ҚИТЪАИ НАЗДИҲАВЛӢ – МАНБАИ ДАРОМАД

Солҳои охир дар кишварамон оид ба самаранок истифода бурдан аз заминҳои барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо кардашуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, бо шуғл фарогирӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мунтазам корҳо амалӣ мешаванд.

Солҳои охир дар кишварамон оид ба самаранок истифода бурдан аз заминҳои барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо кардашуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, бо шуғл фарогирӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мунтазам корҳо амалӣ мешаванд.

Дар мамлакат дар 502,8 ҳазор гектар майдони беш аз 5,5 миллион соҳибони қитъаи замин маҳсулот рӯёнда мешавад. 84 фоизи картошка, 71 фоизи маҳсулоти полиз, 55-60 фоизи ангуру мева, 94 фоизи маҳсулоти чорво дар ҳавлиҳо парвариш меёбанд.
Мувофиқи қарорҳои Президент аз 26 апрели 2018 «Дар бораи чораҳои иловагии такмил додани фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонон ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлӣ», аз 30 июни соли 2020 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминҳои наздиҳавлии аҳолӣ» дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолияти 651 ҶММ «Хидмати замини наздиҳавлигӣ» ба роҳ монда шуд.
Корхонаҳои «Хидмати замини наздиҳавлӣ» дар ташкили истифодаи самараноки заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлии аҳолӣ, шудгори майдонҳо, кӯмакрасонӣ барои кишт, таъмини кафолатноки расондани ниҳол, нуриҳои маҳаллӣ ва минералӣ, сохтмони гармхонаҳо, қабул ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти бозорҳои дохилӣ ва содирот ба ёрдамчии ҳақиқии аҳолӣ табдил меёбанд.
Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби ҶММ  «Хидмати замини наздиҳавлӣ» заминҳои 42,1 ҳазор оила шудгор карда, ба 53,5 ҳазор хонавода тухмии зарурӣ, ба 90,3 ҳазор оила кӯчати ниҳол (аз ҷумла ба 15 ҳазор хонавода ниҳолҳои лимӯ) ва ба 36,2 ҳазор хонавода тухмии пиёз ва сир расонда, барои кишт кӯмак дода шуд.
Илова бар ин, барои 32,5 ҳазор хонадон гармхонаҳои мӯҷаз сохта, ба 1161 оила қуттиҳои занбӯри асал (6,4 ҳазор), ба 1297 хонавода харгӯш (9,1 ҳазор сар) ва ба 9,3 ҳазор оила парранда (427,5 ҳазор сар), ба 519 сар хонавода буз (691 сар), ба 998 хонавода гов (1,3 ҳазор сар) ва ба 2700 оила гӯсфанд (1,3 ҳазор сар) супурда шуданд.
Дар натиҷаи дарк кардани он, ки замини наздиҳавлӣ манбаи даромади иловагӣ мебошад, мардуми мо бо саъю кӯшиш соле 2-3 маротиба ҳосил гирифта, ҳаҷми киштро зиёд мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки нисбат ба дар анбор нигоҳ доштани маҳсулот ба воситаи дар анборхонаҳои ба таври сунъӣ сардкардашуда нигоҳ доштани имкони вазни ниҳоии маҳсулот афзун мегардад. Бо назардошти чунин омилҳо, ба фароҳам овардани шароити зарурӣ, бо нозу неъмат таъмин кардани дасторхони мардум эътибори махсус дода мешавад.
Аз ҷумла тӯли 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар корхонаҳои «Хидмати наздиҳавлӣ» 132 анбори яхдон барои меваю сабзавот бо иқтидори 38,5 ҳазор тонна, 195 анбори нигаҳдории меваю сабзавот бо зарфияти 62,9 ҳазор тонна ташкил карда шуданд. Барои  самтҳои мазкур аз хазинаи назди шӯро 96,6 млрд. сӯмина қарзи имтиёзнок ҷудо карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади бо нархи арзон ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти кишоварзии заминҳои наздиҳавлии аҳолӣ дар ҷойҳои барои аҳолӣ мусоиди 162 ноҳияи ҷумҳурӣ «дӯконҳои саҳроӣ» ташкил карда, шумораи онҳо ба 2685 адад расонда шуданд. Бунёди назди шӯро барои 265 шаҳрванд ба маблағи 8 млрд.сӯм вом ҷудо кард.

Э.МАМАРАҲИМОВ,
сардори шуъбаи Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ,
деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлии Ӯзбекистон.
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: