ҚОДИРӢ ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

Ба навишта шудани китоби ёддоштии Ҳабибулло Қодирӣ «Дар бораи падарам», ки оиди ҳаёт ва эҷоди адиби маъруф Абдулло Қодирист, панҷоҳ сол пур гашт.

Ба навишта шудани китоби ёддоштии Ҳабибулло Қодирӣ «Дар бораи падарам», ки оиди ҳаёт ва эҷоди адиби маъруф Абдулло Қодирист, панҷоҳ сол пур гашт. Баъдтар ин асар бо тасҳеҳу иловаҳо чанд бор бознашр гардид.
Муаллиф оиди адибони тоҷике низ бо муҳаббат ҳарф мезанад, ки бо падараш муносибати наздик доштанд ё асарҳояшро бо меҳр хондаанд. Зимнан, Абдулло Қодирию писараш тоҷикиро балад буданд, ба тоҷикон ва адабиёти тоҷик ихлоси баланд доштанд.
Вақте А.Қодирӣ ба таъбид дучор ва хазон гашт, Ҳабибуллои писараш (фарзанди дуюми хонадон) 19 сол дошт. Лозим омад ғайр аз чизҳое, ки дар хотир дошт, материал ғун кунад, бо Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Иззат Султон, Уйғун, Назир Сафаров, Зиннат Фатҳуллин, Ғайратӣ барин адибони куҳансол, ки ба Қодирӣ наздикӣ доштанд, ҳамсуҳбат шавад. Бо ин роҳ биографияи А.Қодирӣ пуррагӣ касб намуд.
Маълумотҳои «Дар бораи падарам» оиди муносибатҳои дӯстонаи А.Қодирӣ бо аҳли қалами халқҳои бародар хеле ҷолиби диққат. Қодирӣ ва Бердӣ Карбобоев, Хидир Деряев, Мухтор Авезов ҳамкорӣ доштанд. Вай нависандаи рус Алексей Толстойро дар хонааш меҳмон кардааст, дар Маскав меҳмони Максим Горкий будааст. Асосгузори пояи адабиёти навини тоҷик Садриддин Айниро бошад, А.Қодирӣ устоди маънавӣ меҳисобид. Ҳабибулло Қодирӣ менависад, падарам нафақат аз аҳли қалами ӯзбек, балки аз устодони сухани халқҳои дигар, аз ҷумла озар, тотор, қазоқ, туркман роҳу равиши ҳунари нигорандӣ омӯхтааст. Огоҳиаш аз адабиёти тоҷик, хусусан, қариниаш бо устод Айнӣ имкон фароҳам овард бештар тавфиқ ёбад. Зимнан, Ҳ.Қодирӣ номи устод Айниро борҳо зикр намуда ва пайдост дар таълифи «Дар бораи падарам» аз «Ёддоштҳо»-и устод истифода намудааст. Вай менависад: «Садриддин Айнӣ дар муқаддимаи «Ёддоштҳо»-яш назар ба навиштани асари бадеӣ як дараҷа мураккабии хотиранависиро гуфта гузаштааст. Вақте ин хотираро менавиштам, ин фикри Айниро борҳо аз дил гузарондам ва дурустии онро тасдиқ намудам. Чунки дар таълифи хотира қалам танҳо аз паси факту рақамҳо қадам мегузорад, берун баромада наметавонад. Ин шарт имконияти баёнгарро маҳдуд месозад, ӯро маҷбур менамояд бештар ҷустуҷӯ кунад».
Назар ба қайди муаллиф, худи Абдулло Қодирӣ тарҷимаи ҳол навиштан, ҳуҷҷат ҷамъ кардан, дафтари хотира доштан, ба нафаре нома навиштанро одат накарда будааст. Баъзе ҳуҷҷатҳои мавҷуда оиди зиндагиномаи адиб низ бинобар мураккабии замон, воқеаҳои нохуше, ки дар хонадони Қодириҳо рӯй додаанд, аз байн рафтаанд. Муаллифро лозим омад асосан ба дида ва шунидаҳои 19-солааш, ки аз меҳру марҳамати падари бузургвор баҳраманд буд, такя намояд.
Дар ҷое менависад: «Адиби номии тоҷик Ҷалол Икромӣ ҳикоя карда буд, ки «ман солҳои 1930 дар омӯзишгоҳи тоҷикии Тошканд мехондам, бо ҳамсабақам, ки мансуб ба миллати қазоқ буд, дар як хобгоҳ мезистам. Ҳамон вақт бори аввал «Рӯзҳои гузашта»-ро хондам. Шабу рӯз, ки мутолиа мекардам, дӯсти қазоқам «ин қадар мехонӣ?» гӯён ҳайрон мешуд. Ман бошам «сабр кун, ту ҳам мехонӣ» гӯён аз китоб сар намебардоштам. Ниҳоят романро хонда тамом кардам ва ба дӯстам хондани онро тавсия намудам. Ӯ аввал дилу бедилона хонд, баъд аз таҳти дил дода шуд.
Як рӯз, ман дар ҳуҷра дарс тайёр мекардам, дӯстам «Рӯзҳои гузашта»-ро варақ мезад. Нохост ӯ парида хест, даричаи печкаро кушод, китоби дасташро ба коми оташ партофт. Ман ҳайратзада «Ҳой, ба ту чӣ шуд?» гуфтам. Вай гирист ва «Кумуш мурд!» гуфт... Китоби нимсӯхтаро базӯр аз печка гирифтам...»
Дар ҷои дигари «Дар бораи падарам» нақл шуда, ки вақти дар хонаашон меҳмоншавии Алексей Толстой, дар авҷи зиёфат, падараш рубоиҳои Умари Хайёмро дар асл мехонд, маънояшро ба ҳозирон мефаҳмонд.
Мегӯянд, устод Айнӣ повести «Одина»-ро навишта, ба Қодирӣ супоридааст, то хонда баромада, фикрашро гӯяд, ки дар ин бобат низ ишораҳои Ҳ.Қодирӣ мавҷуд. Қодирӣ «Одина»-ро хонда: «Асарингиз яхши, домла, бироқ озгина ӯт бериш керак, ӯқишли бӯлади» гӯён маслиҳат дода будааст.
Зимнан, Айнӣ дар «Одина»-и худ:
Кеча-кундуз ишлаган,
Нон дебон тош тишлаган,
Оғир исён бошлаган,
Мардикорлар қулмиди?..
Ё эгаси улмиди...
-ро навишта, ба зери шеър қайд кардааст: «Шу тӯрт банд шеър Абдулла Қодирий (Жулқунбой)нинг «Меҳробдан чаён» олтиғ романининг «Қирқ-қизлар» бобида «Назми» тахаллуси билан ёзилган шеърига шакл жиҳатдан ӯхшатмадир».
Ҳ.Қодирӣ менависад, «нахустнашри романи «Дохунда»-ро ҳанӯз нигоҳ медорам».
Дар китоб Айнӣ ин тавр дастхат гузоштааст: «Ӯртоқ Абдулла Қодирийга, ёзувчи томонидан арзимас ёдгорлик. 18 июл, 1931, Самарқанд. Айний».
Устодон Айниву Қодирӣ соли 1932 ҳамроҳ ба Маскав сафар ва дар маҷлиси ташкилии Кумитаи нависандагони иттифоқ иштирок карда буданд.
Борҳо шудааст Қодирӣ Айниро аз ҳуҷуми даҳонӣ ва ғайбати баъзе ҳаммиллатонамон ҳимоят намояд. Масалан, нафаре меҳмондӯстии Айниро инкор месозад, мегӯяд ман хуб мешиносам ӯро, ҳеҷ вақт ин гуна зиёфат надодааст. Қодирӣ ба даҳони ғайбатчӣ «мезанад» ва мегӯяд ба чӣ қадар дастархондорӣ ва меҳмондӯстии ӯ ман гувоҳ!
«Соли 1935 «Каждум аз меҳроб» бори сеюм нашр шуд, қайд намудааст Ҳ.Қодирӣ, худи ҳамон сол тарҷумаи тоҷикии Ализода низ аз чоп баромад (тавассути Нашриёти давлатии Тоҷикистон). Чанд нусхаи китобро аз Душанбе фиристоданд, дарҳол хонда баромадам. Падарам пурсид:
– Чӣ хел, тарҷума маъқул?
– Маъқул. Ба асл хеле наздик, – гуфтам.
– Забони форсӣ-тоҷикӣ хеле дилрабо, ибораҳои забонӣ ва урфу одатҳоямон хеле наздик, барои ҳамин ҳам тарҷума равон ва зебо мебарояд, гуфт ӯ...»
Муҳаббати ба тоҷикон, ба забон ва адабиёти тоҷик доштаи Абдулло Қодириро аз чунин қаламиҳои Ҳабибулло Қодирӣ низ пай бурдан мумкин, ки «Дар бораи падарам» инро ҳамеша хотиррасон менамояд.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: