Ҳар сол дар арафаи зодрӯзи устод дил сӯйи зодгоҳи Садриддин Айнӣ – деҳаи Соктаре (ҳоло Айнӣ)-и ноҳияи Ғиҷдувон мекашад.
Чӣ ҳоҷати пинҳон кардан, ҳар дафъа бо орзую умедҳои зиёд он ҷо рафта, баъди дидани аҳволи ҳузновари масҷиди собиқ ва музейи баъдинаи устод Айнӣ рӯҳафтодаю дилгир бармегаштам. Замоне ин маскани муборак бо шарофати дилсӯзӣ, меҳри беандоза ва садоқати бемисли ҳомиаш Мастурахола Зикриёева файзу ҷозибаи ба худ хосе дошт. Вале солҳои минбаъда гӯё калиди қулфи он гум шуда буду ҳеҷ кас парвои кушоданашро надошт.
Эҳёи муносибатҳо бо ҳамсоягон, насими фараҳбахши алоқаҳои рафтуо имконият дод, ки моҳи апрели соли гузашта «калиди гумшуда» пайдо гардида, баҳри бартарафкунии нуқсонҳо қадамҳои аввалин гузошта шаванд. Мо имсол ба Соктаре омада, ба ин гувоҳ гардидем. Албатта, пеш аз ин ҷо омадан, мулоқоти телефонии мо бо набераи Муҳиддинхоҷа – бародари Садриддин Айнӣ Матлаб Муслиҳиддинов сурат гирифт ва муждаи вай бобати таъмири музейи устод моро ба сафар водор кард. Ниҳоят ба зодгоҳи устод Айнӣ расида, як андоза дигаргуниҳоро дида хеле хурсанд шудем. Нимпайкараи устодро аз гӯшаи ноаён ба самти рости даромадгоҳ кӯчонда, кори хуб кардаанд. Ба фарши ҳавлӣ санги мармар хобонда, хушнамуд гардондаанд. Ба болорҳои шикаставу хамидаи айвони масҷид (осорхона) фашанг гузошта симпечу тунукапеч кардаанд. Биноҳои атрофи музей, аз ҷумла «Чойхонаи Одина», таъмир ва рангубор карда шудааст. Дар қитъачаҳои атрофи осорхона нашъунамои картошка ва алафи юнучқа дар авҷ аст. Дар даромадгоҳи осорхона – шафати дар тарҷумаи шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода оварда шудааст:
Ӯзбек ва тожикнинг бирдир авлоди,
Йигитлари паҳлавон, қизлари нозик.
Ким кӯрса тӯсатдан сӯраб қолади,
Биродар, сен кимсан ӯзбекми, тожик.
Азбаски ошнои деринаи мо Матлаб Муслиҳиддинов бо кори худ ба маркази ноҳия – шаҳри Ғиҷдувон рафта буд, дари музейро барои мо ҳамсари вай Робия Сайфуллоева, ки солҳои дароз мудири китобхонаи деҳа буду ҳоло ба нафақа баромадааст, кушод. Аён гардид, ки музей ҳамоно (аз соли 2012 ин тараф) дар тасарруфи мактаби деҳа буда, ду корманд (фаррош –0,5 ставка ва посбон – 0,5 ставка) дорад. Марҳабо Абдуллоева (келини Матлабакою Робияянга) фарроши музей аст. Ҳар гоҳ, ки меҳмон ояд, дари осорхонаро чун имрӯза онҳо боз мекунанд.
Мо вориди музей шуда, боварӣ ҳосил кардем, ки баҳри таҷдиди он корҳои назаррас ба сомон расидааст. Ба туфайли таъмирёбӣ осорхона ба чашм назаррабо метофт. Палосҳои нав ба ранги девор мувофиқат мекард.
– Дар таъмири музей нӯҳ корхона иштирок кард. Ҳангоми таъмир шахсан худи ҳокими вилоят омада, ҷараёни корҳоро аз назар гузаронд, – огоҳ намуд мусоҳибам.
Диққатамонро экспонатҳо сӯйи худ мекашиданд. Ҳарчанд ки онҳо нисбати солҳои пеш ба назар кам менамуданд, бо тартиби муайян ҷойгузин шуда буданд. Дар девори даруни даромадгоҳ «Санаҳои муҳими ҳаёт ва эҷодиёти С.Айнӣ» дар лавҳае сабт ёфта буд. Маводҳо ва аксу суратҳои таърихӣ таҳти унвонҳои «Солҳои бачагии С.Айнӣ дар Соктаре», «Ҳамдиёрони С.Айнӣ», «Айнӣ – шоир, публитсист, нависанда, олим, арбоби ҷамъиятӣ», «С.Айнӣ – дар Бухоро», «С.Айнӣ – дар Самарқанд», «Бухоро дар давраи амирӣ», «Ғалабаи инқилоби халқ дар Бухоро» гузошта шуда, ҳар бинандаро аз рӯзгори пуртазод, хидматҳои бузурги таърихӣ, фаъолияти бисёрсоҳа ва садоқати ба халқу Ватан доштаи адиби ҷаҳонӣ огоҳ месозад.
Дар осорхона бисёр маводҳои нодир, аз ҷумла романи «Ғолиблар»-и Шароф Рашидов ба муносибати 100-солагии зодрӯзи Айнӣ бо соядасти муаллиф, фотонусхаҳои «Овози тоҷик» (№17 бо ҳуруфи арабӣ), рӯзномаҳои «Инқилоб» (№23), «Ҳуррият», «Меҳнаткашлар товуши», суратҳои якҷояи «С.Айнӣ бо Раҳим Ҳошим», «С.Айнӣ бо Юлиус Фучик», «С.Айнӣ бо адибони тоҷик», «С.Айнӣ бо адибони ӯзбек», акси муқоваҳои нашри аввалини китобҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Устод Рӯдакӣ» (соли 1940), қолинҳои хотиравӣ бо аксҳои С. Айнӣ ва Камол Айнӣ ба муносибати ҷашни онҳо, нусхаи дар рӯзнома чопшудаи шеъри С.Айнӣ «Мо зи Гитлер ниқори башарият гирем» (соли 1941) ва ғайра ҷой доранд.
Дар лавҳае ин шеъри Шарифҷон Махдум (Садри Зиё) дар бораи С. Айнӣ сабт ёфтааст:
Яке аз наҷибони равшанравон,
Ки дорад ватан хиттаи Ғиждувон.
Ба фазлу ҳунар шӯҳраи хосу ом,
Лақаб Айнӣ, Садриддинхоҷа ном.
Аз он рӯзе, ки таъмиру таҷдид то андозае ба амал омаду осорхона ба дараҷаи чор кас медидагӣ тайёр шуд, ба ин ҷо даҳҳо меҳмонон аз дуру наздик ташриф оварда, мулоҳизаю таассуроти худро дар дафтари қайдҳо навиштаанд. Инак, яке аз онҳо: «Мо аз хона-музейи устод С.Айнӣ дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиҷдувон дидан кардем. Музей обод, тоза, озода ва муҷаҳҳаз. Аз ин таассуроти хуб бардоштем. Ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович барои чунин ғамхорӣ ва муносибати бузурги маорифпарварона эҳтиром ва миннатдории худро баён медорем.
Аъзо-корреспонденти АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов, 17.04.2018».
Боиси хушнудист, ки дар дафтари қайдҳо нафақат сокинони зиёди шаҳру ноҳия ва вилоятҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки меҳмонони чинию кореягӣ низ соядаст гузоштаанд. Онҳо соҳибони касбу кори гуногун: талаба, донишҷӯ, тарбиятгар, омӯзгор, профессор, роҳбар, нафақахӯр, муҳандис, шоир, нависанда, олим, ҳоҷӣ, бунёдкоранд...
Аз ҷумла, шоир Шамсиддин Садоӣ эҳтироми беандозаи худро нисбат ба устод бо чунин суханон: «...бузургтарини бузургон...» («...улуғларнинг улуғи...», «Ба Айнии бузург таъзим...» («Улуғ Айнийга таъзим...») зоҳир карда, таъкид намудааст, ки осорхонаи устод номукаммал аст ва месазад, ки онро ҳамчун зиёратгоҳи рамзӣ аз нав сохт.
– Ҳамааш хуб, фақат масъалаи тунукапӯш кардани боми осорхона ҳалли худро наёфтааст, – гуфт Матлаб Муслиҳиддинов.
– Борон мегузарад, аз ин рӯ, чи хеле ки мебинед, рӯйи палос пардаи полиэтиленӣ партофтаем. Ҳар дафъа, баъди бориши борон, оби ҷамъшударо ба берун мерезем, – илова намуд ҳамсари вай Робия Сайфуллоева.
– Инро мутасаддиёни кор медонанд, умедворем, ки имсол ин масъала низ ҳалли худро меёбад, – изҳори боварӣ намуд Матлабака. – Барқарошавии муносибатҳои дутарафа имконият дод, ки моҳи майи соли гузашта бо янгаатон ба Душанбе рафта, ба дидани дидори хоҳари калониам Матлуба ва аҳли оилаи вай муяссар гардидем, – хурсандона гуфт ӯ.
Ниҳоят, мо хайрухушкунон аз музей баромадем ва бо мақсади аёдати роҳбари собиқи он – Мастура Зикриёева сӯйи ҳавлии додари Матлаб – Зуҳриддин Муслиҳиддинов раҳсипор шудем. Ӯ омӯзгори забони русии мактаби деҳа аст ва тараддуди мактабравӣ дошт. Хушбахтона, Мастурахолаи 94-соларо дидан боз насиб кард. Вале заифии хотира ва гаронии гӯшҳояш имконият надод, ки бо ӯ табъи дил мулоқот кунам.
Бо Зуҳриддин ҳамроҳ ба таълимгоҳ омадем. Вай ба дарс даромаду банда ба қабулгоҳи директор. То омадани Санҷар Халилов – роҳбари мактаби миёнаи таълими ҳамагонии №4-и деҳаи Соктаре бо таълимгоҳ шинос шудам. Бинои дуошёнаи замонавӣ хуб ороиш ёфта, плакату шиор ва лавҳаҳои гуногун даромадгоҳи онро зеб медод. Машғулиятҳо дар ду баст ҷараён дошт. 1115 нафар шогирдон аз 93 нафар омӯзгорон таълиму тарбия мегиранд. Байни омӯзгорон ғолибони озмунҳои ҷумҳурӣ ба чашм мерасанд.
Суҳбатамон бо роҳбари ҷавони мактаб оиди мушкилиҳои осорхонаи устод Айнӣ сурат гирифт.
– Чаро музей корманди масъул надорад? – пурсидам аз вай.
– Бо ҳамин мақсад, ба идораҳои гуногун, аз ҷумла, шуъбаи молияи ноҳия сар халондам, вале натиҷае ба даст наомад.
— «То осорхона аз қайди давлатӣ нагузарад, дорои нигораҳои кофӣ набошад, ин имконнопазир аст. Ин масъала бояд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳаллу фасл гардад» гуфтанд онҳо, – равшанӣ андохт директори мактаб.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.