Ҳанӯз солҳои мактабхониам рӯзи 9 май ба мактаби ҳамсоя мерафтем, ки он ба номи Тешабой Одилов гузошта шудааст. Нимпайкараи вай дар саҳни мактаб бовиқор меистод.
Ҳанӯз солҳои мактабхониам рӯзи 9 май ба мактаби ҳамсоя мерафтем, ки он ба номи Тешабой Одилов гузошта шудааст. Нимпайкараи вай дар саҳни мактаб бовиқор меистод. Дар ин мактаб ҳар сол 9 май чорабиниҳои гуногун баргузор мекарданд ва дар он меҳмонони зиёд ширкат менамуданд. Дар ин чорабиниҳо аз Тешабой Одилов ва ҷанговарони дигари деҳ ёд мекарданд, ки дар набардҳои хунин корнамоиҳои зиёд нишон дода ва дар ғалаба аз болои фашизм саҳми калон гузоштаанд.
Ҳанӯз солҳои ҳаёт будани Тешабой Одилов, зимни роҳандозии як чорабинӣ бахшида ба рӯзи Ғалаба навори видеоӣ гирифтаанд. Вақте ки ман онро тамошо кардам, итминон ҳосил намудам, ки деҳаи мо низ мардони боҷасорат доштааст ва онҳо дар ҷанг мардонагиву матонат нишон додаанд, дар маҳви фашистон ҷонбозиҳо кардаанд.
Дар айни ҳол аз иштирокчиёни он ҷанг, ки дар ҳамон чорабинӣ ширкат доштанд, ягон нафарашон дар қайди ҳаёт нест ва ин боиси таассуф мебошад. Дар рӯзи Ғалаба аз болои фашизм мехоҳам аз «Баҳодури тоҷик» Тешабой Одилов, ҷасорату корнамоиҳои вай ва дӯсти ӯ – Абдувалӣ Назаров ёдовар шавам.
Ин таассуротҳоям аз китоб ва рӯзномаҳои хондаам ҳосил шудаанд, баъзе лаҳзаҳоро аз нақлҳои калонсолони деҳаамон шунидаам.
Боиси ифтихор аст, ки дар бораи шуҷоати Тешабой Одилови шерафкан Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, шоирони рус Николай Тихонов, Александр Гитович, Павел Лукнитский, шоири ӯзбек Ойбек ва бештар аз бист нафар адибони дигар мақолаҳои публитсистӣ, қиссаҳои ҳуҷҷатӣ, шеъру достон ва повест навиштаанд.
Дар мактаби деҳаамон низ як аксеро овезон дидаам, ки дар байн қаҳрамони ҷангу меҳнат Тешабой Одилов ва нависандаи барҷастаи тоҷик Сотим Улуғзода истодаанд. Сонӣ донистам, ки Сотим Улуғзода дар бораи ин ҷанговари матин ва мергани уқобчашм қиссаи ҷангӣ навиштааст. Гуфта мешавад, ки дар ин қисса дар бораи ҳаёту зиндагии падару модари Тешабой Одилов низ маълумотҳои зиёд гирд оварда шудаанд, ки барои аксарият мояи ибрат мебошад.
Тешабой Одилов соли 1918 дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх дида ба олами ҳастӣ кушодааст. То вақти даъват ба хидмати ҳарбӣ, яъне то соли 1939 дар мактаби деҳа омӯзгорӣ кардааст. Ҳанӯз хидмати аскарии вай ба охир нарасида, ҷанг оғоз ёфтааст. Ҷойи зикр аст, ки дар ин ҷанг вай бо дӯсти давраҳои наврасӣ ва ҷавонияш — Абдувалӣ вохӯрдааст ва чанд муддат ҳамроҳ ба муқобили фашистон ҷангидаанд.
Тавре ки дар қиссаҳои ҷангии Тешабой Одилов қайд шудааст, моҳи сентябри соли 1941 немисҳо ишғоли шаҳри Ленинградро вогузошта, ба мудофиаи худ аз борони тиру туфанг машғул шудаанд. Ҳамон вақт ин шаҳр дар муҳосира қарор доштааст ва вазифаи асосии ҷанговарон аз муҳосираи фашистон озод кардани Ленинград будааст. Дивизияи 115-уми тирандоз, ки дар он Тешабой Одилов ва Абдувалӣ Назаров хидмат мекарданд, дар соҳили дарёи Нева маскан гузидааст.
Дар муҳорибаҳои шадиде, ки чилу ҳашт шабонарӯз баҳри аз муҳосира баровардани шаҳри Ленинград давом доштааст ва ба номи «Невская пятачок» машҳур гаштааст, Тешабой Одилов дӯсти худ – Абдувалӣ Назаровро аз даст додааст. Вай ҳамон рӯз аз марги дӯсташ ончунон ба ғазаб омада, бошиддат ҷангидааст, ки аз тири нишонгири вай даҳҳо фашист замин газида, боқимондаҳояшон рӯ ба гурез ниҳодаанд.
Фашистон Тешабой Одиловро «Шайтони сурх» номидаанд ва барои аз байн бурдани вай нақшаҳои зиёд низ кашидаанд, ки ҳамаи он бемуваффақият анҷомидааст. Тешабой Одилов дар муҳорибаҳову муқовиматҳои ҷанг чанд бор захм бардоштааст, бо вуҷуди ин майдони ҷангро тарк накардааст. Дар ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки аз қаҳрамониву матонат ва ҷасорати Тешабой Одилов дар ҷанги зидди фашистон нақл мекунанд, омадааст, ки вай 114 фашистро заҳри марг чашонда, барои ин корнамоиҳояш нишонҳои зиёди давлатиро ба даст овардааст.
Тешабой Одилов рӯзи Ғалаба бар фашистонро дар Курляндия истиқбол гирифтааст. Вай баъди бозгашт ба диёри худ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Чанд сол вазифаи раисии колхозро бар ӯҳда доштааст. Баъд тасмим гирифтааст, ки омӯзгор мешавад, барои ҳамин то расидан ба синни нафақа дар мактаби рақами 14-уми деҳа ба кори омӯзгорӣ машғул шудааст.
Дарвоқеъ, Тешабой Одилов қаҳрамони ду пайкор мебошад. Ҳам дар ҷанг корнамоиҳои беназир нишон додааст ва ҳам дар меҳнат шарафу эътибор ёфтаву соҳибэҳтиром гаштааст. Бо ҳамсараш– холаи Муътабар 11 фарзандро тарбия намудаанд. Фарзандҳо низ дар миёни мардум соҳиби ҳурмату иззат гаштаанд. Онҳо ҳар сол дар рӯзи вафоти падар гирдиҳам омадаву расму ойинҳоямонро ба ҷо меоранд.
Ёди қаҳрамонписари тоҷик гиромӣ бод!
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи
давлатии Фарғона.