ҚОНУНЕ, КИ ТАСДИҚАШ НИШОТ БАХШИД

Баъди кушода шудани ҷамъомади дуюми Сенати Олий Маҷлис сенаторҳо муҳокимаи масъалаҳои гузошташударо аз дида баромадани таҳрири нави Қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шурӯъ намуданд.

Баъди кушода шудани ҷамъомади дуюми Сенати Олий Маҷлис сенаторҳо муҳокимаи масъалаҳои  гузошташударо аз дида баромадани таҳрири нави Қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шурӯъ намуданд.
– Ҷиҳати фарқкунандаи ин масъала он аст, ки қабул шудани онро даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо бо вуҷуди пурҳаяҷон нигаронанд, – гуфт раиси Сенат Т. Норбоева.
Бале, 28 феврали соли равон – рӯзе, ки ин ҳуҷҷати муҳим тасдиқи худ ёфт, рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир ба наздик 50 ҳазор ҳамдиёрони мо буд. Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ин масъалаи бисёр муҳимро низ аз мадди назар дур накард ва вазифа гузошт дар ин самт таъҷилан чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ андешида шаванд. Вай гуфт, аз ҷумла, шахсоне, ки то соли 1995 ба ҷумҳурӣ омада буданд ва аз он замон дар ин кишвар умр ба сар мебаранд, бояд ба таври автоматӣ шаҳрванди Ӯзбекистон гарданд.
Аснои баррасии таҳрири нави қонун дар ҷамъомад қайд гардид, қариб тамоми меъёрҳои ин ҳуҷҷат, ки 28 сол қабл аз ин қабул шуда буд, куҳна шуда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Нукта ва талаботи меъёрие, ки таҳрири нави қонун фаро гирифта, ба соддагардонии шаҳрвандӣ, тартиби маъмурӣ вобаста ба масъалаҳои ба таҳкими механизмҳои ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар қабул ва баромадан аз шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Дар назди Президент Комиссияи оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ фаъолияти худро ҷоннок намудааст. Мақом, вазифаҳои асосӣ, ваколатҳои ин комиссия пурзӯр, аз ҷумла, тартиби муайянсозии шаҳрвандӣ нисбати кӯдакон аз рӯи таваллуд ё худ аз рӯи шаҳрвандии падару модари онҳо мушаххас гардидааст. Зимни баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ минбаъд корбаст гардидани механизмҳои ҳамкории байниидоравӣ қобили таваҷҷӯҳ мебошад.
Сабаб ва ҳолати дар ҳамин сарзамин ба дунё омадаву солҳо инҷониб дар ҳамин диёр зиндагӣ карда, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ бебаҳра мондани қисме аз ҳамватанонамон маълум: дар давраи иттиҳод онҳо бо тақозои қисмат берун аз ҷумҳурӣ кору зиндагӣ карда, баъди истиқлол боз ба диёри худ баргаштаанд. 
Масъалаи паспорт ва барқарорӣ ба шаҳрвандӣ онҳоро хуни ҷигар намуд. Дар қонун оиди шаҳрвандӣ роҳҳои чӣ тавр шаҳрванд гардидан муайян карда шуда бошад ҳам, низом рӯи коғаз буду халос. Шаҳрвандӣ яке аз дардноктарин масъала шуд. Аз муроҷиатҳо ба номи роҳбари давлат ва ё идораҳои болоӣ натиҷае ба даст намеомад.
Нақл мекунанд, нафаре аз ҳамдиёрони мо дар Душанбе таҳсил ва баъди хатми донишкада чун пажӯҳишгар дар он ҷо монд, номзадӣ ҳимоя ва дар донишкада чанд сол муаллимӣ кард. Баъди пошхӯрии иттиҳод ба диёри падарӣ баргашт. Паспорт доданд, дар мактаби деҳа муаллимӣ намуд. Рӯзе ба «идораи паспорт» хонданд ва гуфтанд паспорташро амонат ҳамон ҷо гузорад, супориш шудааст ҳуҷҷатҳо дубора дида баромада шаванд. Вай паспорташро супурд. Вақте ба гирифтани он рафт, гуфтанд, ки ғайриқонунӣ паспорт гирифтани шумо фош гардид, маслиҳат ҳамин: аз куҷо омада бошед, ба ҳамон ҷо баромада равед. Ба тахтапушташ арақи сард тохт... Бо як ҳол ба манзили худ баргашт. Акнун ӯро, ки ба таври автоматӣ аз кори мактаб дур андохта буданд, дар манзили падариаш ором намегузоштанд. «Участковой» бегона не, ҳамсинфи худаш. Баромада равад? Ба куҷо? Чӣ тавр меравад вақте беҳуҷҷат аст? Шиносномаи аввалаашро гирифта, паспорт дода буданд. Бе ягон ҳуҷҷат чӣ тавр ба сарҳади давлатӣ наздик шудан мумкин? 
«Участковой» ӯро мефаҳмад ва: «Маро ҳам фаҳм, ҳамсинф!» – мегӯяд хуни ҷигар хӯрда. 
Ҳамдиёрони мо, ки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя чун олим ё муҳаққиқ, чун намояндаи адабиёт ё санъат кор карда, баъди бозгашт ба Ватан бинобар масъалаи паспорт, мосувоӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ солҳои дароз сарсону саргардон шудаанд, хеле зиёд. 
Ба пажӯҳишгаре, ки солҳои пирӣ ба диёр баргашт, аснои бо коре ба Тошканд омадани ӯ яке аз қарибонаш дами гусел мегуфт: «Эҳтиёт шавед. Аз милисаҳо!»
Бале, мавриди таъқиб буданд ин гуна шахсҳо. Аз дузд, роҳзан ё авбош не, аз милиса эҳтиёт мешуданд бепаспортҳо.
Дуруст, онҳо ҳуҷҷати шахсро тасдиқкунанда доштанд. Вале онро нишон диҳанд, саволборон: «Кай омадӣ ва чаро? Чӣ кор мекунӣ дар ин ҷо?»
Дар посгоҳи Водил (вилояти Фарғона) марзбон ба нафаре мегуфт: «Бо ҳуҷҷате, ки шумо доред, ба гузаштан рухсат дода наметавонем...»
Зан ва кӯдакони ӯ рӯи замин менишастанд. Аз беҳолӣ. Гирям мегуфт занаки бечора. Кӯдакон низ он қадар маъюс. Гуноҳи онҳо чист? Ин малул ва музтармондагон бегона не, зода ва парвардаи ҳамин сарзамин. Намояндаи ҳамин халқ ва миллат. Ба тӯй ё сайру дилхушӣ не, эҳтимол, банобар мусибати оилавӣ ба роҳ баромадаанд онҳо. Аз ноилоҷӣ! Вале роҳашон – баста. Гуноҳи марзбонҳо низ не – ба  низом риоя мекунанд онҳо. Ба қонун. Ба қонуне, ки на ҳар гуна ҳуқуқ ва озодиҳои шахс дар он муҷассаманд. 
Ҳамдеҳаи мо Ҳамдамака солҳои дароз дар комбинати кони симоби шаҳраки Ҳайдаркони ҷумҳурии ҳамсоя кор кард. Баъди нафақаи пиронсолӣ ба ноҳияи Сӯх баргашт, чанд сол чун раиси маҳаллаи Янгиариқ ба халқ хидмат намуд. Барои шиносномаи шахсро тасдиқкунандаи худро бо паспорти Ӯзбекистон иваз кардан чӣ қадар давутоз намуд. Бефоида. Ба деҳа равам ва дучор оем, мегуфт: «паспорт адо кард!» 
Адошавиаш рост будааст. Паспорт гирифтан насиб накард, вафот кард.
Бепаспортӣ Ҳусейнхон Сафаров ном ҳамсояамро низ, ки дар Ҳайдаркон кор карда, ба деҳа баргаштааст, азияти зиёд дод. Духтараш бемор шуд, ба яке аз беморхонаҳои вилоят хобонданд. Хост хабар гирад. Ба чӣ аҳволе дучор шуд дар сарҳад, чунки ноҳияи Сӯх азбаски дар дохили Қирғизистон воқеъ гаштааст, даробаро бе паспорт намешавад.
Тақрибан даҳ сол қабл яке аз шиносҳоямон, ки аз Сурхондарё баргашт, воқеаи ғамангезеро нақл намуд. Зани аз Тоҷикистон ба Тирмиз келиншударо баъди чанд соли зиндагии қонунӣ бо шавҳараш бо баҳонаи он ки бепаспорт аст, маҷбуран ба зодгоҳаш гуселондаанд. Девонаавзоро мемонд писарчаи шаш-ҳафтсолаи ӯ, ки дар кӯчаҳо: «Очемро бурданд, очемро бурданд!» – гӯён фарёд мезад, оби дидааш шашқатор буд.
Хулоса қонун ба ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодии шахс ҳамоҳанг буда, қабул гардидани он дар таъмини ҳуқуқи шахс ва такмили қонунгузории шаҳрвандӣ боз як қадами ҷиддӣ гардид.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: