Маҳаллаи Лайлакуя дар деҳаи Каркидони ноҳияи Чуст бо табиати дилфиребу назаррабо ва чашмаҳои шаффофу боғҳои меваҷоташ гуногун маъруфу машҳур аст.
Имрӯзҳо дар маҳалла 3430 нафар шаҳрвандон истиқомат мекунанд. Барномаҳои давлатии «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Ҳар як оила соҳибкор», ки бо ташаббуси роҳбари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд, барои ободу ҳусни дучанд пайдо кардани деҳа, маҳалла ва кӯчаҳои кишварамон хидмат мекунад.
– Маҳаллаамон дар ноҳия дуввумин шуда ба Барномаи давлатии «Деҳаи обод» дохил гардид. Дар ин ҷо, барои беҳтар кардани таъминоти қувваи барқ дар кӯчаҳои Дӯстлик ва Ёшлари маҳалла трансформатор гузошта, 4 километр хати барқ кашида шуд. Ба 1 километр хати оби ошомиданӣ кашида, ба 15,5 километр роҳҳои дохилӣ шағал рехта ҳамвор карда шуд. Акнун ҳаммаҳаллаҳоямон метавонанд аз роҳҳои ҳамвору васеъ рафтуо кунанд. Барои ин ғамхорӣ ба Сарвари мамлакат Шавкат Мирзиёев ташаккур изҳор менамоем, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони Лайлакуя Низомҷон Бурҳонов.
Аз рӯйи барнома барои таъмири поликлиникаи оилавӣ 150 миллион сӯм маблағ сарф шуда, он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ба ҷойи муассисаи таълими томактабии рақами 4-уми маҳалла, ки соли 1960 сохта ба истифода супурда шуда буд, бинои нави замонавии дуошёна қад рост мекунад. Дар варзишгоҳи тобистона, ҳавзи шиноварӣ, хонаҳои алоҳидаи машғулотгузаронии муассисаи номбурда барои бо варзиш шуғлварзии хурдтаракон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Сохтмонро дар арафаи соли нав ба охир мерасонем, мегӯяд коргардони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чуст крошкастройсервис» Авазбек Арслонов.
Дар маҳалла шумораи соҳибкорони чашмикордон торафт зиёд мешаванд. О.Ғуломов, Ш.Шерматов, Р.Ҳайитов, Р.Бозоров, Б.Ҳайитовҳо заводи хурди хишт, устохонаи таъмири мошинҳо, нуқтаҳои хидматрасонии савдоро ба роҳ монда ба аҳолии маҳалла хидмати намунавӣ мерасонанд.
Аз рӯйи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» соҳибони хонаҳои истиқоматӣ низ барои обод кардани манзилашон кӯшиш мекунанд. Х. Абдумуталов, Ш. Муллабоев, Т. Халилов, Ю. Ҳайитов, Б. Азимов барин соҳибони хонаҳо барои обод кардани хонаҳои истиқоматиашон аз аввалинҳо шуда шурӯъ карданд.
Бигузор, ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони Лайлакуя мувофиқи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» ободу зебо гардад.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.