Алҳол аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ва хусусӣ филмҳои зиёди бисёрқисмата намоиш дода мешаванд.
Қисми асосии сериалҳои телевизионӣ ба киноэҷодкорони турк мутааллиқ буда, мардуми мо онҳоро бо шавқи тамом тамошо мекунанд. Айни замон оиди мавзӯъ, мазмуну ҷиҳатҳои тарбиявии телесериалҳо дар нуқтаҳои иҷтимоӣ фикрҳои гуногун баён карда мешаванд. Ҳар кас аз рӯи ҷаҳонбинии худ мулоҳиза баён менамояд.
Бояд эътироф кард, насли мо телесериалҳои Мексика, Бразилия ва Кореяро тамошо карда, ба воя расид. Баъзеҳо мегӯянд: «Он сериалҳо ба тарбияи мо таъсири манфӣ нарасонданд. Ана, биноӣ барин умр ба сар мебарем». Гурӯҳи дигар дар ақидаи онанд, филмҳои хориҷӣ ба тарбияи фарзандон, тарзи оиладорӣ ва ҳаёти маънавии мо зарари муайян мерасонанд. Мо авлоди соҳибимонҳое мебошем, ки чӣ дар оила ва чӣ берун аз он ҳаё ва иборо ба ҷои аввал мегузоштанд. Ба рӯи мардҳои бегона ҳатто нигоҳ кардан ба занону духтарон гуноҳ ҳисоб меёфт. Мард қабл аз воридшавӣ аз дарвоза гӯлу афшонда, омаданашро маълум менамуд, яъне якбора зада даромаданро ба хонадоне, ки занону духтарон ҳастанд, ба худ раво намешумурд. Ҳоло-чӣ?
Падарони имрӯз дар хориҷ кор мекунанд, бобоҳо кирокашӣ менамоянд. Падару бобоёне, ки дар хона мондаанд, ҳамроҳи бонувон сериал тамошо мекунанд. Бибиҳо дар солунҳои зебоӣ худро оро дода ва ба нохунҳо ранг молида, ба гапу гаштакҳо мешитобанд. Вақте баргаштанд, дар муқобили оинаи нилгун «сериали худ»-ро нигарон мешаванд.
Падар аз фарзанд «қаҳрамони ту кист?» гуфта пурсад, фарзанд чӣ ҷавоб медода бошад?
Ман айнан дар ҳамин мавзӯъ аз хонандагони синфи панҷум иншо гирифтам. Вақте донистам, ки қаҳрамони онҳо маҳз қаҳрамони сериалҳои тамошокардаашон, ҳангу манг шудам.
Тоҳир Калелӣ, Нафас, Йигит, Амир Козму ӯғлӣ, Ниҳон, Камол барин номҳоро хонда, ба тахтапуштам мурғак давид. Айбдор кӣ аст?
Ҳамаамон ба айбдор сохтани телеканалҳо одат кардаем. Балки намоишҳо низ айбдор. Лекин айбдори асосӣ магар худи мо – падару модарон нестем? Аксарияти мо ба ҷои он ки чӣ тавр дарстайёркунии фарзандонамонро назорат кунем, шавқи китобхониашонро бедор ва дар бораи қаҳрамони асарҳои хондаи онҳо сухан ба миён орем, ҳамеша ба тамошои телевизион бандем. Дар паҳлӯямон бошад, фарзандон ба мо ҳамроҳ шуда, якҷо бо қаҳрамонҳои сериалҳо ҳаёт мегузаронанд.
Писару духтари шумо Амир, Тоҳир ва Ниҳон баринҳоро қаҳрамон гӯён ҳавас кунанд, шумо аз худатон хафа шавед, падару модарони муҳтарам! Аз он хафа шавед, ки ба фарзандонатон ба дараҷаи ҳавасангез қаҳрамон шуда натавониста истодаед.
Биёед, чашми худро кушоем. Нагузорем, ки на рӯзгори пурмоҷаро, нишасту хези сабук, оиладории бепардаи қаҳрамони сериалҳо ба мо таъсир расонад, балки ҳаёту зиндагиномаи авлоди имрӯзаи фозилони бузург ба фарзандонамон намунаи ибрат гарданд.
М. РАҲИМОВА,
муаллима аз шаҳри Тошканд.