Қосим Sомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон сабаби берун кардани гурӯҳи “Толибон”* аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар ин кишварро шарҳ дод.
Ӯ дар нишасти кишварҳои узви Созмонҳои Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ки барои рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Афғонистон, ки “Толибон” онро дар даст дорад, ҳукумати Қазоқистон ин созмонро аз рӯйхати созмонҳои терористӣ дар ин кишвар хориҷ кардааст.
“Қазоқистон режими “Толибон”-ро бо назардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Афғонистони муосир ва дарки он, ки ин ин режим барои дарозмуддат сари кор аст, аз рӯйхати террористӣ хориҷ кард”, - изҳор доштааст Тоқаев.
Ӯ инчунин, ҷалби Афғонистонро барои ҳамкориҳои минтақавӣ яке аз вазифаҳои стратегӣ унвон карда аз дигар аъзоёни СПАД даъват кардааст, ки ташаббуси Қазоқистонро дар мавриди таъсиси Маркази Созмони Миллали Муттаҳид дар умури таъмини рушди устувори Осиё Марказӣ ва Афғонистон дастгирӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта мақомоти Қазоқистон тасмими ихроҷи “Толибон” аз аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишварро гирифта буданд.