ҚОМУСИ МО – НОМУСИ МО

Дар арафаи 32-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Баҳодурҷон Шермуҳаммадов бо чанд суол муроҷиат кардем.

– Баҳодурҷон Шермуҳаммадович, мехостам суҳбатамонро аз боби аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз кунем. 

– 32 сол муқаддам Конститутсияи мо қабул карда шуд ва онро мардуми кишвар бо хушҳолии бузург истиқбол намуд. Қабули ин ҳуҷҷат, бемуҳобот, ҳодисаи беназиру таърихист. Зеро он ҳуҷҷате маҳсуб меёбад, ки барои мардум  роҳи дурусти зиндагиро муайян мекунад. Дарвоқеъ, қайди он нукта низ бамаврид аст, ки истиқлоли давлатии ҳар як мамлакат аз қабули парчам, нишон ва суруди миллӣ шурӯъ мешавад. Баъд зарурати қабули Қонуни асосӣ ба миён меояд. Мамлакати мо ин давраро паси сар намуд ва имрӯз ӯзбекистони соҳибистиқлол, ки «Ӯзбекистони Нав» унвон гирифтааст, дорои ин се рамзи давлатӣ ва Конститутсияи худ мебошад. Имрӯз Қонуни Асосӣ, ки дар таҳрири нав қабул гардид, иқтидор ва салоҳияти кишварамонро аз ҳар ҷиҳат ҷилвагар месозад. Дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки қабули Конститутсия барои давлат ва мардуми мо то кадом андоза молики аҳамият мебошад. Пеш аз ҳама, он мувофиқи ғояҳои ҳуқуқи инсон ва соҳибихтиёрии давлатамон навишта шудааст. Гузашта аз ин, Қонуни Асосӣ бо дарназардошти ҳамон эҳсоси масъулият нисбати наслҳои имрӯза ва фардо таҳияву таълиф гардидааст, ки дар ҳар як моддаи он маънову мундариҷа хеле равшану возеҳ таҷассум  ёфтаанд. Яъне, Конститутсияи мо ҳуҷҷати асосии зиндагиномаи ҳуқуқии давлату ҷамъияти мо буда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро пурра кафолат медиҳад, ҳамзамон дар мамлакат волоияти қонунро таъмин менамояд. Он ҳуҷҷатест, ки садсолаҳои дигар барои мардуми мо хидмат хоҳад кард.

– Қонунҳои дигар низ мавҷуданд, аммо чунин афзалият танҳо дар Қонуни Асосӣ дида мешавад. Дуруст аст?

– Бале. Аз рӯйи моҳият ва табиати ҳуқуқии худ Конститутсия аз ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқӣ бо як қатор ҷиҳатҳои муҳим ва афзалиятноки худ фарқ мекунад. Яъне он ҳуҷҷати асосиест, ки давлат ва ҷамъият маҳз бар асоси он муносибатҳои иҷтимоиро ба роҳ мемонанд ва аз чаҳорчӯби он берун фаъолият кардан имконнопазир мебошад. Агар ба таври дигар бигӯем, Конститутсия асоси ҳамаи қонунҳои кишвари мост. Он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, шакли беназири ҳифзу ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ мебошад, инчунин танзиму тартиб ва муқаррароти конститутсиониро бар дӯш дорад, роҳнамои ҳақиқии ҳаёти мардуми Ӯзбекистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

– Барои пойдории адолат дар ҷамъият ба қадру қимати инсон, такя ба Қонуни Асосиро меёъри муҳим мешуморанд. Назари шумо дар ин робита чӣ гуна аст?

– Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон аз рӯзҳои аввали касби истиқлол барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафу мароми асосии худ қарор додааст ва дар ин ҷода солҳои дароз талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Конститутсияи мо, ки рӯҳияи демократӣ ва адолати иҷтимоиро фаро гирифтааст, мутобиқи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ қабул шудааст. Он тайи муддати сипаришуда тавонист барои шаҳрвандони Ӯзбекистон зиндагии шоистаро кафолат диҳад ва мавриди эътимоди онҳо қарор гирад. Яке аз бузургтарин дастоварди мо – дар асоси қонуну принсипҳои ҷумҳурии худ, бо ташаббуси Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев қабули «Стратегияи ҳаракат» ва ба ислоҳоти густурда ва пуршиддати демократӣ шурӯъ намудан мебошад. Натиҷаи ҳамин аст, ки симои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, ҷаҳонбинии мардуми мо дар солҳои охир ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳоло халқи мо ба ин қувва такя намуда, барои дар мамлакатамон барпо намудани ҳаёти озоду обод ва осудаву фаровон фидокорона меҳнат мекунанд.

– Қонуни Асосӣ ҷиҳати бароварда сохтани орзуву ормонҳои мардум то чӣ андоза мусоидат менамояд?

– Мегӯянд, ки Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи ҳар як мамлакат аст. Яъне дар муносибатҳои ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ Конститутсия меъёри асосиро ифода мекунад. Дар ин ҳуҷҷати муҳим маҳз орзую умедҳои умумии миллату мардуми ҳамон кишвар таҷассум ёфтаанд, ки онро имрӯз Ӯзбекистони Нав меноманд. Бояд эътироф кард, ки ибораи «Ӯзбекистони Нав» на танҳо дар кишвари мо, балки дар арсаи байналмилалӣ на ҳамчун мафҳуми нав, балки ҳамчун падидаи воқеии иҷтимоӣ пазируфта шудааст.

– Дар меҳвари моддаҳои Конститутсия кадом масъала қарор дорад?

– Имрӯз дар асоси меъёри конститутсионии «Халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст» низоми муассир ва устувор ташаккул ёфтааст, ки тибқи он халқ ба мақомоти давлатӣ не, мақомоти давлатӣ ба халқ хидмат мекунад, ба Конститутсия ва қонун хидмат мекунад. Қонуни асосии мо соҳибихтиёрии давлат (боби I), ҳокимияти халқӣ (боби II), Конститутсия ва волоияти қонун (боби III), масъалаҳои сиёсати берунӣ (боби IV)-ро дарбар мегирад ва ҳамчун қувваи роҳнамои тараққиёти ҷамъият дар тамоми ҷабҳаҳо хидмат мекунад. Дар кишвари мо ислоҳоти бебозгашти демократӣ амалӣ мешавад. Пеш аз ҳама, барои дастгирӣ ва татбиқи ҳуқуқи ҳар як шахс дар Қонуни Асосӣ кафолати устувори иҷтимоӣ қарор дода шудааст. Дар тамоми соҳаҳо манфиатҳои инсонро таҳти ҳимоя қарор додааст, дар меҳвари бахши суду ҳуқуқ низ принсипи асосӣ адолатнокӣ ва ҳимояи инсон мебошад.

– Ин принсипҳо то чӣ андоза дар ҳаёт татбиқ мегарданд?

– Барои таъмини принсипи адолат, ки дар Конститутсия ифода ёфтааст, корҳои бузург пиёда карда мешаванд. Хусусан, ба манзури коҳиши камбизоатӣ ғояи «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад» бобати аз беху бун ислоҳ кардани сохтори таълими миллӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҳама хурсандиовар он, давраи пешрафте, ки халқи мо дар самти рушди илму фарҳанг ва санъат, адабиёту варзиш, баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию тарбиявӣ, дарк намудани истеъдод ва маҳорати ҷавонон, махсусан духтарони мо ноил шудааст, амалӣ гардонидани орзую умеди насли наврас, тайёр кардани заминаи мустаҳкам барои омӯзишу парвариш ва фароҳам овардани имкониятҳои бемислу монанд мебошад. Инро мо дар ҳаёти воқеӣ мебинему эътимод ҳосил мекунем, ки роҳи пешгирифтаи Президент, давлати мо манфиатҳои мардуми онро ҳимоя мекунад.

– Пас, мешавад гуфт, ки Қонуни Асосӣ ба мардум шароит фароҳам овардааст, ки ҳарфи худро озодона бигӯянд ва дар доираи қонун ба зиндагиву фаъолият машғул шаванд?

– Бечунучаро чунин аст. Қайд карданро лозим медонам, ки дар мамлакати мо волоияти Сарқонун ва қонунҳои дигар саропо эътироф мешавад, ки ҳеҷ як муқаррароти он наметавонад ба тарзе шарҳ дода шавад, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои Ӯзбекистон зарар расонад. Гузашта аз ин, ягон қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ хилофи меъёру қоидаҳои Конститутсия нест ва ҳамин нукот боз як далели дурустии ин гуфтаҳо мебошад. Бар иловаи инҳо, вақте ки ҳар як мамлакат роҳи истиқлолият ва тараққиёти худро интихоб мекунад, дар Қонуни асосии худ мақсаду вазифаҳоеро мукаммал менамояд, ки ба таъмини некуаҳволии халқ хидмат мекунанд. Як далел бояд ба ҳамаи мо равшан бошад: дар баробари ислоҳоте, ки мо дар ҳамаи соҳаҳо мегузаронем, ҷараёнҳои ошкорбаёнӣ ва кушодагӯӣ дар ҷамъият рушд хоҳанд кард ва бозсозии мансуб ба демократикунонӣ ҳаргиз қатъ намегардад. Зеро мо бо ҳамин роҳ устуворона пеш меравем. Охир, боз ҳам ободу осудатар гардонидани ҳаёти халқамон, ба ҳар як одами сокини диёрамон, сарфи назар аз миллату забон ва дину мазҳаб, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намудан вазифаи асосии давлат ва ҷамъияти мост.

Бовар дорам, ки хамаи ҳамватанони мо дар роҳи чунин мақсади наҷиб ва пуршараф чун як тану ҷон меҳнат карда, ҳамчун бинокорони Ӯзбекистони Нав дар ин майдон ҷасорату матонат нишон медиҳанд. Аз ин раванд, албатта, ҷамоаи донишгоҳи мо низ дар канор нахоҳанд монд.

– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

Суҳбаторо Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: