ҚИТЪАҲОИ РАЪЙПУРСӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Дар ҷамъомади навбатии комиссияи ҳавзаи Бухоро-3, ки ба гузаронидани раъйпурсии ҷумҳурӣ дар вилояти Бухоро масъул аст, масъалаи созмон додани қитъаҳои раъйпурсӣ дар ҳавза баррасӣ гардид.

Дар он гузориши раиси комиссия М. Даминов шунида шуд.
– Бинобар моддаи 16-уми Қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо назардошти сарҳадҳои ноҳияю шаҳрҳо бо мақсади фароҳам овардани қулаиҳо ба иштироккунандагони раъйпурсӣ қитъаҳои раъйпурсӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои муолиҷагирии статсионарӣ, мавзеъҳои аҳолинишини дурдасту рафтуояшон душвор ва маҳбасхонаҳо    ташкил меёбад, – гуфт вай. Дар ҷамъомад аз ҷониби аъзои комиссия қитъаҳои раъйпурсию ҳудудҳои он ва манзили эшон тасдиқ гардид.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар вилоят ҷараёни овоздиҳӣ дар 610-то қитъаи раъйпурсӣ сурат гирифта, миқдори аз ҳама зиёди онҳо дар ноҳияи Ғиҷдувон (88-то) ва шаҳри Бухоро (84-то) ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла байни муассисаҳо бештарини қитъа-ҳои раъйпурсӣ дар мактабҳо (463-то, 76 фоиз) ҷогузин шудаанд.Инчунин қисми дигарашон дар биноҳои коллеҷ, техникум, литсей, идораи маҳалла, муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ, марказҳои маданияту спорт ва мактабҳои олӣ омодаи кор шудаанд.

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: