ҚИССАҲОИ ТОҶИКИИ ӮЗБАКБОЙ

Дарё равону дарё равон аст, Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст. (Лоиқ Шералӣ)

Сентябри соли 1975. Хонаи 28-уми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Қариб 60 нафар толибилмон барои таҳсил аз гӯшаву канори кишвар ва берун аз он як ҷо  ҷамъ омадем. Ҳар кадомро тақдире, сарнавиште, маслаке...  Яке аз Кӯлобу дигаре аз Бадахшон, сеюмин аз Самарқанду чаҳорумин аз Тошканд  ва ... Аксарият якдигарро бори якум ё дуюм,  шояд  маротибаи сеюм дидаем. Дар ин ҳолатҳо унсгирӣ чанд «шарт»-и аҷиб  дорад.  Шарти аввал, албатта ҳаммаҳал будан, шарти дуввум шеваи гуфтор... ва ғайра аст. Дар ин асно қаробати феълу хӯй, мувофиқ омадани ситора чандон ба сар намеояд.
Камина, Инъом Иброҳимови истаравшанӣ, Қобилҷон Турсунови хуҷандӣ ва Ҳабибулло Шукурови ғончигӣ  партаи дуюмро интихоб кардем. Ҳини мактабхонӣ  дар синф партаҳо  «дукасӣ» буданд. Аммо дар ин ҷо барои 5-6  нафар як партаи дароз гузошта шуда буд. Дере нагузашта ба мо Ӯзбакбой (он вақт аз шунидани ин ном дар ҳайрат мондем, баъд фаҳмидем, ки волидайни ин ҷавони толиби илм  чун нишони эҳтиром  ва ҳавас ба омӯзгори  хеле бомаърифати мактаби деҳаашон Ӯзбакбой Рӯзиев ӯро чунин номгузорӣ карда будаанд) ҳамроҳ шуд.  Ӯро  мо Ӯзбакбойи самарқандӣ мегуфтем, зеро  ноҳияи Нурато он рӯзгор шомили вилояти Самарқанд буд. Ҳамин минвол панҷ соли расо мо ҳампарта будем... 
***
Дарси палеографияро (фаннест оид ба хати қадим) хеле дӯст медоштем. Академик Аҳрор Мухторов (равонаш шод бод!)  хеле бозавқ дарс мегуфт. Моро аз осори хати ниёгон то хати Бобур, ганҷинаҳои хати форсӣ дар Бухорою Самарқанд, Кобулу Агра... сухан гуфта,  ба сайр мебурд. Боре устод аз хусуси  ёдгориҳои эпиграфикии кӯҳистон сухан карда, дар бораи деҳаҳои тоҷикнишини Нурато таваққуф намуд. Ин замон Ӯзбакбой ба баҳс ҳамроҳ шуд. Устод аз деҳоти ин диёр, фарзандони бомаърифату баори онҳо хотироти некашро иброз намуд. Он рӯз Ӯзбакбой «машҳур» шуд.  Баъдтар ин таассуроти академик Мухторов ба рисолаи ӯ «Санг ҳам диле дорад» кӯчид. Муаллиф дар ин асар хатҳои зиёди рӯйи сангҳои деҳаҳои Катта Эҷ, Синтоб, Ҳоят, Ӯхум, Андагин, Зеҳноки Поёнро, ки барои ҳамкурси мо Ватан аст, бо меҳр қайд мекунад. Ин ҳам далел бар он аст, ки мардуми  кӯҳпояи Нурато тӯли асрҳо асрори фарҳанги моро ҳифз карда, онро чун мероси гаронмоя аз насл ба насл додаанд. Бешак, завқи таърихшиносӣ ва адабиётдӯстиро бародари мо Ӯзбакбойи Раҳмон айнан дар оғӯши ҳамин кӯҳпораҳо, ки баёнгари  ҳасбу ҳоли мардуми ин ҷо ва  таъриханд, пайдо кардааст.
Ӯ.Раҳмонов аз зумраи он  донишҷӯёне буд, ки  илми таърихро бо адабиёт вобаста медонист.  Масалан, асарҳои устод Айниро  ҳамчун сарчашмаи арзишмандтарини илми таърих мутолиа мекард.
Дар миқёси ҷумҳурӣ кам мактабе  буд, ки забони форсии қадима ё арабиро меомӯзонд. Дар курси аввал  муаллими серталаб Алиакбар Мӯъминов (рӯҳаш шод бод!)  аз алифбои ниёгон сабақ медод. Барои Ӯзбакбой ин дарс роҳатбахш буд. Сирашро баъд донистем.  Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби деҳаи Эҷ аз алифбои арабӣ  савод бароварда будааст.  Аз ин сабаб дар ин маврид ҳам вай дар курс дастболо буд.
Моҳи июли соли 1978. Пас аз хатми курси сеюм беш аз бист нафар ҳамсабақон бо роҳбаладии муаллим  Амиршо Ёрмуҳаммадов барои  дидани ёдгориҳои меъморию таърихии шаҳрҳои Маскав, Владимир, Новгород рафтем. Вақте ба Маскав расидем, Ӯзбакбой   ташаббускори тозагуфторӣ шуд. Тасаввур кунед, шаҳри Маскав – пойтахти империяи шӯравӣ. Як ҷавон аз деҳаи Эҷ дар кӯчаҳои он ба мо шарт мегузорад, ки ба забони тозаи тоҷикӣ гуфтугӯ кунем. Агар ҳангоми муколама  як калимаи бегона, яъне ғайритоҷикиро истифода барем, дар бало мемондем, даҳ тин  ҷарима ҷорӣ шуда буд.  Ҷавоб гуфтан шарт буд. Масалан, агар «газета»-ро нишон дода пурсон шавад, ҳатман бояд «ин рӯзнома» мегуфтем. Баъд аз ин ҳар яки мо ба ҷойи калимаҳои русию интернатсионалӣ муодили тоҷикии ҳар як вожаро  ҷустуҷӯ менамудем, забонамонро бад-ин тариқ як навъ «тоза» кардем. Масалан,  ба ҷойи «троллейбус» – «шайтонаробаи симдор»,  «велосипед» не –  «дучарха», «ярмарка» – «намоишгоҳ» ва ҳоказоро истифода мебурдагӣ шудем.  Баъзан ҳолатҳои хандаовар ҳам рӯй медоданд.  Дар аснои тамошои бурҷи телевизионии «Останкино»  дар ҳузури духтарон  аз худи «софгуфтор» пурсидем, ки «ҳоло мо ба куҷо баромадем?» Аз ӯ  ҷавоби дуруст нашунидем. Тасаввур  кунед, бисту як сол пеш аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар Маскав баҳсу талош дар бораи тозагии забон сурат гирифта буд. Барангезандаи ин мунозира Ӯзбакбой буд.
Ҳаёти Ӯзбакбойро дар овони донишҷӯӣ ҳам, аз рӯзнома ва маҷалла канда тасаввур кардан муҳол аст. Ягон шумораи «Маориф ва маданият», «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро нахонда намемонд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад,  тахминан баҳори соли 1980 буд.  Ӯ боре ба аудитория  шумораи  тозанашри «Маориф ва маданият»-ро оварда, аз он шеъри «Тоҷикам»-и Барот Бойқобиловро дар тарҷумаи  Ҷонибеки Қувноқ қироат кард. Рӯзнома он рӯз аз даст ба даст гузашт. 
Яке аз  рӯзҳои моҳи майи соли 1980. Дар донишгоҳ ҳимояи рисолаҳои дипломӣ оғоз ёфт. Ӯ аз аввалинҳо шуда рисолаашро ба  ҳукми аъзои комиссияи давлатӣ ҳавола намуд. Мавзӯи рисола «Историография бухарского джадидизма» («Масъалаҳои омӯзиши таърихи ҷадидизм»)  таваҷҷӯҳи ҳозиринро  ба худ ҷалб кард. Роҳбари илмӣ Намоз Ҳотамов, ки худ зодаи Бухорои шариф буд, зикр кард, ки  Раҳмонов аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки рисолаи дипломиашро дар асоси сарчашмаҳои аввалин (на аз рӯйи китобҳо, тадқиқоти тайёр), аз ҷумла  дар заминаи омӯзиши рӯзномаи «Бухорои шариф» таҳия намудааст. Ин фикрро профессорон М. Бобохонов,  Р. Каримов, М. Шукуров низ дастгирӣ карданд. Ҳимоя ба забони русӣ сурат гирифта буд. Чун сухан ба оппонент – доктори илмҳои таърих Т. Тӯхтаметов расид, ӯ борҳо ба ҷои ибораи «дипломная работа» беихтиёр «кандидатская диссертатсия» мегуфт. Раиси комиссия ӯро боздошта, огоҳ кард, ки на рисолаи номзадӣ, балки «рисолаи дипломӣ» гӯяд, Т.Тӯхтаметов  ҳам ҳазломез ва ҳам ҷиддӣ таъкид кард: «коре, ки  донишҷӯйи курси панҷум Ӯзбакбой Раҳмонов анҷом додааст, аз диссертатсияи номзадӣ камӣ надорад».  Оре,  он рӯз ҳамкурси мо чун олим худро намоиш дод. Зеро  вай  барои таълифи ин рисола  дар овони донишҷӯӣ ба Тошканду Бухоро сафар карда, саҳифаҳои  рӯзномаи «Бухорои шариф» ва санадҳои бойгонӣ, асарҳои устод Айнӣ ва дигар маорифпарваронро бо ҳуруфи арабӣ хонда буд. Баъдтар ин хулосаҳои илмиаш дар  китоби ӯ «Розҳои таърих» (Навоӣ, соли 2016)  ҷой гирифтанд.  Перомуни ин китоб ва аҳамияти он метавон бисёр сухан гуфт. Сарлавҳаи мақолаҳо аз қабили «Бухорои шариф – рӯзномаи маорифпарвар», «Забон аз нигоҳи «Бухорои шариф», «Мирзо Сироҷи Ҳаким ва айёми ӯ», «Турон-Бухородаги илк ӯзбекча газета» ва ҳоказо худ аз матлабу мақсад ва  моҳияти онҳо  дарак медиҳанд. 
Панҷ соли донишҷӯӣ ҳам паси сар шуд. Ҳамсабақон ба чор сӯ пароканда шудем. Ҳар якеро сарнавиште...  Моҳи январи соли 1981. Камина машғули дарсгӯӣ дар  аудиторияи факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Душанбе  будам. Дар оҳиста боз шуд. Берун баромадам. Ӯзбакбой акнун ба сифати муаллими таърих ва ҷамъиятшиносии яке аз деҳаҳои Тоҷикободи ноҳияи  кӯҳистонии Ғарм бо мо суҳбат мекард. Вақти таътил ёди Душанбе кардааст. Собиқ ҳамсабақон дар Душанбе байни худ овоза карданд: «Ӯзбакбой  аз Тоҷикобод омадааст». 
Декабри соли 1983. Камина дар Тошканд хабарнигори  рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» будам ва дар як хона бо устод Бекназар Тӯйназаров кор мекардем. Аз гап гап баромаду ҳар ду дар бораи зодгоҳамон нақл кардем.  Устод Бекназар ҳамкурси Ӯзбакбойи эҷӣ  буданамро дониста, аз овони мактабхонӣ, устодони меҳрпарвари  деҳа сухан кард. Донистам, ки Ӯзбакбой дар мактаби деҳаи худ муаллим аст.  Олим шуданӣ буд, аммо рӯзгор қонуниятҳои худро дорад. Мақолаҳои  муҳиму пурмаъниаш дар  рӯзнома чоп  мешаванд. Чанд сол дар мактаб директор, мудири қисми таълимӣ буд. Се писари хубу чун худаш оқилро бо ҳамсараш Шакарой ба камол расонд. Бо писари калониаш Ҷовид ҳамсуҳбат ҳам шудем. Кирои ифтихор кардан аст. Ҳоло доктори илмҳои техникист.  Ба шарофати дониш кишварҳои Италия, Испания, Англия,  Олмон, ИМА-ро дидааст. Манучеҳр низ  пайрави бародар – дар Донишгоҳи техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, Соҳиб дар Донишгоҳи маъданшиносии Навоӣ таҳсил мекунанд.  Падари маърифатпарварашон, ки ҳоло ба синни шаст қадам мениҳад, инак қариб чиҳил сол мешавад, ки дар қалби шогирдон  чароғи маърифатро фурӯзон медорад: бо меҳр, бо хирад, бо ибрат, бо қатъият!

Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: