Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ афзун гардондани даромади аҳолӣ, поин овардани камбизоатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ афзун гардондани даромади аҳолӣ, поин овардани камбизоатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки сарвари мамлакат ба ин соҳаҳо ҳамаҷониба таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои беш аз пеш бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Як қатор қарору фармонҳои сарвари мамлакат ба ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, ҷудо кардани кредитҳои имтиёзнок барои аҳолӣ, дар пардохти андоз ва хариди ашёи хому фурӯхтани маҳсулоти соҳибкорони хурду миёна, додани имтиёз нигаронида шудаанд.
Дар ин бобат заминҳои наздиҳавлӣ дар деҳот яке аз манбаъҳои доимӣ аст. Ҳоло дар вилояти мо дорандагони заминҳои шахсӣ на танҳо эҳтиёҷи худро бо меваву сабзавот, ғалладонаву ангур, маҳсулоти чорво таъмин менамоянд, балки як қисми зиёдатии онро ба бозор бароварда, ҳатто ба хориҷ содир карда, даромади калон мегиранд. Ин гуна соҳибони заминҳо дар ҷамоаи Ҷуйинави ноҳияи Шофиркон ҳам хеле зиёданд.
Хонадони собиқ омӯзгор, ҳоло нафақахӯри шахсӣ Раҳим Раҳмонов аз деҳаи Вардонзеи ҳамин ҷамоа, фаъолияти ибратбахши оилаи ӯ оид ба истифодаи самараноки замини наздиҳавлӣ ва тадбиркорӣ мисоли равшани ин аст. Сарвари оила солиёни зиёд дар мактаби миёнаи рақами 9-уми ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба фарзандон сабақ омӯхтааст. Вай аз ҷумла солҳои фаъолияти омӯзгорӣ дар вазифаҳои ҷонишини директор ва директори мактаб кор кардааст.
Ҳоло дастпарварони ӯро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ва берун аз он пайдо карда метавонем, ки бо фаъолияти пурсамарашон ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва оилаи худ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Муаллим баъд аз он ки ба нафақа баромад, вақти бештари худро дар ҳавлиаш мегузаронад . Вай пештар ҳам пиёзу картошка, турбу шалғам, помидор, қаламфури булғорӣ барин сабзавотро аз ҳама барвақту хушсифат рӯёнида, як қисмашро ба бозор мебаровард. Пас аз он ки ба нафақа баромад, барои шуғл ба ин кор бештар вақт пайдо кард ва кори боғдориро авҷ гиронд. Чун маҳсули дастонаш даромади хуб доданд, меҳри вай ба ин кор беш аз пеш афзуд. Ин хислатҳои падарро фарзандонаш ҳам дастгирӣ карда, баробар заҳмат кашиданд. Дар натиҷа сол аз сол бештар маҳсулот тайёр карда, зиёдтар даромад мегирифтагӣ шуданд. Танҳо сабзавоту ниҳолпарварӣ дар аввали фаъолият онҳоро қонеъ гардонда бошад, минбаъд водор намуд, ки роҳҳои нав ба нави афзун гардондани даромади оиларо пайдо карда, корро ба роҳ монанд. Ҳамин тариқ, бо ташаббуси писараш дар як қисми қитъаи замин гармхона ташкил карда, ниҳолҳои лимӯро парвариш намуданд. Бояд таъкид кард, ки дар заводи пахтатозакунии ноҳия фаъолияти гармхона роҳандозӣ ва помидору бодиринг рӯёнида мешуд, ки ин эътибори онҳоро ба худ ҷалб кард. Дар ҳавлии худ 1,3 хол замин ҷудо карда, гармхона сохта, ниҳолҳои лимӯ шинонд. Пас аз ду-се сол он ҳосил дод.
Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст, гуфтаанд. Вақте ки мо бо ҳамсоягони Раҳимака суҳбат кардем, маълум гардид, ки вайро ҳамчун устои гулдасти чӯбкор эътироф мекардаанд, ки дар сохтани дару тиреза, фаршу шифти хонаи ҳамдеҳагон бисёр ҳисса гузоштааст. Ба тадбиркор кор осон гуфтагӣ барин аъзои оила баробари парвариши сабзавоту мева, манбаъҳои дигари даромади иловагиро ҳам ҷустуҷӯ ва дарёфт мекунанд. Ҳоли ҳозир онҳо бо парвариши занбӯри асал, сохтани қуттии асал, дастгоҳҳои асалкашӣ, парвариши чорво машғул шуда, даромади калон мегиранд. Ин даромад имконият медиҳад, ки рӯзгори ободу фаровон дошта бошанд. Маҳаллаи Ҷуйинаву қишлоқи Вардонзе бо обидаҳои таърихии худ, бо соҳибкоронаш машҳур мебошад. Замини наздиҳавлии одамон беш аз 400 гектарро ташкил медиҳад ва аксар дар ин қитъаҳои замин лимӯпарвариро ба роҳ мондаанд. Замини оилаи Раҳмоновҳо чандон калон набошад ҳам, дар тамоми чизе, ки барои рӯзгор лозим аст, парварӣ карда мешавад. Ба анъанаи лимӯпарварӣ дар деҳа Валихон Маҳмудови шодравон асос гузоштааст. Ҳоло кори падарро фарзанди ӯ Ғайрат Маҳмудов идома медиҳад. Ғайрат мегӯяд, ки тамоми дороиамон аз лимӯпарварӣ аст. Дар 70 сотих гармхона 12 навъи меваи ситрусӣ парвариш мекунем. Дар ин ҷо инчунин маркази таълим ба роҳ гузошта шудааст, одамоне, ки бо парвариши меваи ситрусӣ машғул шуданианд, ба ин марказ омада, аз асрори мевапарварӣ сабақ мегиранд. Хонаводаи Маҳмудовҳо соли гузашта ба Русия 20 тонна лимӯ фурӯхтанд ва даромади солонаашон беш аз 500 миллион сӯмро ташкил дод.
Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти БУХОРО.