ҚАҲРАМОНИ МО

Дар шаҳри Самарқанд шахсе зиндагӣ мекунад, ки унвони «се карат қаҳрамон»-ро дорад. Ҳоло нақли мо дар бораи ҳамин сарбози диловари байналмилал аст.

Ӯро соли 1981 ба Афғонистон фиристоданд. Дар он ҷо бо ҳамсангарон вазифаи байналмилалиро иҷро карда, дар чанд амалиёти ҳарбӣ ширкат варзид. 
Дар вилояти Тахор, ки марказаш шаҳри Толуқон буд, бо ҳамшаҳрии худ Толиб Нуриддинов адои қарзи ҷавонмардӣ мекарданд. Ҳар бегоҳӣ сарбозони қисми ҳарбӣ саф ороста, номи шаҳидон – Абдураҳим Қудратов ва Раҳмонқул Облоқулови самарқандиро, ки ба рӯихати қисм абадӣ дохил карда шуда буданд, ба ёд меоварданд. Онҳо ҳангоми амалиёти ҳарбӣ ҷасорату мардӣ нишон дода ҳалок шуда буданд. Дар як гӯша акс ва тарҷимаи ҳоли ин ҷавонон сабт ёфта буд. Халилҷону Толибҷон баъди ба ҷойи таъиншуда омадан дар муддати кӯтоҳ ба муҳити нав одат карданд, вазъиятро омӯхтанд. Онҳо ҳамроҳи ҷанговарони афғон супоришҳои гуногуни ҳарбиро иҷро ва аз ҳама муҳимаш, амнияти сокинони маҳаллиро ҳифз менамуданд. Дар тӯли ду сол Халилҷон бо гурӯҳи махсус 179 маротиба бо чархбол дар амалиёти ҳарбӣ иштирок кард, чандин бор бо душману марг рӯ ба рӯ шуд. Бояд гуфт, ки барои ба ҷониби ҳукумат гузаштани ду дастаи муҷоҳидон саҳми Х.Иброҳимзода низ буд. Сиҳҳату саломат ба Ватан баргаштани худро Халилҷон аз илтиҷои модари муқаддас ба Худованди меҳрубон медонист. Аммо марги нобаҳангоми ҳамсангарони худро шунида, чун шамъ обу адо мешуд. Боре командири қисм ӯро таъҷилан назди худ хонд ва гуфт, ки ҳамшаҳриаш Хуршед Қамар қаҳрамонона шаҳид шудаасту вай бояд ҷасади устодашро то Самарқанд роҳбаладӣ кунад. Халилҷон бори нахуст амри сардорашро инкор кард. Командири рамузфаҳм ба ашки сӯзону ҳолати ҳаяҷоновари ӯ нигариста, чизе нагуфт. Баъди чанд сол, ҳангоми дар маркази деҳаи Хаймар гузоштани нимтанаи ин шаҳиди диёри афғон тадбире ба вуқӯъ пайваст ва ӯ ба сухан баромада, он воқеаи нохушро нақл кард.
Халилҷон Иброҳимзода пас аз бозгашт ба Ватан дар ташкилотҳои гуногун адои вазифа намуд. Бештари умри худро ба корҳои ҷамъиятӣ бахшид. Соли 1990 ҷонишини раиси иттиҳодияи ҷанговарони байналмилали вилояти Самарқанд интихоб гардида, барои абадӣ гардонидани хотираи неки 164 нафар шаҳидони Афғонистон саҳми арзанда гузошт. Вай аз солҳои аввали таъсис ёфтани рӯзномаи «Овози Самарқанд» аз хабарнигорони фаъоли ҷамоатии он мебошад. Бо дӯсти наздикаш, ҳайкалтарош, узви вобастаи Академияи рассомони Ӯзбекистон Қамариддин Наҷмиддинов дар офаридани муҷассамаҳои шаҳидон Адаш Турсунов, Хироҷиддин Ғиёсов, Бахтиёр Ваҳҳобов, Миряъқуб Иброҳимов, Садрӣ Саидов ва дигарон саҳм гирифт, маслиҳатҳои худро дареғ надошт. Ҳамчун котиби маҳаллаи Фурқат ва раиси шӯрои ҷанговарони байналмилали шаҳри Самарқанд хизмати шоиста кард.
Аз ҳама муҳимаш бо ҳамсари вафодору садоқатмандаш Гавҳар Ҳотамова се нафар фарзандонро таълиму тарбия доданд. Гулдухтараш Санобар, писарҳо Фазлиддину Фахриддин ифтихори сулолаи Иброҳимзодаҳо буда, 7 нафар набера ба бобову бибӣ олам-олам хурсандӣ мебахшанд. 
– Ба ҳамяроқи диловару бебок Халилҷон ҳамсангаронамон «тахаллус»-и аҷоиб додаанд, – аз азми мақола навиштани мо огоҳӣ ёфта, гуфт раиси шӯрои вилоятии «Ветеран»-и сарбозони мустафъӣ ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Эркинҷон Мавлонӣ. – Боре дар яке аз мактабҳои ноҳияи Самарқанд бо ҷанговарони байналмилал вохӯрӣ баргузор гардид. Чанд нафар сарбозони мустафъӣ ташриф фармудем, ки дар байни онҳо Халилҷон Исроилович низ ҳузур дошт. Қабл аз вохӯрӣ бо ҷамоаи омӯзгорон ва толибилмон ҷонишини директор оид ба маънавият барои муаррифии меҳмонон исму насаби ҳозиронро пурсид. Сардори гурӯҳамон Юсуф Неъматович ҳамаро як-як шинос карду нисбати Халилака бо тариқи шӯхӣ гуфт, ки «ана ин шахс се карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Иброҳимзода мебошанд».
Муаллимаи зудбовар, ки садри маҷлис буд, аз минбар эълон кард, ки акнун риштаи сухан ба «се карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» Иброҳимзода дода мешавад. Тааҷҷубовар буд, аз ҳозирон ҳеҷ кас эътирозе баён накард. 
Пас аз вохӯрӣ Юсуф Абдуллоев иброз дошт, ки Халилҷон Исроилович акнун бе шӯхӣ «се карат қаҳрамон» шуд. Иштирок дар ҷанги Афғонистон, бешубҳа, қаҳрамонӣ буд, дуюм аз баҳри истироҳат баромада бо корҳои ҷамъиятӣ машғул шудан низ қаҳрамонист. Савум, баъди ин қадар ҷонфишонӣ ва фидокориҳо ба синни мубораки 70 расидан ҳам кори ҳар кас нест.

Ҷаъфар ҶАББОРӢ,
раиси иттиҳодияи «Сиёвуш»-и 
ноҳияи Самарқанд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: