Қоидаҳои амният дар ҷои кор

Сар задани ҳодисаи фалокатангез дар ҷойи кор, албатта, бисёр ногувор аст.

Сар  задани ҳодисаи фалокатангез дар ҷойи кор, албатта, бисёр ногувор аст. Мутаассифона, тӯли як соли охир миқдори онҳое, ки сиҳҳату саломат аз хона баромадаву ба ҷойи кор рафта, бинобар рӯй додани нохушӣ ҳалок шудаанд, қариб ба 200 нафар расидааст.
Сабаби асосии ин ҳолат – риоя насохтан ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ, беэътиборӣ нисбати кормандоне, ки ҳанӯз камтаҷрибаанд ва ҳоказо. Яке аз касбҳое, ки ба ҳаёт хавфнок аст, электрик аст, ва ин тақозо дорад кормандони соҳа дар ҷараёни кор боэҳтиёт бошанд.
Дар анҷумани таълимие, ки аз ҷониби корхонаи ҳудудии нуқтаҳои барқи Тошканд ташкил гардид, аз ҳамин бобат сухан рафт. Мақсад аз он – пешгирии ҳодисаҳои ногувор, хулоса баровардан аз фалокатҳои рӯйдода, кормандонро ба ҳамеша огоҳ будан даъват намудан. Дар чорабинӣ гуфта шуд вазифаи мо дар мавсими аллакай оғозёфтаи тирамоҳ-зимистон таъмини муттасили энергияи барқ ба аҳолӣ, айни замон риоя ба қоидаҳои амният ва техникаи бехатарист. Беҳуда нагуфтаанд, ки ин қоида барои кормандони соҳаи барқ «бо хун» навишта шудааст. Ташвишовар он ки тӯли 10 моҳи соли равон фалокатҳо дар ҷои кор 2 баробар зиёд шудаанд.

Андози иҷтимоӣ маҷбурӣ нест
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати аз муҳоҷирони меҳнатӣ ситондани андоз хабарҳо пайдо шуданд, ки ин ба паҳн шудани ҳар хел овозаҳо сабаб гашт. Вале мутахассисон ин фикрро рад сохтанд. 
Дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ бахшида ба мавзӯъ нишасти матбуотӣ доир гашт ва таъкид ёфт нафақа – ин пенсия нест, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мафҳумҳои нафақа ва пенсияро даромехта, аҳолиро саргаранг сохтаанд. Нафақа ба одамони ночор дода мешавад, пенсия бошад фақат ба шаҳрвандоне, ки ба бунёди пенсия ҳисса гузоштаанд, дар пиронсолӣ ҷудо карда мешавад. Муҳоҷири меҳнатӣ ба тарзи ихтиёрӣ миқдори муайяншударо (111 ҳазору 500 сӯм) пардозад, соҳиби собиқаи корӣ мегардад. Он пардохт андози иҷтимоӣ гуфта мешавад. Алҳол наздик 2 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мавҷуд бошанд, аз онҳо танҳо 104 нафарашон ихтиёрӣ андози иҷтимоӣ месупоранд. Миқдори онҳое, ки худро бо шуғл банд карда ва ихтиёрӣ андози иҷтимоӣ месупоранд, дар Ӯзбекистон бештар аз 21 ҳазор нафарро ташкил менамоянд, гуфта шуд дар анҷумани матбуотӣ.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: