Бо вожаи «комиссия» аз овони мактабхонӣ ошноем.
Бо вожаи «комиссия» аз овони мактабхонӣ ошноем. Он солҳо, вақте аз омад-омади комиссия сухан ба миён меомад, роҳбарони синфҳо моро пешакӣ огоҳ мекарданд, ки пагоҳ бояд бо либосҳои тоза, галстукҳои пионерии утузада ба дарс оем. Комсомолон нишони сарисинагиро ба қисмати тарафи чапи сина насб карда меомаданд. Одатан пеш аз омадани комиссия хонандагон коғазпораҳои гирду атрофи мактабро мечиданд, фаррошон бо тоза кардани синфхонаҳо машғул мешуданд. Омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар ҳузури аъзои комиссия бештар хонандагони хубу аълохонро ба суолу ҷавоб кашанд. Бино ба дастуру супоришҳои роҳбари мактаб омӯзгорон, барои он ки тафтишгарон бо натиҷагириҳои манфӣ барнагарданд, ҳама корҳоро анҷом медоданд. Ин ҳама омодагириҳои оҷилӣ дар дили хонандагон то ҷое ҳисси биму ҳарос меангехт...
Боре роҳбари синфамон хоҳиш кард, ки пагоҳ бо тайёрии ҳамаҷониба ба мактаб оем. Вақте суоломез ба рӯяш нигаристем, гуфт, ки аз пойтахт комиссия меояд.
Он рӯз тақрибан бист нафар хонанда дар ду тарафи даромадгоҳи мактаб бо гулдастаҳои тару тоза саф оростанд. Орои саҳни маҷлисгоҳи мактаб низ ғайриодӣ ба назар мерасид.
Баъди чанде хонандагони мактаб дар толор аз ҷо хеста зери кафкӯбиҳои дурудароз “ҳайати комиссия”-ро истиқбол гирифтанд.
Дертар фаҳмидем, ки аз пойтахт на ҳайати комиссия, балки шоирону нависандагон барои вохӯрӣ бо хонандагон омада будаанд...
Вақте тафтишгарон бармегаштанд, ҳаёти мактаб ба маҷрои муқаррариаш медаромад. Имрӯз дарк менамоям, ки он ҳама омодагириҳо назарфиребӣ ва худфиребие беш набудааст. Фикр мекунам, ана ҳамон тарзи зиндагии чашмбандӣ, ки аз мактаб оғоз меёфт, низоми таълиму тарбия, тандурустӣ, хоҷагии деҳот, дар маҷмӯъ, иқтисодиёти мамлакатро ба кӯчаи бунбаст даровард... Магар намешавад дар муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ходимон ва кормандон тибқи талаби виҷдон, замон ва стандартҳои пешбинишуда кор кунанд.
Дар ин навишта нақлеро доир ба сафари ҳайати комиссияе ба мактаб оварданиям.
Аъзои комиссияе дар ҳавои сарди тирамоҳ роҳи мактаби деҳаи дурдастеро пеш мегирад. Дар ними роҳ аз қазо мотори мошин хомӯш мегардад. Бо вуҷуди саъю ҳаракатҳои ронанда мотор ба кор намедарояд. Ҳайати комиссия, ки аз ду нафар иборат буд, сабру қарорашонро гум мекунанд. Зеро бояд ҳамон рӯз мактабро тафтиш карда бармегаштанд. Соате пас бачаи тақрибан 10-12 солаи харсаворе пайдо мешавад. Баъди салому алейк, вазъиятро дарк намуда, хоҳиш мекунад, ки ба онҳо кӯмак кунад. Ронанда нобоварона калиди дасташро ба бача медиҳад. Писарак, баъди панҷ дақиқаи даст ба нуқтаҳои даркорӣ бурдан, аз ронанда хоҳиш менамояд, ки мотори мошинро даргиронад. Бо як бор тоб додани калид, мотори мошин ба ҳаракат медарояд. Аъзои комиссияи ҳайратзада аз бача мепурсанд, ки ин ҳунару дониш аз куҷост ва агар мактабхон бошад, чаро имрӯз ба мактаб нарафтааст? Писарак посух медиҳад, ки падараш механики деҳа аст... Сабаби ба мактаб нарафтанаш қобилияти сусти дарсазхудкунии ӯст. Дирӯз роҳбари синфаш хоҳиш карда будааст, ки пагоҳ ба мактаб наояд.
— Чаро? — кунҷковӣ кард яке аз тафтишгарон.
Писарак ҷавоб дод: «Муаллим гуфт, ки пагоҳ комиссия меояд. Агар дар ҳузури онҳо бо ту суолу ҷавоб кунам, ба нодоният маро шарманда мекунӣ»...
Аъзои комиссия ба якдигар нигариста, табассуми маънидор карданд. Охир писарак кореро анҷом дод, ки аз дасти онҳо наомада буд...
Бача тандурусту солим аст ва қобилияту иштиёқе дорад. Илми педагогика бар он аст, ки метавон ба тавону салиқаи дарсазхудкунии чунин бачаҳо афзуд. Ин ҳама ба қобилият ва сатҳи дониши фанниву касбии омӯзгор вобаста аст. Дареғ, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонии мо роҳбару омӯзгорони тасодуфӣ ҳанӯз кору фаъолият доранд.
Агар роҳбари синфи бача медонист, ки шогирдаш қобилияти таъмири мошинҳоро дорад, намегуфт, ки пагоҳ ба мактаб наояд, бо ӯ пайваста машғулоти иловагӣ мегузаронд, намегузошт, ки сатҳи донишазхудкуниаш поин равад.
Тарҳи бино, таҷҳизот ва барномаҳои таълимии мактабҳои типи нави аҳди шӯравӣ, дар муқоиса бо мактабҳои қадим, бартариҳои зиёде доштанд. Бачаҳо зуд хондану навиштанро меомӯхтанд, диққати асосии ҷамоаҳои педагогӣ ба омӯзондани асосҳои илм нигаронида шуда буд. Вале аз чӣ бошад, ки қисми зиёди хатмкунандагони мактабҳои миёна, метавон гуфт, ки ҳаштод дар сади онҳо ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол, нақли хаттӣ, иншо навишта наметавонистанд, донишҳояшон аз фанҳои дақиқ на он қадар ба талаб ҷавоб медод. Ин иллат ҳанӯз аз байн нарафтааст...
Шоире фармудааст:
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Ишқи онро дар дилаш
андохтанд.
Фикр мекунам, ҳар як хонанда ба кору ҳунаре майлу рағбати дарунӣ дорад. Агар ҳар ду тавъам афтад, яъне хонанда ҳам иштиёқи ботинӣ дошта бошаду ҳам дониш, хеле хуб аст. Рӯйи эътибор ба майлу рағбати ботинии шогирдон гардондани тарбиятгарон ва омӯзгорон муъҷиза меофарад, соҳаҳои гуногуни ҳаётро бо кадрҳои баландмалака таъмин менамояд. Дар илми педагогика кор бо падару модарон, суҳбати индивидуалӣ бо хонандагон барин мафҳумҳо ҳаст. Агар омӯзгор аз таҳти дил ба хонандагон қаробат ҷӯяд, дар суҳбат бо онҳо донад, ки иқтидору лаёқаташон то куҷост, комёб мегардад. Мисолан, инҷониб мардеро медонам, ки қобилияти фавқулоддаи дар зеҳн ҳифз кардани рақамҳоро дорад. Вай рақами ҳамаи автомобилҳои боркашону сабукрави ҳамдеҳагони худро аз ёд медонад. Боре дар як суҳбат аз ҳамсояаш, ки рӯзгоре автомобили «Москвич-412» дошту ҳоло аз он ному нишоне намондааст, суол кард: «Амаки Салим, рақами ҳамон автомобилатонро дар ёд доред?» Ҳамсуҳбаташ ҷавоб дод: «Номи хӯроки дирӯз хӯрдаам дар ёд намемонаду ту аз ман рақами автомобили набударо мепурсӣ». Вақте мард рақами автомобили ӯро ба ёдаш овард, ӯ даст ба гиребони ҳайрат бурд. Атрофиён ба нерӯи ҳофизааш аҳсант хонданд. Мард ягон муассисаи таълими олиро хатм накардааст. Вале агар омӯзгор лаёқати ӯро дар овони мактабхонӣ сари вақт пай мебурд, дар соҳаи илмҳои дақиқ, ҳисобу китоб, молия аз вай мутахассиси баландпоя ба камол мерасид. Таассуф, ки бар асари лоқайдӣ дарахти бисёр истеъдодҳо бор наоварда хушк мешавад...
Роҳбари мамлакат бар он аст, ки дар тарбияи насли ҷавон ва омода кардани мутахассисони оянда бояд таҷрибаи кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон ба назар гирифта шавад. Фикр мекунам, агар бо назардошти тавону салиқа ва истеъдоди хатмкунандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, бо роҳи санҷиш, бе имтиҳон ба муассисаҳои таълими олӣ қабул карда шаванд, ба пешрафти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меояд.
А. СУБҲОНОВ.