ҚИССА

Ман аз деҳаи дурдастам, барои хондан ба шаҳр омадам.

Ман аз деҳаи дурдастам, барои хондан ба шаҳр омадам. Аммо барои камсаводиям ба ягон мактаби олӣ дохил шуда натавонистам. Дар ҷустуҷӯи кор шудам. Оқибат ба сифати хаткаш маро ба кор гирифтанд. Се-чор сол хаткашӣ кардам ва ҳар шаб дар орзуи кори хуб ва маоши бештар будам. Фикрҳои бениҳоят хуб зиёд ба сарам меомаданду ягонтои онон амалӣ намешуданд. Умрам аз синни 27 ҳам гузашту то кунун на ҷойи кор, на хонаю дар, на дониши хуб, на ҳунар, на маълумоти олӣ, на зану бача дорам. Ин ҳама маро хеле нигарон кард. Ба гумонам шаклу шамоилам он қадар бад нест, баъзан духтарон ба ман чашм медӯзанд. Фикри зангирӣ маро беқарор кард. Дар куҷое хонда будам, ки «мардро мард  мекардагӣ ҳам зан, зан мекардагӣ ҳам зан» ва умед кардам, ки шояд ба василаи зангирӣ ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ пайдо кунам. 
Ба кофтани зани муносиб дар байни духтарони шаҳр шурӯъ кардам. Ҳар як духтарро аз сар то по, бо рафтору кирдораш бо диққат меомӯхтам ва месанҷидам... Ягон духтари муносибро барои худ наёфтам — яке бениҳоят қадбаланд, дигаре қадпаст, яке бениҳоят фарбеҳ, дигар хароб, яке бениҳоят сергап, дигаре камгап, яке бениҳоят дарозпо, дигаре покӯтоҳ. Хулоса дар духтарони шаҳр ҳазорон камбудӣ пайдо кардам ва қариб аз зангирӣ ноумед шудам.  
Рӯзе ба як ошхонаи парҳезӣ даромада, котлету киселро гирифта, ба сари миз нишастам. Тасодуфан, духтаре ҳам котлету киселро гирифта дар паҳлӯям ҷой гирифт, агарчӣ мизҳои дигар ҳама холӣ буданд. Ҳардуямон хомӯшона, ба якдигар эътибор надода, ба хӯрдани котлет сар кардем. Яке ба духтар нигоҳ кардаму худ ба худ гуфтам: шояд Худо ҳамин духтарро бароям фиристода бошад. Ба омӯхтани духтар сар кардам. Тарзи чангакгирӣ, ба даҳон бурдан ва хоидани котлет, ранги мӯй ва чашмонаш, дарозии мижгонҳояш, ҳаҷми даҳон ва дандонҳояш, хулоса тамоми қисматҳои рӯяш барои ман форам буданд. Дар як назар мафтуни ин духтар шудам.
Дар ҷустуҷӯйи сухани аввал бо ӯ шуда, хостам номи ӯро бипурсам, аммо ҷуръат накардам, иродаам сустӣ кард. Бори дигар ба хулоса омадам, ки ин духтар мувофиқи табъи ман аст. Ногаҳон назарам ба гӯшҳояш, ки бе гӯшвор буданд, афтид. Гӯшҳояш бениҳоят кӯчак ва ба тарҳи рӯяш мувофиқ намеомаданд. Дар фикр афтодам, ки чунин гӯшҳои кӯчак аломати чӣ бошанд. Аз касе шунида будам, ки мӯйҳои дароз аломати камақлӣ, лабони тунук аломати бадҷаҳлӣ, пешонии васеъ — боақлӣ, дандонҳои майда — фиребгарӣ, абрӯвони пайваста — бесабрӣ, бинии калон — мутеъӣ ва ғайра. Ман аз гӯшҳои бениҳоят кӯчаки ӯ ба тарс омадам ва шаҳодати кадом хислати одамӣ бошанд, надонистам. Ман ба фикр фурӯ рафтам ва дигар бо ӯ роҳи гапзаниро наҷустам. Духтар хӯрдани котлетро тамом карда, аз ҷо хеста, ба ман нармона, бомазмун нигоҳ карда, рафт. Ман аз қафои ӯ нигоҳ кардаму чизеро гуфтан натавонистам.
Ҳафтае нагузашту як шиноси наздикам маро ба тӯйи арӯсӣ даъват кард. Ман ҳамон духтарро дар либоси сафеди арӯсӣ шинохтам. Чанд бор кӯшиш кардам, ки ба ӯ наздик шавам ва бигӯям: ман шуморо мешиносам, вале ӯ ба тарафи ман нигоҳе накард. Дар пеши чашмонам танҳо гӯшҳои кӯчаки ӯ милт-милт мекарданд.

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: