ҚИРҒИЗИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН БИНОБАР ТАМОМИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ, КИ ТӮЛИ СОЛҲОИ ДАРОЗ ДАР БАЙНИ КИШВАРҲО ҲАЛЛУ ФАСЛ НАМЕШУДАНД, БА МУВОФИҚА РАСИДАНД

Дар ҷомеаи коршиносиву таҳлилии Қирғизистон натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Қирғизистон ҳамаҷониба тавзеҳ дода мешаванд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қирғизистон Алмазбек Актамалиев:
– Бо супориши Президент Шавкат Мирзиёев ободсозии деҳкадаи «Манас» дар Ӯзбекистон, ки қисмати зиёди аҳолиаш қирғизҳо мебошанд, бори дигар сиёсати рӯшод ва ошкорои Ӯзбекистонро бобати таҳкими муносибатҳои бародаронаи  некҳамсоягии байни кишварҳои мо намоиш дод. 
Ҳамчунин барои ҳар ду мамлакат сафари Президенти мо Садир Ҷапаров ба Ӯзбекистон, ки соли 2021-ум ба вуқӯъ пайваст, пурмуҳтаво ва сермаҳсул буд.
Як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим дар самтҳои гуногун – аз энергетика то таълим ба имзо расиданд, ки шаҳодати қатъиян аз сухан ба амал гузаштан мебошанд. Инак дар муҳлати хеле кӯтоҳ Президенти Ӯзбекистон ҳам бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон омад. Фикр мекунам, ин сафар барои шарикии стратегӣ ва дӯстӣ дар рӯҳи бародарӣ ҳамчун пойдевори мустаҳкам хидмат мекунад, ба таҳкими муносибатҳои тарафайни кишварҳои Осиёи Марказӣ такон мебахшад. 
Дар сиёсат ғайр аз муоҳидаҳо ва ба имзо расидани ҳуҷҷатҳову шартномаҳо, самтҳои амалиёти қатъӣ, мушаххас ва мувофиқи мақсад низ нақши бузург мебозанд. Ба шарофати саъю кӯшиши президентҳои мо алҳол Қирғизистон ва Ӯзбекистон тавонистанд бинобар масъалаи аз ҳама муҳими байни кишварҳои мо – сарҳади давлатӣ ба мувофиқа расанд. Ҳамчунин муоҳида бобати лоиҳаи сохтмони муштараки НБО «Қамбар-Ота-1» аҳамияти зиёд дорад. 
Ҳамин тариқ, ҳоло Қирғизистон ва Ӯзбекистон нисбати тамоми масъалаҳои мураккабтарине, ки тӯли солҳои дароз дар байни мамлакатҳо ҳаллу фасл намешуданд, ба муоҳида расиданд. Муътақидам, ки ҷонибҳо зуд ба амалан татбиқ намудани тамоми муоҳидаҳои имзошуда оғоз мекунанд. Инро кайфияти қатъиву дӯстонаи сарони ҳар ду давлат собит менамояд.
Сиёсатшиноси Қирғизистон Марс САРИЕВ:
– Сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон, бидуни муболиға, воқеаи муҳимтарин гардид. Осиёи Марказӣ бар хилофи таъкиду кӯшиши баъзе қувваҳои берунӣ, ки мехостанд кишварҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, ба минтақаи ягона табдил меёбад. Сарони Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар алоқаи комил бо ҳамкори қазоқистонии худ соҳати умумиро, ки он барои халқҳои мо хубу бехатар хоҳад буд, таъкид менамоянд. Ин кор идома дорад ва пешравиаш назаррас аст. 
Бигирем, муоҳида дар бораи сохтмони НБО «Қамбарота-1»-ро. Равшан аст, ки роҳбарони мамлакатҳо мушкилоти энергетикиро муштаракона ҳаллу фасл мекунанд. Дар силсилаи пурқуввати Неругоҳи Тӯхтагул мо бинобар иқтидор дар мавриди ҳифз намудани ҳаҷми бузурги об, ки барои таъмин сохтани  кишварҳоямон дар мавсими обёрӣ заруранд, имконияти дучанд хоҳем дошт. Ин гуна ҷараёнҳои қаробат давлатҳои моро мустаҳкам мекунанд. 
Сафар ба масъалаҳои тақсимоти сарҳадии байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон нуқта гузошт. Ҳамаи мо кӯшиши нируҳои беруниро, ки мехостанд дар байни халқҳоямон низоъ ангезанд, шартномаҳоро вайрон ва муоҳидаҳои тайёршударо халалдор намоянд, мушоҳида мекардем. Вале Садир Ҷапаров ва Шавкат Мирзиёев хирадмандӣ, сабру тоқат ва қатъият зоҳир намуданд, нагузоштанд, ки дар муносибатҳои байнидавлатӣ дарз равад. Маҷмӯи бузурги шартномаҳои иқтисодӣ ва қарордодҳоеро, ки дар Бишкек ба имзо расиданд, мехостам махсус таъкид намоям. Изҳор шуд, ки мубодилаи мол дар байни мамлакатҳо то ба 2 миллиард доллар расонида мешавад. 
Мо дар оғози рушд ва таҳкими муносибатҳои байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон қарор дорем, ки барои боло бурдани он саъю кӯшиш карда мешавад. Мо ин тағйироти ҷиддиро муштаракона мушоҳида менамоем. Сохтмони корхонаи автомобилбарорӣ дар шимоли ҷумҳурии мо, кушодани фабрика оид ба коркарди пахта ва истеҳсоли нуриҳо дар минтақаҳои ҷанубӣ аз ин дарак медиҳанд. Сарони мамлакатҳо муваффақ шуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ бинобар муносибатҳоямон  ба пешрафти азим мушарраф гарданд. 
Ба ин боз бояд он чизро илова кард, дар Бишкек аллакай идорае, ки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистонро бо баромадан ба бандари Халиҷи форс ва баъдан ба кишварҳои Аврупо пешбинӣ менамояд, ба кор сар кард. 
Умуман мо ташаккулёбии бунёдеро, ки дар он муносибатҳои мустаҳками иттифоқӣ гузошта шуда, минтақаро ба пешрафти иқтисодӣ, аз ҳама муҳимаш, ба эътидол мерасонанд, мушоҳида мекунем.
Сиёсатшиноси қирғиз Шерадил БАКТИГУЛОВ:
– Пеш аз ҳама мехостам зикр намоям, ки аз замони Президенти Ӯзбекистон  интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ин аллакай сафари дуюми давлатии ӯ ба Қирғизистон аст. Соли гузашта роҳбари давлати мо Садир Ҷапаров ба Тошканд ташриф фармуда буд. Солҳои дароз ин иқдом мушоҳида намешуд, он дараҷа ва мустақимии қарордодҳоеро нишон медиҳад, ки солҳои охир ба миён омаданд.
Дар доираи сафари кунунӣ ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои муҳим ва шартномаҳои ҷолиб нишон медиҳанд, ки дар оянда кори муштарак ва шарикии стратегӣ ҷиддан беҳтар хоҳад шуд. Таҳкими робитаҳо ва эътимод ҷиҳати муҳим аст, Садир Ҷапаров ва Шавкат Мирзиёев собит намуданд, ки некҳамсоягӣ ин сухани хушку холӣ нест, барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ имкониятҳои бузург фароҳам оварда шудаанд.
Мулоқоти байни Бишкек ва Тошканд дар сатҳи баландтарин инкишоф меёбанд. Бинобар маҷмӯи муоҳида ва қарордодҳои ба имзорасида сафари давлатии роҳбари  Ӯзбекистон ба Қирғизистонро бидуни муболиға, метавон ташрифи таърихӣ номид.

АИ «Дунё».          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: