ҚАҲШ ва рақамикунонии ҳуҷҷатҳо

Моҳи сентябри соли сипаригардида «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани тартиби бақайдгирии далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандӣ» ба тасвиб расида буд.

Тибқи қарори мазкур дар шаҳри Тошканд аз 1 январ, дар сартосари ҷумҳурӣ бошад, аз 1 июни соли равон дар шуъбаҳои қайди далолатномаҳои шаҳрвандон тавассути муассисаҳои тиббӣ сурат мегирад, яъне акнун дар байни мақомоти ҚАҲШ (қайди акти ҳолатҳои шаҳрвандӣ) ва муассисаҳои дахлдор на коғазу одамҳо, балки маълумоти электронӣ ба гардиш меоянд.
Аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ба шуъбаҳои ҚАҲШ доир ба ҳолати таваллуд маълумотнома тибқи коди – QR пешниҳод мегардад. Гувоҳномаи гербдор дар бораи таваллуд бино ба муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаи ҚАҲШ, ҳар вақте ки онҳо хостанд, ба расмият дароварда мешавад. Тибқи қарори мазкур аризаҳои гузаштан аз никоҳ ва бекор кардани он дар марказҳои хидмати давлатии вилояти Сирдарё, аз 1 ноябри соли 2022 то 1 июли соли 2023, таҷриба карда мешавад. Ин ҷараён ҳоло идома дорад. Бояд ёдрас кард, ки минбаъд тартиби огоҳидани ҷамоати шаҳрвандони маҳалла доир ба аз никоҳ гузаштани навхонадорон бекор карда шуд.
Ҳамчунин, ҳангоми тағйир додани ному насаби шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҚАҲШ барои тафтиш кардан ба мақомоти умури дохилӣ тавассути сохтори ахбор пурсишнома интиқол дода хоҳад шуд.
Ҳангоми ба қайд гирифтани никоҳ ва бекор кардани он тартиби штамп гузоштан ба ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти шаҳрвандонро тасдиқ менамоянд, талаб кардани шиноснома ва шаҳодатномаи ҳарбӣ ҳангоми ҳолати фавт ва ташкили дафтарҳои барӯйихатгирӣ аз рӯйи алифбо бекор карда шуд. Дигар мақомоти ҚАҲШ дар шакли коғаз ба идораҳои дахлдор ҳисобот намедиҳанд, умри ин амалиёт ба охир расид.
Қарори мазкур имкон медиҳад, ки сифати хидмати давлатӣ ба маротиб афзоиш ёбад. Яъне ба сарсонию саргардонии шаҳрвандон дар идораҳо хотима дода шуд. Агар бо як сухан ифода намоем, ғояи «Барои қадру қимати инсон» ба амал татбиқ мегардад.

Бародар РАҲИМОВ,
корманди шуъбаи 
адлияи ноҳияи Тошканди вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: