Барои кор рӯз ва соати мувофиқро интизор нашав, ҳар рӯз, ҳар соат барои анҷом додани кор фурсати мувофиқ аст.
Барои кор ҷой ва гӯшаи мувофиқ ҷустуҷӯ накун, дониста бош, ки ҳар ҷо, ҳар гӯша барои кор кардан мавзеи муносиб аст.
***
Кор, дарс ва вазифаеро, ки иҷрои он имрӯз лозим аст, ба пагоҳ нагузор. Чунки ташвишу кори ҳар рӯз ба худаш кифоя аст.
***
Дар як вақт танҳо як корро иҷро кун, болои як дарс, як китоб, ҳатто як бахш фаъолият намо, то диққату қуввати ту заиф нагардад.
***
Кор, дарс, китоб, вазифаи оғозкардаи худро ба анҷом нарасонида, дигарашро шурӯъ накун, кори нотамом ба кори шурӯънашуда монанд аст.
***
Пас аз итмоми кори имрӯза нақшаи кори пагоҳро омода кун.
***
Ҳангоме ки ба сари кор менишинӣ, бо тамоми қуввати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ худатро ба он бубахш, мисли ҷанговаре, ки дар хати ҳуҷум душманро мушоҳида мекунад, ҳушёр бош!
***
Дар кор, агар бо душворӣ рӯбарӯ шавӣ, онро мағлуб накарда, як қадам ҳам ақибнишинӣ накун ва дониста бош, ки беқарорӣ коҳилии зери ниқоб аст.
***
Иштиёқи кор аз рафъи душворӣ пайдо мешавад ва қувват мегирад. Лаззати маънавии аз рафъ кардани душворӣ ҳосилшуда завқи бемисл аст.
***
Душвории ба корат дучоршударо аввал тақсим кун, баъд кӯшиш кун, ки ҳар як қисми онро бо навбат мағлуб намоӣ.
***
Давомдор ва мунтазам кор кун, дар ҷараёни кор танаффуси дароз лозим нест, то ки қобилияти фаъолияти ту суст нагардад.
***
Аз як кор монда шавӣ, барои истироҳат фаъолиятатро дигар кун, ё ки суръати онро суст намо. Фақат бо баҳонаи истироҳат бекор манишин. Ҳатто дар моҳҳои таътил кам бошад ҳам, кор кун.
***
Бештар фикр кун ва дониста бош, ки кор кардан аз ҳаракат ё хондану навиштан иборат нест.
***
Ҳангоми шурӯъ кардани ягон кор ё омӯзиши дарс бо саросемагӣ сабрро аз даст надеҳ, ба фаъолият ворид шав, танҳо саросема нашуда, онро ҳазм карда фаъолият намо ва омӯз.
***
Хашмолуд ҳеҷ вақт ба иҷрои ягон кор саъй накун, паст шудани онро интизор бош.
***
Агар барои иҷрои коре ба қарори муайяне омада натавонӣ, ҷиҳатҳои фоидаовар ва зараровари онро хуб фикр кун. Кореро, ки фоидаи беш ва зарари кам дорад, интихоб намо.
***
Аз таҷрибаи калонсолон истифода бар, чизи аз таҷриба гузаштаро беҳуда таҷриба накун, ки пушаймон хоҳӣ шуд.
***
Пеш аз шурӯъ кардани кор бисёр фикр кун, пушаймонии сонӣ суд надорад.
***
Аз комёбии худ мағрур нашав, мағрурӣ душмани ашаддии комёбиҳои ояндаи туст.
Тарҷумаи
Х. ҲАМИДОВ.