ҚИРҒИЗИСТОН: 1. МАРДУМИ ЗАБОНДӮСТ ВА АДАБПАРВАР

  • ҚИРҒИЗИСТОН:  1. МАРДУМИ ЗАБОНДӮСТ ВА АДАБПАРВАР
  • ҚИРҒИЗИСТОН:  1. МАРДУМИ ЗАБОНДӮСТ ВА АДАБПАРВАР

Боздид аз минтақаҳои тоҷикнишин ва дидору мулоқот бо аҳли адабу фарҳанги шаҳру вилоятҳои Қирғизистони ҳамҷавор аз худ хотираҳои басо гуворо мондааст.

Дар ин гузориш дар бораи деҳаи Учқӯрғон ва шаҳраки Ҳайдаркони ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд ба муштариён нақл мегардад.
Деҳаи Учқӯрғон дар соҳили рӯди Исфайрам, дар бағали талу теппа ва адирҳои сарсабзу хуррам, киштзорҳои серҳосил маскан гузидааст. Ин деҳа аҳолии маҳаллаҳои тоҷикнишини Тоҷикқишлоқ ва Йӯлбонро муттаҳид намудааст. Мардумаш басо меҳмоннавозу хушгуфторанд. Инчунин, дар Учқӯрғон ӯзбекҳову қирғизҳо, рус ва тоторҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ваҳдату ҳамгироӣ зиндагӣ мекунанд. 
Тибқи омор деҳаи Учқӯрғон бештар аз сиву панҷ ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ин ҷо олимони зиёд зода шудаву ба воя расидаанд. Ҳудуди 12 нафар унвони доктори илмро ба даст овардаанд, беш аз 40 нафар номзади фан шудаанд, ду нафар ба рутбаи генералӣ соҳиб гардидаанд. Дар ҳамин ҳол, теъдоди зиёди кадрҳои учқӯрғонӣ дар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусии соири шаҳру вилоятҳои Қирғизистон, инчунин ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва мамолики дигари пасошуравӣ фаъолият карда, бархе аз онҳо бо ҳаёт падруд гуфтаанд. 
Мехостам аввал аз устоди як қатор журналистони тоҷики муқими Ӯзбекистон, шодравон Мӯҳсин Умарзода ёдовар шавам, ки дар ин гӯшаи хушбоду ҳавои водии зарнисори Фарғона ба дунё омадааст. Баъди таҳсил дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ҳаёт ва фаъолияти худро ба рӯзномаи «Овози тоҷик» бахшидааст, ҷиҳати пешрафту такомули журналистика, ҳифзи забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ заҳмати зиёд кашидааст. 
Маҳаллаи Тоҷикқишлоқи деҳаи Учқӯрғон бо шоири шакаргуфтори худ – Шарифҷони Учқӯрғонӣ, фаъоли ҷамъияти тоҷикон Саидазим Пӯлодӣ (равони ҳарду шод бод!) ва чанд тани дигар ифтихор мекунанд. 
Дарвоқеъ, ду сол муқаддам, баъди иштироки бевосита дар ҷашни 90-солагии устод Шарифҷон Учқӯрғонӣ,  дар саҳифаи «Овози тоҷик» роҷеъ ба нақши ин шахсияти маъруф дар рушди забону фарҳанги миллӣ як мақолаи густарда ба табъ расид. Шарифҷони Учқӯрғонӣ муаллифи китобҳои тоҷикии «Панди падар», «Панде аз даҳане», «Таҷрибаи рӯзгор», «Замони ман», инчунин китоби «Умрамро барои ту сарф кардам» мебошад, ки ба забони қирғизӣ таълиф шудааст. Учқӯрғонӣ бо медали «Барои хизматҳои шоиста»-и Тоҷикистон ва медали тиллои Хазинаи ба номи Абулқосим Фирдавсии Қирғизистон сарфароз гардидааст. Вай Аълочии маорифи Қирғизистон, узви иттифоқҳои нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.
Писари ӯ – Мавлонҷон Шарифзода аз соҳибкорони варзидаи вилояти Ботканд маҳсуб меёбад. Ҳар сол дар арафаи оғози соли таҳсил аз ҳисоби маблағҳои Мавлонҷон Шарифзода донишомӯзони синфи якуми мактабҳои тоҷикии деҳаи Учқӯрғон бо сумка, китобу дафтар ва дигар ашёи зарурии таълимӣ таъмин мешаванд. Вай ба ҳайси фаъоли Созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ низ дар рушду нумӯи забон ва фарҳанги миллӣ талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Мавлоно Ҷомӣ синфи тоҷикӣ кушода, онро куллан тармим ва бо ҷиҳози лозима таъмин кардааст.    
Духтури хизматнишондодаи Қирғизистон Абдуҳалим Раҳимҷонов зодаи маҳаллаи Йӯлбони ин деҳа мебошад. Вай тӯли солҳои 1992-2008 чун раиси Иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фаъолият намудааст ва дар рушду такомули забони тоҷикӣ, расму ойин ва арзишҳои миллии тоҷикони Қирғизистон хидматҳои шоиста анҷом додааст. 
Мардуми деҳаи Учқӯрғон аз доктори илмҳои тиб, профессор Мурод Дадабоев низ ифтихор доранд. Вай беш аз ду даҳсола мудирии кафедраи кардиологияи интервенсионалии Маркази миллии кардиология ва терапияи Қирғизистонро бар дӯш дорад. Мурод Дадабоев соли 1980, пас аз хатми Донишкадаи тиббии Қирғизистон борҳо дар Маркази ҷарроҳии дилу раги ба номи Бакулеви Русия такмили касб намудааст. 
Доктори улуми тиб, профессор Абдулазиз Раҳимҷонов дар вилояти Фарғона фаъолият мекунад. Вай аъзои чандин созмонҳои байналмилалии пизишкӣ, мутахассис оид ба ташхис ва табобати бемориҳои системаи дилу раг, аз ҷумла аритмия, атеросклероз, гипертония, нуқсонҳои дил, норасоии дил, тромбофлебит, тахикардия ва ғайра буда, бо меҳнати пурмаҳсули худ ҷоизаҳо ба даст овардааст.  
Пизишкони варзидаи дигар Тӯлқин Муродалиев ва Файзулло Юлдошев дар Қирғизистону Ӯзбекистон   фаъолият доранд. Ҳукумати овули Учқӯрғонро низ дар айни ҳол Аҳмадҷон Абдураҳмонови тоҷик сарварӣ менамояд. Ин овул аҳолии 17 маҳаллаи хурду бузурги Учқӯрғонро муттаҳид намудааст, ки қисми аъзами сокинонаш тоҷиканд.
Академик Абдуҳалим Раҳимҷонов мегӯяд, ки аҷдоди вай тахминан ҳазор сол пеш аз Даҳбеди Самарқанд ба Учқӯрғон муҳоҷир шудаанд ва ин ҷоро ба макони зисти доимии худ табдил додаанд. Ба гуфтаи ӯ гурӯҳи дувуми тоҷикони ин маҳал  аз Хуҷанд ва гурӯҳи севум 350-400 сол муқаддам аз водии Қаротегин омада, дар соҳили рӯди Исфайрам маскун гаштаанд. 
Вале Абдусаид Ғафуров, собиқ додрасони Додгоҳи олии Қирғизистон мегӯяд, ки тоҷикони ҳарду маҳаллаи Учқӯрғон дар як вақту замон ба соҳили рӯди Исфайрам омадаанд, дар расму ойин ва маросимҳо байни тоҷикони мо низ ягон фарқи куллӣ ба назар намерасад ва фақат дар шеваи гуфтори онҳо ин тафовутро мушоҳида кардан мумкин аст.
– Дар рақси духтарони Тоҷикқишлоқ унсурҳои рақси духтарони водии Қаротегин ва дар рақси духтарони йӯлбонӣ бошад, рақси хоси духтарони минтақаи шимоли Тоҷикистон бештар ҷилвагар аст. Бо вуҷуди ин, мардуми ду маҳалла, ки онҳоро танҳо Роҳи бузурги абрешим аз ҳам ҷудо мекунад, ончунон ба ҳам омезиш ёфтаанд, ки баъзан кӣ тоҷикқишлоқиву кӣ йӯлбонист, касе фарқ карда наметавонад, – мегӯяд Абдусаид Ғафуров.
Вақти сафар вориди мактаби таҳсилоти умумии ба номи устод Садриддин Айнӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тоҷикқишлоқ шудам ва бо омӯзгорони он мулоқот намудам. Духтараке наздамон омаду гуфт, ки Умеда аст ва шоира шуданист. Аммо намедонад, ки шеърҳояшро дар куҷо ба чоп расонад. Аз ин ҳарфҳои Умеда дилам ба шавқ омад. Инак, яке аз шеърҳои ӯ, ки ба Наврӯз бахшида шудаасту ба таҳрир ниёз дорад: 
Наврӯз дарашро кушод,
То дар кӯҳ лола барод.
Лолаҳоро чида мо,
Хушҳолу хандида мо,
Чакаҳора гул кардем,
Наврӯза қабул кардем.
Табиат шуда бедор,
Мужда овард аз баҳор.
Умеда дар аз ёд кардани ашъори шоирони классикӣ ва муосири тоҷик низ маҳорати баланд  доштааст. Вай намунаҳо аз шеърҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Мирзо Турсунзода, Лоиқ, Бозор Собир, Фарзона ва шоирони дигар бо лаҳни бурро қироат намуд.
– Ман  ҳамеша  таассуф мехӯрам, ки  ба далели чоп нашудани  ягон рӯзномаи тоҷикӣ навиштаҳои шогирдонамон аз доираи мактаб берун намебароянд. Ҳатто омӯзгорони мактаб забони адабиро фаромӯш карда истодаанд, ки боиси нигарониҳост, – мегӯяд Омӯзгори хизматнишондодаи Қирғизистон, ҳаммуаллифи китобҳои дарсии «Алифбо» ва «Китоби хониш»  Ҳурматхон Ҳакимзода.
Дар шаҳраки Ҳайдаркон мактаби таълими умумии ба номи Фирдавсӣ фаъолият дорад. Таҳсил дар он ба забони тоҷикӣ аст. Аммо тибқи баъзе хабарҳо мақомоти ин шаҳрак ва дастандаркорони шуъбаи таълими халқи ноҳияи Қадамҷо дастур додаанд, ки забони таълимро аз тоҷикӣ ба қирғизӣ баргардонанд. Онҳо гуфтаанд, ки донистани забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Қирғизистон шарт ва зарур аст. 
– Хушбахтона, як гурӯҳ фидоиён барои амалӣ нашудани чунин иқдом муқовимат нишон медиҳанд. Зеро бидуни тағйири забони таълим пиру барнои тоҷики шаҳраки Ҳайдаркон забони қирғизиро ба хубӣ балад мебошанд. Аз ин лиҳоз барои тағйири забони таълим дар мактаб эҳтиёҷ нест, – мегӯяд яке аз сокинони ин шаҳрак.
Ба гуфтаи мавсуф ҳар сол аксар хатмкунандагони мактаби тоҷикӣ ба муассисаҳои таълими олии Қирғизистон, мисли шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод ва Ботканд дохил мешаванд.  
Ногуфта намонад, ки дар мактабҳои тоҷикии деҳаи Правдаи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ва деҳаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд низ фарзандони мардум дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Ҳудуди даҳ дарсади аҳолии ноҳияи Алобуқа ва як маҳаллаи маркази маъмурии вилояти Ҷалолободро низ мардуми тоҷиктабор ташкил менамоянд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик».

ТОШКАНД – УЧҚӮРҒОН 
– ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: