ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ БАРОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ОБСАРФАКУНӢ

Дар вилояти Фарғона барои технологияи обёрикунии обсарфакунӣ қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар вилояти Фарғона барои технологияи обёрикунии обсарфакунӣ қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол карда мешавад. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Palma invest plast» дар ин самт лоиҳаи пешомаднокро ба кор даровард.

Дар соҳаи нав беш аз 4 тонна қубурҳои полиэтилении диаметрашон аз 16 то 400 мм ва лентаҳои қатрагӣ истеҳсол карда мешаванд. Ба  корхонаи мазкур дар ҳаҷми 360 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шуда, аз ҳисоби ин  таҷҳизоти замонавии истеҳсолӣ харида, 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.
— Талабот ба маҳсулоти мо рӯз аз рӯз меафзояд, — мегӯяд менеҷери тиҷорат Нодирбек Нишонов. — Мо маҳсулотро бо назардошти талаботи ҳар як хоҷагии фермерӣ ва деҳқонӣ истеҳсол мекунем, дар ҷойгиркунии технология дар майдонҳои кишт ва ба роҳ мондани он кӯмак мерасонем.
Дар он айёме, ки мушкилии об рӯз аз рӯз  торафт муҳим мегардад, обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки на танҳо он сарфа карда, таркиби майдонҳои кишт  беҳтар гардад, балки бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба самаранокии иқтисодӣ ноил гардад. Дар ҳоли ҳозир соҳибкорон барои маҳаллисозии истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии технологияҳои сарфакунандаи об 1 миллиарду 200 миллион сӯм ҷудо карданд.
То ба имрӯз қисми бештари ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётии технологияи обёрии қатрагӣ ворид карда мешуданд. Барои ин вақти зиёд рафта, маблағ беҳуда сарф мешуд. Соҳаи нави истеҳсолӣ дар ин раванд хараҷу мараҷро аз байн бурда,  имкони ба 15 фоиз кам кардани арзиши аслии маҳсулот, созмон додани садҳо ҷойҳои нави кориро фароҳам овард.
— Корҳо оиди дар соли 2021 ҷорӣ намудани технологияҳои обёрии қатрагӣ ва боронӣ дар 30 200 гектар майдони вилоят оғоз ёфтанд,  — мегӯяд сардори идораи ҳавзаҳои шабакаҳои обёрикунии  «Сирдарё-Сух» Алламҷон Фозилов. — Ба ин мақсадҳо ба маблағи 400 миллиард сӯм сармоя ҷалб карда мешавад.  Қаблан барои обёрӣ намудани майдонҳои кишт чор соат лозим буд. Ин ба ғайр аз ифроткорӣ  ва хароҷоти зиёдатӣ ба бад шудани ҳолати мелиоративии майдонҳои кишт оварда, ба ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад. Технологияҳои нави сарфакунандаи об имкон медиҳанд, ки истеъмоли об ва қувваи барқ то 50 фоиз сарфа карда шавад.
Дар вилоят 360 гектар замини обёришаванда мавҷуд мебошад. Барои обёрии зироати кишоварзӣ дар мавсими кишт беш аз 3,7 миллиард метри мукааб об тақозо мегардад. Истифодаи технологияи обёрии қатрагӣ масрафи обро то 50 дарсад коҳиш медиҳад.

М. СУЛАЙМОНОВ, 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: