ҚОНУНИ АСОСИРО ДИГАРГУНИҲО ИНТИЗОР АСТ

Ин дигаргуниҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд?

Оё дар ҳаёти мардуми ҷомеаи кишвар ин дигаргуниҳо тағйироте ворид хоҳанд кард? Инҳо аз саволҳои марказӣ маҳсуб меёбанд, ки шояд дар сари ҳар як шаҳрванди мамлакат чарх мезананд ва ба он ҷавоб меҷӯянд. Дарвоқеъ, соли 2022 дар таърихи Ӯзбекистони Нав ҳамчун соли ислоҳоти конститутсионӣ дохил хоҳад шуд, ки ин сухани хушку холӣ нест.
Дар айни ҳол дар назди Комиссияи миллии ислоҳоти Конститутсияи Ӯзбекистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки аз сиёсатмадорон, депутатҳо, сенаторон, ҳуқуқшиносон, журналистон, инчунин соҳибони касбу кори дигар иборат аст. Аъзои гурӯҳ ба ҷамъоварии пешниҳоду дархостҳо барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосӣ машғуланд. Гуфта мешавад, ки Қонуни Асосии такмилёфта пешрафт ва рушди бузурги ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишварамон таъмин хоҳад кард.
Дилшода Раҳматова, узви ин гурӯҳ дар суҳбат бо мухбири “Овози тоҷик” изҳор кард, ки Қонунуи Асосии амалкунанда се даҳсола пеш қабул шудааст. Яъне дар он давра ҷумҳурии мо акнун қадамҳои аввалини демократии худро ба пеш мегузошт. Қонуни асосӣ бо дарназардошти ташаккули арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ, таъмини ҳуқуқи инсон тавонист дар даврае, ки паси сар кардем, нақши муҳим бозад. 
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо дигаргуниҳои куллие, ки бо суръат давом доранд, аз як тараф, дар назди давлат, ҷомеа ва шахсият талаботи навро ба миён мегузоранд, аз тарафи дигар, ҳалли саривақтии масъалаҳои бавуҷудомада тақозо мекунанд, ки Конститутсия бояд такмил ёбад ва ҷавобгӯи ин давру замон бошад.
Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи 9 равия ибрози ақида кард, ки бояд ҳангоми ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосӣ мадди назар бошанд ва ин равияҳо иборатанд аз:
– табдили принсипи дар қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии пештара мавҷуди «давлат – ҷамъият – шахс» ба принсипи нав – «шахс – ҷомеа – давлат»;
– консолидатсияи манфиатҳои инсон ҳамчун меъёри асосии раванди ислоҳоти иқтисодӣ;
– аз нигоҳи конститутсионӣ таҳким бахшидани нақш ва мақоми институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки принсипи «Ҷомеа ташаббускори ислоҳот аст»-ро инъикос менамояд;
– дар Қонуни асосӣ муайян намудани асосҳои конститутсионии рушди ниҳоди оила, ба наслҳои оянда эҳтиёткорона расондани арзишҳои анъанавии инсонӣ ва беш аз пеш мустаҳкам намудани ваҳдати байни миллатҳои кишвар;
– дар Конститутсия инъикос ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо;
– мустаҳкам намудани принсипи «Ӯзбекистони Нав – давлати иҷтимоӣ» ҳамчун меъёри конститутсионӣ;
– пешгирӣ аз меҳнати кӯдак, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқи маъюбон, намояндагони насли калонсол;
– ба Конститутсия ворид намудани меъёрҳои марбут ба ҳуқуқи экологӣ;
– дар сатҳи конститутсионӣ муттаҳид намудани рушди кӯдакистонҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, макотиби олӣ  ва илм, ки ҷузъҳои ба ҳам алоқаманди бунёди Ренессанси сеюм мебошанд.
– Гурӯҳи корие, ки дар он шомил ҳастам, маҳз ба ҳамин соҳаҳо эътибори хоса равон хоҳад кард, ки дар Қонуни Асосии амалкунанда ба таври амиқ акси худро наёфтаанд, барои мардуми мамлакат муаммоҳо эҷод намудаанд ва тӯли солҳо масъалаҳои зиёд ҳалли худро пайдо накардаанд, – мегӯяд Д. Раҳматова.
Ба таъкиди мавсуф пӯшида нест, ки дар солҳои аввали истиқлолияти мамлакат, ҳангоми қабули Конститутсия дар Ӯзбекистон ҳуқуқи моликият, аз ҷумла, ҳуқуқ барои моликияти хусусӣ, тартиби ҳифзи он пурра ташаккул наёфта буд. Барои ҳамин дар соҳаи муҳофизати моликияти хусусӣ ҳоло низ як қатор мушкилоти умда ба назар мерасанд.  
– Нуктаи дигар аз ҳамин иборат аст, ки дар ҷумҳурӣ ба рушди ниҳодҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар натиҷаи чорабиниҳои пиёдашуда 200 ташкилоти калони ғайритиҷоратию ғайридавлатӣ, ки ниҳодҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд, ба фаъолияти худ шурӯъ намудаанд, – иброз дошт Дилшода Раҳматова.
Ӯзбекистон аз шумори он кишварҳо маҳсуб меёбад, ки дар он таваҷҷуҳ ба ниҳоди оила авлавияти хос касб намудааст ва пайдо кардани ҳамоҳангии арзишҳои миллӣ ва муосир ҳамеша мадди назар қарор гирифтааст.
– Агар ба ҳолати 11 июн назар андозем, бештар аз 20 ҳазор таклифу дархост расидаанд. Қисмати аъзами он тавассути платформаи “meningkonstitutsiyam.uz” пазируфта шуд, – мегӯяд Дилшода Раҳматова.
Гуфта мешавад, ки муаллифони 70 дарсади ин пешниҳодҳо ҷавонони то 30-сола мебошанд ва дар ин маврид шаҳри Тошканд, вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Сурхондарё ва Ҷиззах фаъолнокии бештар нишон медиҳанд. 
Имрӯз яке аз масъалаҳои асосӣ ҳифзи ҳуқуқи экологӣ мебошад. Ин масъала нафақат Ӯзбекистон, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин ба далели он сурат гирифтааст, ки чанд даҳсола ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ масъалаи мавриди назар қарор гирифта, ба масъалаи экологӣ чандон таваҷҷуҳ сурат нагирифтааст. Аммо ҳоло вазъият ба самти мусбат дигар шуда, интизор меравад, ки дар Қонуни Асосӣ ба ин масъала низ банди махсус ҷудо карда хоҳад шуд.
– Насли мо замонеро пушти сар намуд, ки сохтори маорифи шӯравӣ ҳукмрон буд ва бачаҳои донишашон паст баъди хатми синфи 8-ум ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ “ронда мешуданд”. Дар солҳои касби истиқлол низ қариб ҳамаи хатмкунандагони синфи 9-ум ба таҳсили касбию техникӣ сафарбар мегардиданд. Бо вуҷуди он ки пойгоҳи моддӣ-техникӣ фароҳам омад, чандин иншооти таълимӣ қомат афрохт, вале ин тарзи таълим худро сафед карда натавонист. Ҳоло дар соҳаи таълим ислоҳоти куллӣ ҷорӣ карда мешавад ва наслҳои наврас дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва Мактабҳои Президент ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Қонуни Асосӣ, ки бар асоси таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандони кишварамон такмил хоҳад ёфт, дар ин масъала низ дигаргуниҳои зиёд ворид хоҳад кард, – мегӯяд Дилшода Раҳматова.    
Раиси Комиссияи ислоҳот Акмал Саидов дар яке аз анҷуманҳо иброз дошт, ки “рӯҳи ислоҳоти конститутсионӣ дар саросари ҷаҳон мегардад”. Воқеан, дар 25 соли охир беш аз 100 кишвари ҷаҳон ислоҳоти конститутсиониро анҷом додаанд. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ оламро ба сӯйи дигаргуниҳои босуръат ҳидоят менамояд. Дар як ҷо мондан, махсусан дар соҳаи ҳуқуқ, боиси рукуди давлат мегардад ва ин маъниро аллакай хурду калон дарк намудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ, 
хабарнигори “Овози тоҷик”.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: