ҚИССАИ ХАЙРМАМАД

Аввали баҳори соли 2005 буд.

Аввали баҳори соли 2005 буд. Ман дар шаҳри Мазори Шариф, ки дар қисмати шимолии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷойгир аст, дипломат – корманди консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон будам. Қариб шаш моҳ боз Хайрмамадро мешинохтам. Вай бо консули мо дӯстӣ дошту ҳафтае се-чор маротиба ба консулгарӣ меомад. Ӯ аз миллати паштун буд ва тахминан чил-чилу панҷ сол дошт. Ба гуфтаи ӯ, падараш вайро барвақт хонадор карда буд ва аз шонздаҳ фарзанди таваллудкардаи хонумаш ёздаҳтояшон он замон дар қайди ҳаёт буданд. Аз рӯзи аввали шиносоӣ дидам, ки либоси оддӣ мепӯшид, камгап буд ва фақиру нодор ба чашм мерасид, баъдтар фаҳмидам, ки чор мошини калони боркашӣ дорад, ки дар дохили Афғонистон ва гоҳо берун аз он фаъолият доштанд. Ӯ дар Мазори Шариф зиндагии осуда ба сар мебурд. Ману Хайрмамад ғайри пурсупоси оддӣ, муносибати дигаре надоштем. Аз рӯзи аввали шиносоӣ, намедонам аз чӣ сабаб вай ба ман маъқул набуд.
Консули мо ба рухсатии навбатӣ баромада, ба ватан баргашт. Ман танҳо мондам ва корҳои раҳбарро низ ба дӯши худ гирифтам. Дар ин муддат Хайрмамад ду-се бор ба консулгарӣ омад. Баъд чанд рӯз нопайдо шуду як бегоҳӣ наздам даромад. Дидам, ки бисёр парешону хаста ба назар мерасид, пурсидам, ки чаро чанд муддат камнамо буду дар ин ҳол аст. Ӯ бо андӯҳу парешонӣ ҷавоб дод, ки чор сол пеш ҳавличаи хурди ҳамсояашро харида буд, ки он се ҳуҷраи хурд дошта, масоҳаташ тахминан сесад метри мураббаъ аст. Аз ҳамон вақт сар карда, дар он ҳавлича чор малангро (маланг – бесару по, хонабардӯш; Камхирад, беақлу бетадбир; бомж.) нигоҳубин мекард, ки аз кӯчаҳои Мазори Шариф ҷамъ карда буд. Онҳо бо синну сол ба якдигар наздик ва монанди қисми зиёди малангони шаҳр носолим буданд, ақли расо надоштанд, худро намешинохтанд, чизе, ки пайдо мекарданд, мехӯрданду ба ҳар тарз рӯзу шабро паси сар мекарданд. Онҳо гузаштаашонро умуман намедонистанд, дар ғами оянда ҳам набуданд, аммо хурсандиовар он буд, ки дар як муддати кӯтоҳе ба якдигар бисёр унс гирифтанд. Рӯзона ба шаҳр баромада, бо ихтиёри худашон сайру гашт мекарданд ва бегоҳӣ ба ҳавлича пас мегаштанд. Бо мақсади нигаҳбонии ин бечорагон Хайрмамад мардикоре низ гирифта буд, ки хонаю ҳавличаро рӯбучин мекард, барои малангон хӯрок тайёр менамуд, либосҳояшонро мешуст ва ҳафтае як маротиба, баъзан иҷборан оббозӣ дошта, либосҳояшонро табдил медод, гоҳо онҳоро сайр мекунонид, гоҳо аз кӯчаҳои шаҳр ба хона меовард, умуман, хидмати ин хонабардӯшонро адо мекард. 
Хайрмамад суҳбатро давом дода, қайд намуд, ки даҳ-дувоздаҳ рӯз пеш яке аз чор маланг бо номи Яҳё, ки тахминан чилу панҷ-панҷоҳсола буд, мариз шуд. Дар яке аз рӯзҳои беморӣ Яҳё, ки дар «доноӣ» аз дигар малангон фарқе надошт, якбора тағйир ёфта, чун одамони солимақл васият кард, ки агар тарки дунё намояд, ӯро дар дашти Лайлӣ (дар шимолу шарқи вилояти Балх ҷойгир аст) гӯронанд. Ӯ бо чашмони пурашк ва бо як ҳаяҷони ғайриоддӣ боз илова намуд, ки дашти Лайлӣ хушҳавост, он ҷо шамоли нарму фораме доимо дар вазиш аст. Ӯ мехоҳад қабраш дар ҳамон дашт, дар баландие бошад, то ки дур аз дигарон ором хобаду аз ҳавою шамоли хушу нарми дашт баҳра барад. Хайрмамад дар ҳайрат буд, ки Яҳё дашти Лайлӣ ва боду ҳавои онро аз куҷо медонад ва дар пеши ҳама малангон ваъда дод, ки хоҳиши аввалину охирини Яҳёро иҷро хоҳад кард.
Ба кӯмаки докторҳои хуби шаҳр нигоҳ накарда, аҳволи вай рӯз аз рӯз бадтар мешуд ва баъди ҳафт рӯзи бетобӣ аз дунё чашм пӯшид.
Хеле тааҷҷубовар буд, ки дар давоми ин ҳафт рӯзи касалии Яҳё, малангон монанди пешина ҳавлиро рӯзона тарк накарданд. Онҳо ҳамеша дар атрофи бемор буданд ва худро баъзан чун одамони боақл меҳрубони якдигар нишон медоданд. 
Хайрмамад ҳамроҳи малангон ҷанозаи Яҳёро ба дашти Лайлӣ, ки аз Мазори Шариф дар масофаи тахминан 150 километр дуртар ҷойгир аст, бурда, ҷойи баланду хушҳавоеро интихоб намуд ва ба хок супурд. Дар атроф дар масофаи понздаҳ-бист километр ягон ободие дида намешуд. Он рӯз ҳам монанди дигар рӯзҳо дар дашт шамоли нарму фораме мевазид. 
Баъд ҳама ба Мазори Шариф пас гаштанд. Яҳё дар дашт танҳо монд. Яҳёи бекасу кӯй тарки дунё намуду боз танҳоиро ихтиёр кард. Шояд қабри ӯро касе зиёрат накунад. Дар ҳақиқат, ғайри Хайрмамад касе умуман ӯро ёд нахоҳад кард. Чаро вай ба дунё омад ва чаро гузашт, Парвардигор медонад. 
Ба гуфтаи Хайрмамад, баъди як рӯзи ин воқеа, ҳар се маланг чун пешина субҳ ба шаҳр баромаданд, аммо бегоҳӣ ба хона барнагаштанд. Кофтукови чоррӯза манфиате набахшид. Онҳоро дар ягон ҷойи вилояти Балх пайдо накарданд. Хайрмамад аз ҳамин сабаб чанд рӯз нопадид буд. Марги Яҳё ва гум шудани дигар малангон ӯро хеле хаставу ғамгин карда буданд, бо вуҷуди ин ноумед нагашта мехост ҷустуҷӯро давом диҳад.  
Фикру андешаи ман нисбати Хайрмамад баъди ин воқеа якбора тағйир ёфт. Ман ба дили васею инсондӯсти ин марди ҳақ аҳсант мегуфтам. Рафтори ҷавонмардона, хайру эҳсони бериёяш маро дар ҳайрат гузоштанд. Эҳтиромам нисбат ба вай бениҳоят афзуд. Донистам, ки Хайрмамади бисёр камгап ва хоксору оддӣ, ки ман то имрӯз бе ягон сабаб дӯст намедоштам, аслан аз намунаҳои олии бани Одам будааст. 
Бо шунидани ин қисса об дар чашмонам ҳалқа зад ва беихтиёр аз ҳастии худ изҳори шукрона карда, аз Парвардигори олам илтиҷо намудам: Эй Холиқи якто! Дар қатори дигар бандагони дӯст-доштаат ба ман ҳам қудрате ато кун, то ки чун Хайрмамад ва дигар мардони Худо тавонам, ки  ба одамони муҳтоҷу нотавон кӯмак кунам ва дороии худро дар роҳи ризоят харҷ намоям! Омин! Ё раббил оламин!
 
Наҷмиддин РАШИДОВ, 
нафақахӯри ҳарбӣ,
шаҳри Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: