«ҚАВМИ БЕРӮЗНОМА МИСЛИ ОДАМИ БЕЗАБОН АСТ»,

ё худ муроҷиат ба хонандагони рӯзнома бобати истиқболи сазовори 100-умин солгарди «Овози тоҷик»

Пайдост, ки забон воситаи муҳимтарини муомила ва яке аз нишонаҳои асосии миллат аст. Боиси ифтихор аст, ки забони ноби тоҷикӣ аз забонҳои қадимтарину зеботарин, ғанитарину машҳуртарини ҷаҳон шинохта мешавад. Ин забон тӯли асрҳо марҳилаҳои гуногуни инкишофу такмил ва мутаассифона, мушкилоту муаммоҳои мухталифро паси сар карда, хушбахтона бо ҷоннисории фидоиёни миллату забон то ба мо пойдору устувор боқӣ монд. 
Ҳоло мо имкон дорем, ба шарофати сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат ба ҳаёти дирӯзу имрӯзи худ бо назари тозаву воқеъбин нигариста, бо афгору андешаи озод забони модариамонро равнақ диҳем.
Мо пас аз мутолиаи Муроҷиатномаи пурмуҳтавои Президент ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон, ки Барномаи пешрафт ва бунёдкориҳои кишвари биҳиштосои мо мебошаду мардуми сермиллати мамлакат ҳар як нуктаи онро бо ҷону дил пазируфтанд, комёбиҳои диёри азизамонро дар соҳаи забони модарӣ низ баррасӣ кунем.
Озодиву истиқлолият дастоварди бузургтарин аст, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кардан ҳам қарз ва ҳам фарз аст. 
«Новобаста аз миллат, забон ва дину мазҳаб, ҳар шаҳрванде, ки Ӯзбекистонро Ватани худ медонад ва дар рушди он саҳм мегузорад, минбаъд низ дар мадди таваҷҷуҳи давлату ҷомеаи мо қарор хоҳад дошт. Мо тамоми қувваю имкониятамонро барои боз ҳам мустаҳкам намудани муҳити дӯстии байни миллатҳо, ҳамҷиҳатии конфессияҳои динӣ, таҳаммулпазирии иҷтимоӣ сафарбар мекунем», – гуфта мешавад дар Муроҷиатнома.

Он чӣ дар дил аст, бар забон ояд
Пӯшида нест, ки сабақи омӯзгори забони модарӣ барои ба дараҷаи кофӣ донистани мазмуну мундариҷаи ҳар як калима ва дарку эҳсос намудани нафосату фасоҳати забон мақоми хоса дорад. Ёд дорам, дар мактаби таълими умумии рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд, оҳанги гуфтор, ҳатто тарзи ҳаракат ва қиёфаи устод, шоири зуллисонайн равоншод Бердӣ Ҳамроев ҳангоми дарс ба мо – шогирдон таъсир мекард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аз ин мактабу таълими хуби устод Ҳамроқул Шодиқулов, Шодон Ҳаниф, Хуршед Қамар, Мукаммал Давлатова, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Нормурод Каримзода барин олиму адибони ҳоло машҳуру маъруф камол ёфта, дар ҷомеа мақоми сазовор пайдо кардаанд. Оё имрӯз ҳам омӯзгорон, бахусус муаллимони забон ва адабиёти тоҷик намуна гардида, нахуст худ ва сипас дастпарваронашро ба мутолиаи асарҳо, рӯзномаву маҷалла тарғибу ташвиқ мекунанд?!
Афсӯс, не! Ҳоло ҳама, пиру барно, хондаву нохонда «асир»-и телефон ҳастанд. Дар кӯча, маърака, тӯйхона, ҳатто азо ҳушу ёдашон ба телефон.
Кош омӯзгор дарк мекард, ки калиди ҳусну қубҳу имконоти забони пурғановати мо дар дасти ӯст. Фаромӯш накунем, ки марги миллат, аз марги забон сар мешавад! Маълум аст, ки дар оғози садаи бист бинобар сиёсати нодуруст ва харобкор забони мо табоҳ, доираи корбасташ маҳдуд гардид ва ба пайкари ҳассосаш захмҳои зиёде расиданд. Дар коҳиш ёфтани он баъзе фарзандони нохалафу кӯрнамак низ барои мансабу давлат сабаб шуданд.
Бо вуҷуди он бо талошу ҷонфидоиҳои устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода барин фарзандони содиқ захмҳои ӯ табобат ёфтанд. Такопӯ ва талоши ин фидоиён буд, ки маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб», рӯзномаҳои «Бухорои Шариф», «Самарқанд», «Оина» ба дунё омаданду боз аз сабаби ноҷӯрии вазъу кӯтоҳназарии соҳибзабонон ба нестӣ рӯ овардаанд.
Соли 1924 рӯзномаи «Овози тоҷик» дар шаҳри мутамаддини Шарқ – Самарқанди бостонӣ бо номи «Овози тоҷики камбағал» интишор ёфт.
Рӯзномае, ки дар арафаи ҷашни садсолагӣ қарор дорад, пештози матбуоти тоҷик буд ва масоили умдаи миллату забонро дар саҳифаҳояш мавриди баррасӣ қарор дода, дар бедории фикрии мардуми таҳҷоӣ саҳми назаррас гузошт. Бояд қайд кард, ки дар кураи рӯзнома бисёр намояндагони илму фарҳанг обутоб ёфтаву истеъдодашон сайқал пайдо кард. Дар байни онҳо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигар пешвоёну сарсупурдагони миллат буданд. Устод Сотим Улуғзода дар хотираҳояш қайд кардааст, ки солҳои таъсиси рӯзнома вай ва ҳамсабақонаш ҳар шумораи онро бесаброна интизор буданд ва талош карда мехонданд.
Устод Садриддин Айнӣ, ки қисса ва мақолаҳои нахуст дар ҳамин рӯзнома рӯйи чопро дидаанд, навишта буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад». 
Тааҷҷубовар он аст, ки дар Ӯзбекистони дорои беш аз ду миллион тоҷик имсол бештар аз 300 нафар ба «Овоз»-и овозадор обуна шуданд. Магар ин барои миллати фарҳангсолору номдори мо айб нест?!
Хоссатан дар Самарқанди куҳан ин гаҳвораи забону маданияти порсизабон обуна ҳамагӣ ду нусхаро ташкил намуд, ки ин нанговар аст!
Дар Самарқанд сол то сол миқдори обуна бинобар бепарвоӣ ва фориғболии баъзе шахсони мансабдор ва ҳатто ҳамзабонони мо коҳиш меёбад. Соли гузашта баъди бонги изтироби дилсӯзони миллат бо дастгирӣ ва хайрхоҳии Сарвари давлатамон теъдоди рӯзнома ба 5 ҳазор нусха расид ва ройгон ба гузару маҳаллаҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ тақсим шуд. Самарқанди бостонӣ аз ин ҳиммат мустасно набуд. Алҳол аз имконияти хушбахтона истифода бурда, шахсан ба Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи муштариёни бешумор арзи сипос мекунем.

Оё ибрат гирем намешавад?!
Дар ин маврид бояд зикр кунем, ки ҳоло аз моҳи январи соли 2023 нашрияи ӯзбекзабони ҳукумати Тоҷикистон «Халқ овози» бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нашр мешавад. Дар ин бора Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар додааст. 
Бо саъю хайрхоҳӣ ва иродаи қатъии сиёсии сарварони дурбини ду кишвар – Ӯзбекистону Тоҷикистони бародарӣ муносибатҳо сол то сол густариш меёбанд. Ба Тоҷикистон сафар кардани гурӯҳи азими журналистони мо ва ҷавобан ба Тошканду Самарқанд ва Бухорои шариф ташриф фармудани ҳамкасбони тоҷикистонӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. 
Пас биёед, мо низ ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ ва ғуруру ифтихори тоҷиконаи худро бо обуна шудан ва дастгирӣ намудани минбари озоди миллат – «Овози тоҷик» дар амал собит кунем. Охир то ба кай ба обунаи рӯзномаҳо ба забони худ бепарво хоҳем буд, то кай барои ба онҳо нависондан ба қавле раги дастамон мекашад.
Мо аз марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон, омӯзгорон, бахусус муаллимони забони модарӣ гила дорем, ки ба масъалаи мазкур аз паси панҷа менигаранд.
Панди устод Айниро такрор мекунем, ки фармудаанд: қавми берӯзнома мисли одами безабон аст.
Аз хоби ғафлат хезед! 
Аз марги миллат тарсед!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: