ҚИССАҲО АЗ РӮЗГОРИ МАВЛОНО ҶОМӢ

ҚАТРАЕ АЗ ОБИ БИНӢ

Мавлоно Алии Сурх аз ходимони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Рӯзе дар китобхонаи мадраса давоти шангарф дар пеш доштанд ва ба сурхӣ чизе менавиштанд. Мавлоно Алии Сурх ба Мавлоно Ҷомӣ  гуфт:
– Ин шангарф беранг аст. Агар фармоед, биравам ва шангарфи рангин пайдо кунам. 
Мавлоно Ҷомӣ фармуданд: 
– Ҳоҷат ба ин нест. Ту қатрае аз оби бинии худ дар ин давот чакон, то сурх шавад. 

АЗ МО СИХУ АЗ ТУ ҚАТРА

Мавлоно Алии Сурх ҳар рӯз як-ду бор ба шаҳр омадӣ ва такудави бисёр кардӣ. Рӯзе пеши Мавлоно Ҷомӣ нишаста буд. Ӯро гуфтанд:
– Ду-се қатра об бар сиёҳии давот (рангдон) рез. Ӯ қатраҳо ба давот мечаконид. Дар он маҳал ба Мавлоно Ҷомӣ гуфт: 
— Ман ин қатраҳо мечаконам, Шумо бо сихе онро мешӯронед. 
Мавлоно Ҷомӣ фармуданд:
– Некӯ бошад, аз мо сиху аз ту қатра. 

ТАШБЕҲИ МУНОСИБ

Мавлоно Соғарӣ риши дароз  дошт. Рӯзе дар сари Хиёбон бар канори Ҷӯйинав бо фарзанди ҳафтсолаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ–Хоҷа Зиёвуддин Юсуф истода буд ва дар он ҷӯй касе асп мешуст ва даст дар соғрӣ ва думи ӯ мекашид. Мавлоно Соғарӣ аз Зиёвуддин Юсуф пурсид: 
– Соғрӣ ва думи асп ба чӣ монад?
Хоҷа фармуд:
– Соғрии ӯ ба рӯйи Соғарӣ ва думи ӯ ба риши Соғарӣ.   
        
ҶАВОБИ МУНОСИБ

Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ ҳангоми сафари Ҳиҷоз ба Симнон расиданд, роҳдорон ва боҷгирон қофилаи эшонро басе ташвиш доданд, ки шумо баъзе молу ашёро аз мо пинҳон кардаед. Мо шалворҳои шуморо мекобем. Аҳли қофила эътироз баён карданд, аммо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз руйи зарофат фармуданд:
– Боке нест, ҳарчӣ дар шалворҳои мо биёбед, аз они шумо.  

МАСЛИҲАТИ МУФИД

Марди бахиле, ки даъвои зарофат мекард, рӯзе пеши Мавлоно Ҷомӣ нишаста буду аз рӯйи зарофат мегуфт:
 – Се танга дорам, мехоҳам, ки ба он чизе бихарам ва аз он чандон бихӯрам, ки сер шавам ва он чи боқӣ монад, бифурӯшам ва ҳамон се танга ҳосил кунам.
Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ фармуданд: 
– Ба қассобхона рав, шикамбае ба се танга бихар ва он чи даруни ӯст, бихӯр ва шикамбаро ба се танга бифрӯш. 
                
МИР ДАР КАДОМ ГӮР ХОҲАД ХУСПИД?

Амир Алишери Навоӣ барои худ чанд ҷо гӯрхона таъйин  карда буд. Аввал, дар надикии равзаи муқаддасаи Разавия, дувум, дар мазори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, севум, дар мазори Мавлоно Саъидиддини Қошғарӣ, чаҳорум, дар паҳлӯи масҷиди ҷомеъ, ки худ сохта буд. 
Ин хабар ба устоди ӯ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ расонданд ва он мавзеъҳоро шумурданд. Эшон аз рӯйи  шӯхӣ фармуданд: 
– Мир Алишер дар кадом гӯр хоҳад хуспид?  

Аз китоби 
«Абдураҳмони Ҷомӣ»-и Аълохон АФСАҲЗОД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: