ҚАВМИ ТОҶИК ВА РӮЗНОМА

Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст.

Ҳар шахс дар муддати зиндагонии худ ба бисёр воқеаҳо гирифтор мешавад, бисёр мусибатҳоро мебинад, бемор мешавад, даво меҷӯяд, ба мӯҳтоҷӣ меафтад...

Дар ҳамаи ин корҳо ба воситаи забони худ чораҷӯӣ мекунад, дарди дили худро ба ҳар кас мефаҳмонад. Вой бар ҳоли он касе, ки дар дунё зиндаасту забон надорад. Ҳамчунин, ҳар қавме, ки дар дунё зиндааст, дардҳо дорад, мӯҳтоҷиҳо дорад ва мусибатҳо дорад. Ба ҳамаи ин чизҳо ин қавмро забон лозим аст, ки дарди дили худро изҳор кунад. Забони қавм, мисли забони ашхос, муқаррарӣ нахоҳад буд, балки забоне, ки тарҷумони як қавм метавонад шавад, рӯзномаи он қавм аст.

Қавми тоҷик, ки дар Туркистон истиқомат доранд, дар аҳди салтанати императори рус ба чӣ ҳол буданд, мо аз ин масъала ҳеҷ баҳс намекунем. Зеро дар он давр на танҳо тоҷикон, балки ҳамаи ақвоми Туркистон ҳам, мисли ӯзбекон, туркманҳо ва қазоқҳо асири панҷаи зулм буда, аз ҳар гуна неъмат ва фаровонӣ маҳрум буданд.

Лекин баъд аз инқилоби Октябр ҳамаи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон «Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд». Яъне эшонро на як рӯзнома, на як мактаби ба усули тоза ва на як хабардорӣ аз аҳволи олам ва на як воситае, ки эҳтиёҷоти худро ба ҷое ба яке фаҳмонанд. Дар аҳди озодӣ, албатта, ин ҳол айб аст.

Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъии худи тоҷикон аст.

Лекин Ҳукумати Шӯроӣ ба ҳар миллат ва қавм, хусусан ба касоне, ки мисли тоҷикон зиёда фақир ва пасмондаанд, ҳар вақт раҳнамоӣ мекунанд. Сабаб ҳамин аст, ки имрӯз ба саъи ҳукумат рӯзномае ба забони тоҷикӣ баромад. Ин рӯзнома мисли номаш албатта забони тоҷик хоҳад буд. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард. Акнун метавонад, ки ҳамаи даркориҳои худро ба рӯзномаи худ нависад. Акнун метавонад, ки аз аҳволи олам бохабар шавад. Акнун метавонад, ки дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки  забони тоҷик аст, ба ҳар кас вонамояд.

Фақиртарини ватандорони Туркистон қавми тоҷик аст. Мазлумтарин қавми тоҷик бечорагон, коргарон ва деҳқононанд.

Бечорагони қавми тоҷик дар кӯҳистон, аз ҳар гуна неъматҳои шаҳрӣ маҳрум, ба меҳнатҳои сахт гирифторанд, як қисми эшон дар шаҳрҳо ба воситаи ҳаммолӣ, мардикорӣ, қаровулӣ ва саройбонӣ рӯз мегузаронанд. Ин бечорагон, албатта, ба дардҳо гирифтор мешаванд, давои ӯро намеёбанд, зулмҳо мебинанд, фарёдрас надоранд.

Забони тоҷик махсусан ба ин гуна бечорагон тарҷумонӣ мекунад. Мо умедворем, ки қавми тоҷик, хусусан бечорагони эшон ба атрофи рӯзномаи худ ҷамъ мешаванд.

Садриддин АЙНӢ

P/s: Ин мақолаи Устод Айнӣ ба муносибати ташкил ёфтани газетаи «Овози тоҷики камбағал» навишта шуда, дар шумораи якуми газета аз 25 августи соли 1924 бо имзои «Сод-Айн» дарҷ гардидааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: