ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ДУ САРЗАМИН

Амиралӣ Саидбеков зодаи деҳаи Қалъаи ноҳияи Сӯх мебошад. Аммо аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷанги зидди фашизм сафарбар гардидааст ва ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз шудааст.

Нигорандаи ин сатрҳоро ҳамеша посухи як суол ором намегузошт: Чаро Амиралӣ Саидбеков на аз деҳаи Қалъаи ноҳияи Сӯх, балки маҳз аз ноҳияи Ховалинг озими майдони ҷанг шудааст?

Сафари мо ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлони Тоҷикистон дар пайи боздидҳоямон аз чанд минтақаи Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст. Маркази ноҳия аз шаҳри Кӯлоб тахминан дар масофаи 70 километр воқеъ гаштааст. Ноҳияи Ховалинг 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст ва соли 1958, дар натиҷаи муҳоҷир намудани аҳолии ноҳия ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, барҳам хӯрдааст. Баъд 26 апрели соли 1983 аз нав таъсис ёфта, дар айни ҳол ба яке аз ноҳияҳои зебову хуррам ва зиндагии мардумаш хубу фаровони вилояти Хатлон мубаддал гардидааст.

Моро мудири Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг Амирхон Саидзода Мункӣ истиқбол гирифт. Вай марде буд фурӯтану хушчақчақ ва, дар айни замон, хеле заковатманду доно, инчунин соҳиби чандин китоби таърихиву публитсистӣ муаррифӣ гардид. Бо акаи Амирхон суҳбатамон дар даромадгоҳи осорхона сурат гирифт, ки ашёи гуногуни он таъриху фарҳанги ин гӯшаи вилояти Хатлонро дар худ бозтоб медод.

– Нимаи солҳои сиюми қарни гузашта Бобоҷон Саидбеков, – зодаи деҳаи Қалъаи ноҳияи Сӯх барои кор ба шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг меояд. Дар он солҳо саводнок кардани мардуми кӯҳистони дурдаст масъалаи муҳим маҳсуб ёфта, ин кор сафарбар шудани одамони саводноку фидокорро тақозо мекард. Сабаби ба ин минтақа муҳоҷират кардани Бобо Саидбекови сӯхӣ бо иқдоми мудири маорифи вақти ноҳияи Ховалинг Ҳамроев сурат гирифтааст. Барои ҳамин Бобоҷон Саидбеков солҳои дароз дар ноҳияи Ховалинг ба ҳайси инспектори маориф адои вазифа намудааст ва дар ҳамин ҷо бо духтари усто Қодир ном марди Сафедшаҳрак издивоҷ кардааст, – гуфт Амирхон Саидзода Мункӣ.

Дарҳақиқат, ноҳияи Ховалинг мисли ноҳияи Сӯх табиати хушу гуворо дошта, дар бағали дараву теппаҳо воқеъ гаштааст. Ба гуфтаи Амир Саидзода Ховалинг як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст ва он дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ низ зикр шудааст.

– Бо чанд ҷумла этимологияи ин калимаро бароятон ташреҳ мекунам. Он аз шакли «хваралунка»-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, ки маънои рӯшноӣ, диёри офтобӣ, теппа, заминро медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеъ кашф шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг шаҳодат медиҳад. Ба таври хулоса мешавад гуфт, ки Ховалинг умри қариб ҳазорсола дошта, яке аз куҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, – иброз дошт Амирхон Саидзода.

Баъд ба нақли он шурӯъ кард, ки чӣ тавр Амиралӣ Саидбеков ба ин ноҳия омадааст ва машғули чӣ корҳо шудааст. Ба гуфтаи Амир Саидзода Мункӣ дар нимаи дуюми солҳои 30-юм Амиралӣ Саидбеков аз Сӯх ба назди бародараш – Бобоҷон Саидбеков ба Ховалинг меояд. Аз ташрифи ӯ бародарбузургаш хеле шоду хурсанд мешавад ва мусоидат мекунад, ки курси муаллимтайёркуниро хатм кунад ва дар мактаб ба шогирдон сабақ диҳад.

– Аввал дар мактаби деҳаи Даробӣ машғули омӯзгорӣ мешавад. Бино ба нақли калонсолон, Амиралӣ ҳамчун ҷавони зебо, чусту чолок ва дар айни замон байни мардум чун шахси меҳрубону инсондӯст ва боғайрат шуҳрат пайдо мекунад. Баъд барои кор ба мактаби деҳаи Шехмизон мегузарад, ки ҳоло номи Амиралӣ Саидбековро гирифтааст, – изҳор намуд Амирхон.

Дар бораи Амиралӣ Саидбеков ҳамсуҳбати мо бо ҳарорат ва муҳаббати хос ҳарф мезад. Ба гуфтаи ӯ, ҷангномаи ӯро тамоми мардуми Ховалинг азёд медонанд ва номи некашро ҳамеша гиромӣ медоранд. Баъд Амирхон чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафт ва дар бораи хидмати аскарӣ ва корномаҳои ҷангии Саидбеков чунин нақл намуд: «Соли 1939 Амиралии ҷавон ба хидмати аскарӣ сафарбар мешавад. Дере нагузашта ӯро барои аз худ намудани дониши низомӣ ба мактаби афсарони хурд ба мактаби махсуси афсарони шаҳри Сталинград мефиристанд. Баъди хатми ин мактаб чун лейтенанти хурд фармондеҳи рота таъин мешавад. Солҳои 1939-1940 бо ин рота дар ҷанги зидди Финландия ширкат карда, ҷасорату мардонагиҳои зиёд нишон медиҳад. Ҳанӯз муддати хидмати ӯ ба охир нарасида фашизми Олмон ба хоки Иттиҳоди шуравӣ ҳамла мекунад. Амиралӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар фронтҳои гуногун алайҳи душман меҷангад. Баъд вай командири полки 325-уми дивизияи гвардияи 129-уми тирандоз тайин мешавад. Ротаи лейтенанти калони гвардия Амиралӣ Саидбеков 23 декабри соли 1944 дар деҳаи Себранетси Чехословакия дар муборизаи сахту шадид бо фашистон 50 аскару афсари немисро кушта, чор нафарро ба асорат мегирад ва чанд ғанимати дигар ба даст меорад.

Кору пайкори ҷанг акнун дар минтақаҳое идома дошт, ки ҷанговарони шуҷоъ хоки муқаддаси Ватанро аз қадами шуми фашистон озод намуда, баҳри озодии якчанд давлати Аврупо аз юғи фашизм мубориза мебурданд. Амиралӣ Саидбеков бо ҷанговарони худ дар озод намудани як қатор шаҳру деҳоти Полша ва Чехословакия ҷонбозиҳо нишон дод. 

8 марти соли 1945 дар деҳаи Драгомисли Чехословакия муҳорибаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Душман дар биноҳои сангин мавқеъ гирифта, беадад ба тарафи аскарони сурх аз миномёту пулемёт ва тӯп оташ мекушод. Аммо онҳо дар паси биноҳои деворҳояшон сангин аз ҳамлаҳои рӯ ба рӯ эмин мемонданд. Аз байн бурдани ин нуқтаҳои оташфишонии душман ба дӯши ҷанговарони Саидбеков афтод. Дар натиҷаи моҳирона анҷом додани амалиёти ҷангӣ онҳо ноил гардиданд, ки ба мавқеи душман зарбаи беамон зананд ва ҳамаи нуқтаҳои оташфишонии душманро таҳти муҳосираи худ қарор диҳанд. Барои ин корнамоиҳо Саидбеков ва чанд ҳамяроқи ӯ бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ сарфароз гардиданд. Полке, ки Саидбеков сарварӣ мекард, барои озодкунии минтақаҳои аҳолинишини Рогув ва Домрови Полша бо шуҷоат пеш мерафт. Дар яке аз муқовиматҳои шадид бо душман вай сахт ярадор шуд. Аммо то интиқол додан ба госпитал Саидбеков ба ҳалокат расид. Вай дар шаҳри Рибники Полша дафн шудааст. 29 июни соли 1945 Амиралӣ Саидбеков бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардидааст. Дар фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС омадааст: «Лейтенанти калон Амиралӣ Саидбеков баъди марг барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ, иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳон ва муборизаи шадид бо истилогарони фашист дар фронт ба ин унвон сазовор дониста шуд». 

Амирхон баъди нақли шуҷоату қаҳрамониҳои Саидбеков гуфт, ки соли 2021 китоберо таҳти унвони «Садоқатмандон» дар шаҳри Душанбе ба табъ расонид. Дар байни авлодони босадоқати Ховалинг чанд сафҳаи китоби ӯ маҳз ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Амиралӣ Саидбеков бахшида шудааст.

– Мо аз тариқи оилаи Саидбековҳо бо мардуми Сӯх қаробати хешутаборӣ дорем. Устод Бобоҷон Саидбеков баъди бозгашт ба Сӯх ва муқими он ҷо шудан ҳар сол як бор бо аъзои оилааш ба Ховалинг меомад ва меҳмони хонаводаҳои зиёди он мешуд. Вай хоки ин диёрро ба чашмон мемолид ва қадр менамуд. Вақте ки сухан дар ҳаққи бародари қаҳрамонаш равад, аз чашмонаш ашк мешорид ва бо азобе худро ба даст мегирифт ва ёдашро гиромӣ медошт, – мегӯяд Амирхон Мункӣ.

 Ба гуфтаи ӯ соли 1990 як гурӯҳ вакилони Ховалинг дар маросими 70-солагии зодрӯзи Амиралӣ Саидбеков, ки дар мактаби ба номи ӯ баргузор шудааст, ширкат кардаанд. Сокини деҳаи Даробӣ Амиралӣ Каримов аз зумраи ҳамон ховалингиёнест, ки ба ин маросим даъват шудааст.

– Амиралӣ Каримов маҳз бо нишондоди устодаш Амиралӣ Саидбеков касби омӯзгориро пеша кардааст ва мисли ӯ солҳои дароз ба наслҳои наврас таълиму тарбия додааст, – ёдовар шуд дар поёни суҳбат Амирхон.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

КӮлоб – Ховалинг – Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: