«ҚИТЪАҲОИ САБЗ» ДАР МИНТАҚАИ НАЗДИАРАЛ

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Ӯзбекистон доир ба мавзӯи «Чорабиниҳое, ки оиди вусъат додани «қитъаҳои сабз» дар минтақаи Наздиарал, ҳифзи флора ва фауна дар майдонҳои Бунёди ҷангал, ҳамчунин, рушди сайёҳии экову шикор, бо назардошти ворид накардани зарар ба табиат» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ котиби матбуоти Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал Отабек Ашуров, ҷонишини сардори раёсати мубориза алайҳи саҳрошавӣ ва хушксолӣ Ҳоҷимурод Толибов, ҷонишини директори Институти илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал О. Хӯҷаев ва дигарон доир ба мавзӯи мавриди назар баромад карданд.
Пайдост, ки дар кишварамон доир ба рушди хоҷагии ҷангал беш аз 40 қарору фармоиш, барномаҳо ва харитаҳои роҳ доир гардиданд, – изҳор дошт О. Ашуров. – Дар партави онҳо хеле корҳо анҷом дода шуданд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияҳои 72 ва 75-уми Сарассамблеяи СММ диққату эътибори аҳли ҷомеаи байналхалқиро ба минтақаи Наздиарал нигаронд. Пешниҳод намуд, ки оиди расондани кумак ба аҳолие, ки дар ин минтақа ба сар мебаранд, қарори махсус қабул карда шавад.
Ин азму талошҳо буд, ки аз ҳисоби тухмии растаниҳо ва ниҳолҳое, ки ба иқлими дашт мутобиқанд дар 1 миллиону 456 гектар майдон «қитъаҳои сабз» – ҷангалҳои муҳофизатӣ барпо карда шуданд. Ба ин кор 2000 техникаю механизм, 10 самолёт ва 4 делтаплан ҷалб карда шуд.
Соли 2021 дар 2,5 ҳазор гектар майдон дарахтони ҳимоявӣ шиноданд, дар 5000 гектар майдони хоҷагиҳои ҷангал плантатсияҳои полизиҳо ташкил карда шуданд, ҳаҷми ашёи хоми полизиҳои давоиву озуқаворӣ ба 8000  тонна расонда шуданд.
Минбаъд пешбинӣ шудааст, ки дар 1 миллион гектар минтақаи қаъри баҳри Арал ва Наздиарал «қитъаҳои сабз» барпо карда мешаванд. Аз ҷумла, дар тӯли соли 2022 дар 100 гектар майдон саксавул ва дигар ниҳолу растаниҳои ба иқлими дашт мутобиқ шинонда хоҳанд шуд.
 Бо мақсади ҳифзи фонди генетикии растаниҳову ҳайвонот дар бисёр минтақаҳои кишвар боғҳои табиати миллӣ созмон дода шуданд. То имрӯз беш аз 300 навъи растанӣ ва бештар аз 180 хели ҳайвон, ба мақсади афзудан ба саршуморашон, ба «Китоби сурх» дароварда шуданд. Ниҳолшинонӣ дар минтақаҳои урёншуда идома дорад. Дар боғҳои табиати миллӣ ва хоҷагиҳои сайёдӣ чорабиниҳои баргузоршуда таҳти шиори «Мавзеъҳои зебои Ватан–модар», «Мо – муҳофизони табиат» ба доман паҳн кардани «қитъаҳои сабз» ва аз партовҳои маишӣ тоза шудани минтақаҳо мусоидат намуданд.
Дар поёни чорабинӣ саволу ҷавобе, ки байни мутахассисони соҳа ва ходимони РАО сурат гирифт, ба такмили мавзӯи мавриди назар мусоидат намуд.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: