъдиқоди диниву мазҳабӣ, рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Бале, бо умеду орзуҳои неку наҷиб ба сар бурдан худ як бахт аст.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».