ҚИССАИ ШИР ВА МАРДИ ҲАРИС

Аз кӯчаву паскӯчаҳо овози марде шунида мешуд, ки мураттаб мегуфт: «Шир ба шир, об ба об!». Бисёриҳо бо тааҷҷуб, чандин кас бо тамасхур ва одамоне низ бо тараҳҳум ба ӯ нигоҳ мекарданд.

Аз кӯчаву паскӯчаҳо овози марде шунида мешуд, ки мураттаб мегуфт: «Шир ба шир, об ба об!». Бисёриҳо бо тааҷҷуб, чандин кас бо тамасхур ва одамоне низ бо тараҳҳум ба ӯ нигоҳ мекарданд. Чандин раҳгузар аз рӯйи раҳму шафқат сиккае дар ҷайби он мард меандохтанд... 
Ба гумонам, ин қиссаро аз касе шунидаам ё дар куҷое хондаам, дар ёдам нест. Ба ҳар ҳол қиссаи аҷибест, онро мехоҳам бо суханҳои худам бозгӯй кунам ва аз муаллифи аслиаш, ки ин мазмунро офарида, бахшиш мехоҳам... 
Як замон, дар як макон, андаруни як деҳаи кӯҳистон марде зиндагӣ мекард ба исми Қосим. Ӯ ҳамсаре сар ба зеру мутеъ ва чор фарзанди дӯстрӯяк  дошт. Дар як кулбаи фақирона ҳаёти осуда ба сар мебурданд. Даромади оилаашон аз паси  як сар гови ало буд. Кадбону медӯшид, Қосим  кӯча ба кӯча давр зада, шири говро мефурӯхт. Ҷонвари хона, бе муболиға, ганҷи бебаҳое буд барои оилаи тиҳидасти Қосим, шири бисёр медод.
Рӯзе Қосим зарфи калони ширро бардошта аз хона баромад. Азбаски дар берун борони сахт меборид, зарфи ӯ бо оби борон саршор шуд. Бо ин ҳол Қосим ба қафо нагашт ва сатили ширро бардошта рафтан гирифт. Дар ҳамин вақт аз ҷониби осмон, аз миёни абрҳои сиёҳи дидагирён пири сӯфинамое падид омад ва аз пешорӯйи Қосим садо дод:
– Ҳой Қосим, ба хонаат баргард, ширатро бипазу аз он пас ба мардум фурӯш!
Марди гапношунав ба ҳарфи ӯ эътибор надод. Чун медид сатили нимааш пур аз шир аст, ҳирси пул гӯшҳояшро кар кард. Дарвоқеъ, он рӯз ӯ шири худро бо пули бисёр фурӯхт... 
Аз он пас Қосим ба андеша рафт: «Агар ба шир об ҳамроҳ карда фурӯшам, даромад дучанд мешавад».  Бо ин васваса корашро идома дод. Ҳамин тавр, Қосим бо ин шуғл пули бисёр ҷамъ кард, хонаю ҳавлию ҳотае обод кард шинаму дилкаш. Говҳояшро аз як сару ду сар ба даҳто расонид. Ба зери по худраверо низ харид. Бар замми шир, ҳар пагоҳ ширу ҷурғоту равғану қурутҳои ҷамъкардаи бачаҳоро ҳам ба сандуқи пушт андохта ба фурӯш баровард. 
Ба ин минвол Қосим бо роҳи каҷ пули бисёр ёфта, соҳиби зиндагии бошукӯҳ ва ҳаёти фаровон гардид. Гоҳ-гоҳе бо хушҳолӣ ва ғурур шикамашро молида, зери лаб мегуфт: «Оҳ Қосим, бубин, чӣ пулдоре шудӣ, ҳама корчаллонҳо дар ақиб монданд, дар сояи пулат ғарқ шуданд!». Дигар, кӯча ба кӯча гаштанро барои худ раво надид. Барои фурӯши ширу масолеҳи ширӣ дар чанд ҷо дӯкони худро кушод. Аз сарватмандӣ дар худ болида, дар хона монд, муштариҳо ба дараш омада масолеҳро мехариданд. Чун фурӯшандаҳои хурд касод мешуданд, ба масолеҳи арзонтари ӯ сафи харидорон дарозтар мегардид. Вале... Ин беинсофии Қосим аз диди осмони фалак, аз назари пири сӯфинамои олами ғайб дар канор намонд.
Рӯзе чанд даббаи бузурги шири ба об омехта, ҷурғоту панирҳои камравғану қурутҳои чун санг сахти худро дар зарфу сабадҳо ба муштариёнаш тақсим кард ва гӯё бо виҷдон кори бузурге анҷом дод, барои рафъи хастагӣ ва фароғат ба дараи хушбоду ҳавои болокӯҳӣ роҳ пеш гирифт. Ӯ аз деҳа баромаду дар қафо абрҳои сиёҳу гулдурроси беохири раъду барқ осмонро фаро гирифтанд ва фурсати зиёде нагузашта борони пуршиддате ба боридан сар кард.
Борони бисёр аз сар то буни деҳаро зер кард ва сели калон омад. Мардум бо ҳаросу ҳаёҳу лоилоҷ хонаҳои худро тарк намуда, бачаҳои худ ва ҳар қадар метавонистанд, молу манолашонро гирифта ба доманаҳои кӯҳӣ фирор карданд. Аз ин офати табиат оилаи Қосим хеле дер хабардор шуд. Ҳамсари ӯ вақте ки аз қасри худ берун омад, аллакай ҳама ҷо ғарқи сели даҳшатзо буд. Ӯ бо шитоб ба хона баргашта аввал ду бачаи бузургашро дар бағал гирифт ва ба тарафи харсанги бузурги пушти хонаашон, ки дар теппагие қарор дошт, давид. Аз навдаҳои ҷавоназадаи танаи бодоми сарбурида, ки решааш дар дили шах буд, дошта, фарзандонро дар фарози харсанг гузошт.  Дубора ба самти хона тохт ва як лаҳза дар назди ҳавлӣ ҳайрон монд: намедонист ба тарафи оғил давида говҳояшро аз шохбанд ҷудо кунад ё аз пайи писарони хурдиаш ба хона дарояд. Албатта, дар ин гуна лаҳзаҳо дили модар фақат ба хотири фарзанд мезанад. Бо ҳамин меҳри бепоёни модарӣ шитобон ба тарафи хона по бардошт. Вале, ҳазор афсӯс, ки модари бечора ба мурод нарасид. Ҳамон даме, ки писарони хурдиро дар бағал гирифта ба берун мебаромад, мавҷҳои пурболи сели нажанд аз дару тирезаҳо боло омад ва ӯро ҳамроҳ бо бачаҳояш ба коми худ фурӯ бурд.
Одатан  абрҳои сиёҳ, ки боронҳои шадидро меоваранд, ҳар қадар тез бирезанд ҳамон қадар тез басанда мешаванд...
Қосим пас аз кайфу сафо, шомгоҳон ба деҳа баргашт. Ба деҳа  омаду манзилу макони одамонро нашинохт. Ҷилави худравро ба самти хонаи бошукӯҳи худ, ки ҳамеша бо он фахр дошт, гардонд. Ба чашмонаш бовар накард: рӯ ба рӯяш ба ҷуз чанд шиферу оҳанпораҳои тикаву парешон ва деворҳои фурӯрафтаю валангор чизи дигареро надид. Бо ҷаҳл гози мошинро фишор дод. Вале худрав низ зиёд роҳ нарафта дар миёни тӯдаҳои гили роҳ дармонд. Аз фиғони нобаҳангоми мошин асабонӣ шуд,  бо зарб дарро кушоду худро ба берун зад ва ҷонҳавл ба самти хонаи вайронааш давид... 
Қосим то назди хонааш омаду дуд аз димоғаш баромад. Ду даст ба осмон бардошта, аз решаҳои дил фиғон сар дод. Дар ҳамин дами нолаю шеван дар осмони аз абрҳои сиёҳ озодшуда сурату симои пири сӯфинамо падид омад. Ӯ бо даст риши дарози сап-сафеди худро дошта андешаманд ба сӯйи Қосим дида медӯхт. Аз нигоҳҳои ғамангезу фурӯрафтаи ӯ низ маъюсиаш ҳувайдо буд, ки ба ҳоли ин марди бевиҷдон дилаш месӯхт. Қосим садоеро аз ҷониби пири осмонӣ шунид: «Эй марди ҳарису озманд! Бубин, бо тамаъкорӣ ва ғурури худ чӣ балое ба сарат овардӣ... Тинату амали наҳси ту ба бачаҳоят зад, худро бадбахт кардӣ!».
Қосими чун ҳайкал шахшуда бо мушкилӣ сари ду зону нишаст. Наметавонист ҳарфе ба забон биёварад, вале аз чашмонаш беист ашк ҷорӣ мешуд, ашки сӯзону хунин. Базӯр ба худ омад, бо ҳисси аҷзу нотавонӣ ва афсӯсу пушаймонӣ беист сарашро бо дастонаш кӯфт, муштҳояшро ба замин зад, мисли гурги ба дом афтода аз мағзи ҷон уллос кашид. Дар ҳоле ки нолаю гиряаш чашмонашро кӯр мекарданд, садое нарму маҳин дар гӯшҳояш нишаст:
– Додо, додоҷон, мо инҷоем...
Қосим яке сар бардошт, ба сӯйи овоз дида дӯхту ду писарашро дар бағали харсанг дид. Пештар аз онҳо танаи сарбуридаи бодом бо ду-се шохаки сабз пеши чашмро мегирифт. Ин танаи бенасиб аз ҳаёт гӯё ба забони ҳол омада мегуфт: «Бубин, Қосим, як замоне ту маро бо табари тезат бераҳмона сар буридӣ, вале чун решаам дар об буд, ман хушк нашудам, ҳоло бо ин ду навдаи тар дубора нумӯъ мекунам. Ман кинагир нестам, биё, ту ҳам аз шохаҳои ман дор, ба боло баро, кӯдакони тарсидаю бегуноҳатро ба оғӯшат каш!”.
Қосим ба ҳаракат омад, ба ҷонаш неру дамид. Дар ҳоле ки аз мадди хаёлаш беинсофиҳои пештара, беэътиноӣ ба сӯфии ғайб, мағрурӣ ва ҳавобаландиҳо, бепарвоию ҳарисиҳояш чун навори филм мегузаштанд, бо ҳисси надомат ва афсӯс давиду ба навдаҳои бодом часпид. Харошидаву газида худро ба назди фарзандон расонд, бо дили хунбору дидаҳои гирён онҳоро дар бағал гирифт. Дар ин асно аз лабони ларзону забони нимҷонаш беихтиёр ин калимот берун меомаданд: «Шир ба шир, об ба об... ». Ва ба поин омаду бо ҳоли низор ба миёни мардум рафт, аз даҳонаш ҳамон сухан намеафтод:  «Шир ба шир, об ба об... ».

Нуруллоҳ СОЛЕҲЗОДА,
ноҳияи Нуратои
 вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: