«ҚИМАТИ МАРД НА БО СИМУ ЗАР АСТ...»

Дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҷонфидо будаву умри азизи хешро баҳри ривоҷу равнақи халқ бахшидаанд.

Дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҷонфидо будаву умри азизи хешро баҳри ривоҷу равнақи халқ бахшидаанд. Яке аз чунин ҳамкасбони бомаҳорат Шуҳрат Нурназаров мебошад, ки 20 сол боз дар таълиму тарбияи насли наврас заҳмат мекашад.  
Шуҳрат Нурназаров соли 1974 дар деҳаи Сойихурди ноҳияи Нурато дар оилаи деҳқони оддӣ ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ медид, ки волидонаш дар шароити зиндагии душвори деҳа ҳашт нафар фарзандро худ нахӯрдаву напӯшида ба воя расондаанд. Ва ба худ аҳд мекард, ки зудтар калон шаваду ба падару модари азизаш дастёр гардад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Боғдорӣ, чорвопарварӣ, деворзанӣ ва дигар ҳунарҳоро, ки ба деҳотиён зарур аст, аз падари деҳқонаш омӯхт. Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон супорид ва соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ  гардид. Шуҳрати ташнаи илм кӯшиш мекард, ки гаронияш ба дӯши оила наафтад, зеро додаронаш низ донишҷӯ буданд. Шабу рӯз китоб мехонд. Ӯ донишкадаро бо сари баланд хатм намуда, чун мутахассис ба зодгоҳаш бармегардад. Ҳоло дар мактаби деҳа омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мебошад. Дилбохта ва шефтаи касби худ аст. Аз натиҷаи кори худ ҳамеша мамнун. Кӯшиш менамояд дар дарсҳои худ аз методҳои нави ноанъанавӣ  истифода барад. Шогирдонаш ӯро дӯст медоранд. Омӯзгорони ҷавон барои таҷрибаомӯзӣ борҳо дарси ӯро мушоҳида намудаанд.  
Нурназаров дар масъалаи ҳуҷҷатнигорӣ низ хеле масъулиятнок аст. Роҳбари иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ мебошад.  
Ӯ дар ташкили чорабиниву ҷашнвораҳои мактаб хеле фаъол аст. Хусусан ҳар сол намоишҳое, ки дар Иди бонувон, Истиқлол, Наврӯз ва дигар ҷашнҳо аз ҷониби хонандагон гузошта мешавад, бо саъю кӯшиш ва ташаббуси муаллим баргузор мегарданд. 
Ғайр аз ин, омӯзгори эҷодкор пайваста меомӯзад. Борҳо чакидаҳояш дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар», «Булбулча доно» нашр гардидаанд. Хонанда навиштаҳои ӯро бо шавқ мутолиа намуда, олам-олам ғизои маънавӣ мегирад. 
Дар деҳаи дурдасти мо маркази хидматҳои маишӣ мавҷуд нест. «Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст», гуфтаанд. Шуҳрат Нурназаров ҳунарҳои сартарошӣ, таъмири пойафзор ва деворзаниро хуб аз бар кардааст. Ӯ мушкилкушои мардум аст. Мардуми деҳот аз ӯ миннатдоранд. 
Бузургворе фармудааст:
Қимати мард на ба симу зар аст, 
Қимати мард ба илму ҳунар аст. 
Оре, Ш. Нурназаров серкор аст ва агар бештарини вақташро ба тарбияи шогирдон сарф кунад, боқимондаашро барои хидмати мардум. Як мебинед дар майдони кишту кор машғули побелу каландзанӣ, лоймонию деворзанӣ ва гоҳи дигар аз пайи бозору савдо. Хуллас, ҳамеша банд. 
Барилова, омӯзгор хеле хоксор, самимӣ, хушгуфтор, меҳмондӯст ва меҳмоннавоз аст. 
Маъмурияти мактаб хидматҳои ӯро ба инобат гирифта, борҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонидааст. Ман ифтихор мекунам, ки чунин ҳамкасби хирадманду хоксор ва меҳрубону ҳунарманд дорам. 

Ҳилол РӮЗИЕВ,  
омӯзгори мактаби рақами 30-юми
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: