Маркази маъмурии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд шаҳраки Исфана мебошад.
Он бозори бузурги деҳқонӣ дорад, ки мардум аз рустоҳои атроф сабзаҷоту меваҳои худро он ҷо ба фурӯш мерасонанд ва маводи мавриди ниёзашонро харида ба хона бармегарданд. Дар ин бозор фурӯшандагону харидорони тоҷикро низ зиёд дучор шудан мумкин аст, ки аз деҳаи Андарак мебошанд. Ин деҳаи тоҷикнишин аз маркази ноҳия дар масофаи 18-20 километр воқеъ гаштааст.
Очил Аюбзода, яке аз шоирони шинохтаи Қирғизистон, зодаи ҳамин деҳа мебошад. Вай ҳоло дар қайди ҳаёт нест, аммо муштариёнаш дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз намунаи чакидаҳои хомаи ӯ бохабаранд.
Боре тасмим гирифтам, ки ба ҳузури вай рафта, аз суҳбаташ баҳраманд шавам. Вай аз ин хеле шод гардид.
– Қадамҳотон болои дида! Аз ҳамон шамолаке гардам, ки шуморо ба тарафҳои мо аллондаву парронда овардааст, – гуфт ӯ бо назокати хоси шоирона.
Баъд сари як пиёла чой суҳбати гарм ороста гардид. Ӯ хеле шахси самимӣ ва суҳбаторо низ буд. Гоҳе чеҳрааш гул кардаву ҷиҳатҳои хуби зиндагии мардумашро васф менамуд ва дар идома ягон шеъри худро бо ифтихор қироат мекард, гоҳе аз чеҳрааш хушҳолӣ ғайб мезад ва мегуфт, ки ба деҳаи ӯ аҳли фарҳангу санъату адаб хеле кам ташриф меоваранд.
– Бо вуҷуди баъзе нобасомониҳои давру замон мардумро аз чунин рӯҳафтодагӣ бояд берун кашид, зеро зиндагӣ бо пастиҳову баландиҳои худ гуворост, – меафзуд Очил Аюбзода.
Ӯ солҳои зиёд дар мактаби миёнаи деҳааш омӯзгорӣ кардааст. Фориғултаҳсили омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент мебошад. Баъди баромадан ба нафақа пайваста ба эҷоди шеър машғул гардидааст. Ба гуфтаи ӯ шоир касест, ки тағйироти ҷамъиятро аз дигарон пештар ҳис мекунад ва ҳамеша оинаи рӯзгори мардуми худ мебошад.
– Шояд боваратон наояд, вале маро шароит маҷбур намуд, ки хома ба даст гираму шоир шавам, – гуфт вай.
Маълум шуд, ки тақрибан ду даҳсола муқаддам як гурӯҳ олимону фозилон ва адибони Тоҷикистон ба деҳаи Андарак омадаанд. Дар идомаи суҳбату мулоқотҳо пурсидаанд, ки оё касе ба шеъру шоирӣ рағбат дорад ё на. Ин суоли онҳо бидуни посух мондааст ва аз сукути мизбонон меҳмонон ба ҳайрат омадаанд. Нафаре аз эшон таъна задааст, ки ҳеч гоҳ чунин деҳаи кӯҳистонии бешоирро дучор наомада буд.
– Маҳз ин суханҳои таънаомез маро такон бахшиду ба шеъру шоирӣ рӯй овардам. Пештар каму беш хомаронӣ мекардам, аммо аз даъвои шоирӣ худро канор мекашидам. Баъд ду шеърамро ҳафтавори «Омӯзгор» ба табъ расонд. Соли 1998 маҷмӯаи аввалинам бо номи «Насими Андарак» дар Хуҷанд чоп шуд, – ба ёд овард Очил Аюбзода.
– Пас аз чаҳор сол китоби дуюмам таҳти унвони «Меҳри диёр» мунташир гардид. Соли 2006 маҷмӯаи сеюмам – «Паёми меҳр»-ро нашриёти бунёди забони шаҳраки Ғафурови вилояти Суғд ба чоп расонд. Ҳамин тавр, ман шоир шудам! – қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт Очил Аюбзода.
Маҷмӯаи чоруми ӯ дар шаҳри Бишкек мунташир ёфтааст.
Вай аз дарду доғи миллат хеле зиёд гуфтаасту навиштааст. Дар миёни шеърҳои ӯ тараннуми забони тоҷикӣ, мавқеи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ низ ҷойгоҳи хосеро касб намудаанд ва ӯро ифтихору ғурур бахшидааст. Дарҳақиқат, вай деҳаашро хеле дӯст медошт. Шеъри «Андарак» намунаи беҳтарине аз ашъори ӯст, ки маҳз дар васфи деҳааш иншо намудааст:
Кӯҳҳоят пуштбонам, Андарак,
Чашмаҳоят нӯши ҷонам, Андарак.
Баски ҳастӣ ахтари рӯйи Замин,
Ифтихори ду ҷаҳонам, Андарак.
– Ман боз як маҷмӯаи шеърӣ омода кардаам ва онро ба чоп хоҳам расонд. Инчунин таърихи деҳаамро хоҳам навишт, ки сокинонамон кай аз Ӯротеппа, Ғончӣ, Хуҷанд, Қистакӯз, Исфара, Мастчоҳи кӯҳна ва Панҷакенту Самарқанд муҳоҷир шуда омадаанду Андаракро ташкил кардаанд, – гуфта буд дар ҳамон мулоқотамон Аюбзода.
8 январи соли 2014 риштаи умри Очил Аюбзода канда шуд.
Аюбзода яке аз ҳомиёни забону фарҳанги тоҷикӣ дар Қирғизистон маҳсуб гардида, дар канори устодон Шарифҷони Учқӯрғонӣ ва Сайидазим Пӯлодӣ барои нигаҳдории мактабу маорифи тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додааст.
Андарак соли 1928 аз тобеияти Тоҷикистон ба тобеияти Қирғизистон гузаштааст, вале касе онро тарк накардааст. Мардуми он асосан ба кишоварзӣ ва чорво машғул буда, аз ҳамин ҳисоб, инчунин мардикориву тиҷорат дар Русия ва мамолики дигар зиндагии худро пеш мебаранд. Дар ноҳияи Лайлак Маркази фарҳангии тоҷикон фаъолият мекунад. Раиси он яке аз шахсони забону фарҳангпарвар Назирҷон Тоҳиров мебошад. Ба гуфтаи ӯ аз шашуним ҳазор тоҷикони муқими ноҳия беш аз шаш ҳазорро сокинони Андарак ташкил карда ба суннатҳои миллии худ арҷ мегузоранд ва фарзандонашон дар мактаби Андарак-1, ки таҳсил фақат ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва мактаби миёнаи Андарак-2, ки тоҷикӣ-қирғизист, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аксари омӯзгорон мактабҳои олии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Аммо аз кандашавии робитаҳои миёни ду кишвар ва баста будани марз аксари хатмкунандагони ду мактаби деҳ дар донишгоҳҳои Бишкек, Ботканд ва Ӯш таҳсил мекунанд.
– Умедворем, ки робитаҳои Қирғизистону Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд меоваранд ва ҷавононамон метавонанд ба Хуҷанду Душанбе рафта, дар макотиби олии он таҳсил хоҳанд кард, – мегӯяд Назирҷон Тоҳиров.
Сулолаи варзишгарони тоҷик
Дар шаҳри Ҷалолобод маҳаллае мавҷуд аст, ки як қисми сокинони онро тоҷикон ташкил мекунанд. Ба гуфтаи раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Ҷалолобод Баҳромҷон Марасулов сокинони ин маҳалла охири солҳои сиюми қарни гузашта аз ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд.
– Бештар аз 80 хонаводаи маҳаллаамон аз шумори ҳамон муҳоҷирони аштӣ буда, ҳама дар хона ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Ба далели набудани мактаб ба забони тоҷикӣ аксари фарзандони мардум дар мактаби русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, як теъдоди он дар мактаби ӯзбекӣ мехонанд, – мегӯяд Б.Марасулов.
Дар шаҳру рустоҳои вилояти Ҷалолобод бештар аз севуним ҳазор тоҷикон ба сар мебаранд. Аксарияти онҳо дар шаҳри Алобуқа ва деҳаҳои Маданият (онро Қӯрғонча ҳам мегӯянд), Подак ва Баймоқи он сукунат ихтиёр кардаанд.
Дар вилояти Ҷалолобод хонаводаи Марасуловҳоро аз ҷумлаи сулолаи варзишгарон ном мебаранд. Зеро чанд узви ин хонавода дар мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ ширкат кардаанд ва парчами кишвари худро баланд афрохтаанд. Аз бузургсолони ин хонавода Баҳромҷон дар ҷавонӣ ба бокс машғул шудааст ва то мақоми Устоди варзиши байналхалқӣ ва Довари сатҳи байналхалқӣ расидааст.
Муродҷон бо бародари миёнааш – Мухторҷон аз рӯи гӯштии тарзи озод устоди варзиш мебошанд. Як қатор фарзандону наберагони Баҳромҷон – Муродҷон ва Мухторҷон Марасулов аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
– Додарзодаам – Тоҳирҷон аз рӯи тайбокс унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст. Ғайр аз ин, дар мусобиқаҳои зиёди Осиё иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Додарзодаи дувумам – Зоҳир аз рӯи тарзи намуди кикбоксинг як карат қаҳрамони ҷаҳон ва як карат қаҳрамони Осиё шудааст. Ӯ соҳиби унвони «Мураббии хидматнишондодаи Қирғизистон» ва Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ мебошад, – иброз медорад Баҳромҷон Марасулов.
Вай изофа намуд, ки Зоҳир дар мусобиқае барои қаҳрамони шаҳри Маскав сазовори ҷойи аввал шудааст. Ҳоло писари ӯ – Умар дар байни наврасон аз рӯи варзиши ҷиу-ҷитсу ё гуштии тарзи бразилӣ қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон мебошад. Навраси дигари ин сулола – Холид ба гӯштии тарзи кураш шавқу рағбати зиёд дорад. Вай низ борҳо ба майдон баромада, ҷоизаҳои мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба даст овардааст.
Суҳбатро бо Баҳромҷон Марасулов дар мавзӯи таълиму тадрис давом додем ва пурсидем, ки оё барои кушодани синфи тоҷикӣ дар мактабашон имкон мавҷуд аст ё на.
– Ҳақиқати ҳолро бароятон мегӯям. Мо, тоҷикон дар шаҳри Ҷалолобод теъдоди ками аҳолиро ташкил мекунем. Аз сӯи дигар, дар байни ҷавонони соҳиби маълумоти олӣ нафареро пайдо кардан душвор аст, ки ба забони фасеҳи тоҷикӣ дар мактаб дарс дода тавонад. Мо бо дарки маънӣ барои кушодани синфи тоҷикӣ иқдоме ба харҷ надодаем. Аксарият забони тоҷикиро фақат аз бобову бибӣ ва падару модар омӯхтаанд ва фақат он ба забони хонаводагӣ табдил ёфтааст, – мегӯяд Б. Марасулов.
Ба таъкиди ӯ забони онҳо баъди ду-се даҳсола шояд аз байн равад, чунки ҷавонон дар хона ба забони тоҷикӣ, аммо берун аз он асосан ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ суҳбат мекунанд. Вай боз исрор меварзад, ки фарзандон, набераҳо ва аберагон забони ноби форсӣ ва урфу одатҳои миллиашонро нигоҳ доранд, вале барои ин шароит бояд мусоидат намояд.
Дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй низ як гурӯҳи тоҷикон ба сар мебаранд. Аксари онҳо замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд. Дар деҳаи «Правда»-и ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар вилояти Ӯш, ҳудуди 150 хонаводаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Дар мактаби ин деҳа таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ сурат мегирад.
Равшанбек Собиров ба ҳайси соҳибкори варзида низ дар ин кишвари ҳамсоя шинохта шудааст. Вай ба эҳтиёҷмандони зиёд кумакҳои молӣ расонидааст. Ҳангоми боришоти шадид ва селу обхезӣ дар деҳаи Андарак вай ба мардуми осебдида ба ивази даҳҳо ҳазор соми қирғизӣ кумакҳои амалӣ расондааст.
Гузашта аз ин, маҳз бо кумаки бевоситаи молии ӯ моҳномаи «Паёми Ала-Тоо» – нашрияи Созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи Устод Рӯдакӣ солҳои дароз мунташир гардида, роҷеъ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикони ин кишвар мавод ба табъ мерасонад.
– Ман аз рушди робитаҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст – Қирғизистон ва Ӯзбекистон хеле шоду сарфарозам. Президентони ҳарду мамлакат – муҳтарам Садир Ҷапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои боз ҳам тавсеа ёфтани ҳамкориҳо заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Ин ҳамкориҳо ба манфиати мардуми ду кишвар хидмат хоҳанд кард, – мегӯяд Равшанбек Собиров.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
ТОШКАНД – БОТКАНД
–ҶАЛОЛОБОД – ТОШКАНД.