ҚОИЛМАҚОМИ АҶДОДИ САРБАЛАНДИ ХУД БОШЕМ

Фармудаи маорифпарвари бузург Абдулло Авлонӣ: «Таълиму тарбия барои мо масъалаи ё ҳаёт, ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё саодат, ё фалокат аст», барои ҳар як омӯзгор бояд шиори рӯзмарра гардад.

 Дар ҳар як давру замон таълиму тарбияро масъалаи муҳим ҳисобидаанд. 

Мулоқоту суханҳои самимии Президент бо мураббиён ва омӯзгорон ба муносибати иди касбиашон, албатта, ҳар як равшанфикрро ба мулоҳиза ва андешаронӣ водор месозад.
Агар ислоҳоти солҳои охирро амиқтар таҳлил намоем, дар соҳаи таълим ба рушди зинаи аввали тарбия – таълими томактабӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд. Ин, албатта, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯзбекистони Нав таълиму тарбия ба масъалаи «ҳаёт ва мамот» табдил меёбад. 
Дар беш аз 37 ҳазор боғчаи бачагон, зиёда аз 10 ҳазор мактаб  – мақсади асосӣ баланд бардоштани сифати таълим мебошад. 
«Ҷомеае, ки муаллимашро эҳтиром мекунад, бешак, пеш меравад ва рушд меёбад. Агар ҷомеа тағйир наёбад, пешравӣ ҳам намешавад. Аммо кӣ қодир аст, ки тафаккури одамон ва ҷамъиятро тағйир диҳад? Берунию Ал-Хоразмию Фарғониҳои навро кӣ тарбия карда метавонад? Ба иҷрои ин вазифаи бузург ва рисолати воқеан таърихӣ, шумо, устодону мураббиён қодиред», гуфт сарвари давлат. 
Ҳар сол муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуда, пойгоҳи моддиву техникии онҳо мустаҳкам ва шумораи кадрҳо зиёд мегардад. Дар ҳафт соли охир дар беш аз 5 ҳазор мактаб корҳои сохтмону таъмир ба охир расид. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм хӯроки бепул ба беш аз 288 ҳазор нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ роҳандозӣ гаштааст. 
Музди меҳнати муаллимон нисбат ба соли 2018 ба ҳисоби миёна 2,5 баробар зиёд гардид, маоши профессор ва устодон 4,5 маротиба, аз моҳи октябри соли ҷорӣ музди меҳнати педагогҳо боз 15 фоиз афзуд. 
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки дастгирии муаллимон ва рағбатноксозии онҳо идома дода мешавад. Муаллимоне, ки дар озмоишҳо 86 ва аз он бештар холҳоро ба даст медароранд, ба миқдори 70 фоизи иловагии маош соҳиб мегарданд. Ба ғолибони озмуни «Муаллими сол» манзили истиқоматӣ пешниҳод мегардад. 
– Муаллимони босавод ва шуҷоъ ғановати нодири халқамон мебошанд. Бинобар ин, бояд зери унвони «Эҳтироми муаллим» китоб ва филмҳо офарида шаванд, – иброз намуд роҳбари давлат. 
Ба ивази чунин ғамхориҳои ҳукумат муаллими имрӯз бояд дар ислоҳоти соҳаи таълим боз ҳам фаъолтар иштирок намуда, дар роҳи ба ҳаёт татбиқ намудани ғояи «Ӯзбекистони Нав – ҷамъияти бомаърифат» саҳми муносиб гузорад. 
Солҳои охир хонандагони мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳатто хориҷӣ иштирок намуда, ғолибиятро ба даст оварданд. Ё ин ки баъди хатми мактаб 90 фоизи хонандагони баъзе мактабҳои тоҷикӣ ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд.   
Боиси хушнудист, ки сафи занону духтароне, ки баъди хатми мактаб таҳсилро дар донишкадаву донишгоҳҳо идома медиҳанд, сол  то сол меафзояд. Охир, модари бофарҳанг фарзандони боодоб, ватандӯсту халқпарварро ба воя мерасонад.   
«Шолӣ бе курмак намешавад», гуфтааст мардуми пурдидаи мо. Баробари дастовардҳо дар соҳа камбудиҳо низ бисёранд. Ҳастанд муаллимоне, ки ба касби пуршарафи худ аз паси панҷа нигоҳ мекунанд. Танҳо барои маошу рӯзгузаронии худ мактаб рафта меоянд.
– Муаллимаи фанни «Шиносоӣ бо атрофу муҳит» як матнро ба дафтар кӯчонед гуфта, худ фақат бо пардоз машғул мешавад, ё соати дароз бо дугонааш бо телефон суҳбат мекунад, – мегӯяд набераам Сафия, ки ба яке аз мактабҳои пойтахт меравад. 
Вақте муаллим ба дарс хунукназарона муносибат мекунад, аз хонанда чиро интизор шудан мумкин? Боре бо ҳамсоязан доир ба мактаб, тарбияю ахлоқи набераҳо суҳбат оростем. 
– Набераам дар синфи 9-ум мехонад. Ба мактаб як рӯз равад, ду рӯз намеравад. «Гвардияи миллӣ», ки ба мактабҳо вобаста карда шудааст, хона омада набераамро гирифта мебарад. «Барои чӣ мактаб намеравӣ?» – пурсидам аз ӯ. «Дар мактаб фанҳои барои ман нодаркориро меомӯзонанд. Ба он фанҳо шавқ надорам», ҷавоб дод набераам. Чунин рафтори ӯ падару модарашро ниҳоят ба ташвиш андохтааст. Агар хонанда се рӯз ба мактаб наравад, 300 ҳазор сӯм, агар аз он зиёдтар аз дарс монад, миқдори ҷарима аз он зиёдтар мешудааст, – мегӯяд ҳамсоязан. 
Аҷиб, чаро хонанда ба мактабу муаллим чунин муносибат дорад? Оё ин рафтори онҳо «ба серӣ – шӯхӣ» нест магар? Падару модар барои онҳо таомҳои дилхоҳ, либосу пойафзор, китобу дафтар ва дигар ҷиҳозҳои хонишро муҳайё карда мондаанд. «Фарзандамон аз қатор кам нашавад» гуфта, шабу рӯз меҳнат мекунанд. Аммо тартиб, интизом, ахлоқи баъзе хонандагон шахсро ба андеша кардан водор месозад. Боре дар яке аз барномаҳои телевизионии «Муносибат» дар атрофи мавзӯи мактабу маориф суҳбат рафт. Иштирокдорон таклиф ба миён гузоштаанд, ки бояд ба мактабҳо мард-муаллимонро бештар ҷалб намоем. Мард-муаллим сахтгир, серталаб ва ҷиддитар ба таълиму тарбия мепардозад. Зан-муаллимҳо, ки модар ҳастанду табиатан нарманд, дар таълиму тарбияи хонанда, бахусус писарбача, саҳлангорӣ мекунанд.          
Рӯзномаи «Овози тоҷик» минбари омӯзгорон низ аст. Солҳое, ки дар мактаби миёна аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медодем, рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») ҳамроҳи ҳамешагии мо буд. Ба он хонандагони синфҳои болоӣ низ обуна мешуданд. Фикр мекардем, ки рӯзнома дар баробари хонандагонашро аз навигариҳои олам хабардор кардан, ба насли наврас забон низ меомӯзад. Рубрикаҳои «Ҳаёт ва мактаб», «Машъалони маориф» хеле ҷолиб буданд. Ба ҳаёти мактабҳо саҳифаҳои алоҳида бахшида мешуд.  
«Овози тоҷик» имрӯз ҳам ин анъанаро давом медиҳад, гӯша ва саҳифаҳои махсусе дорад, ки ба ҳаёти муассисаҳои таълими олӣ, миёна ва миёнаи махсус бахшида мешаванд, ҳатто кӯдакистонҳо низ дар канор намемонад. Дар ин саҳифаҳо машъалони маориф – омӯзгорони пешқадам, мисли Ҳотамалӣ Раҳматов, Дилмурод Қӯзиев, Элмурод Рӯзиев, Саодат Сангинова, Шарофхон Мирзоев, Содиқ Сулаймон ва дигарон аз вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо мақолаҳои методӣ ба ҳамкасбони худ, баробари усули дарсдиҳӣ омӯхтан, доир ба бартараф намудани мушкилоти соҳа фикрҳои ҷолиби худро ба миён мегузоранд. Онҳо дар навиштаҳояшон ба қарору фармонҳои роҳбари давлат такя мекунанд. 
Мо фикр мекунем, ки омӯзгорон ба ғамхориҳои ҳукумат, ки доир ба соҳа пешниҳод месозад, «лаббай» гуфта ҷавоб медиҳанд, ба беҳ шудани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо саҳм мегузоранд. 

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».      
     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: