ҚОНУНИ АСОСӢ – КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Дар таърихи 8-уми декабри соли 1992 ҳуҷҷати ба маънои ҳақиқиаш тақдирсоз – Конститутсияи Ӯзбекистони соҳибистиқлол қабул шуд, ки роҳи нави тараққиёти кишварро муайян кард.

Дар таърихи 8-уми декабри соли 1992 ҳуҷҷати ба маънои ҳақиқиаш тақдирсоз – Конститутсияи Ӯзбекистони соҳибистиқлол қабул шуд, ки роҳи нави тараққиёти кишварро муайян кард. Маҳз аз он рӯз, дар диёри мустақили мо барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ҳаёти озоду обод ва фаровони халқи сермиллату аҳлу тифоқи он заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Яъне мо аз он дам таҳти тамоюли «Аз давлати муқтадири демократӣ – ба сӯйи ҷамъияти муқтадири шаҳрвандӣ» зина ба зина пеш меравем.
Бояд таъкид кард, ки роҳи ғоят мураккаб ва пуршарафи дар тӯли 29 сол тайнамуда, аз нирӯйи ҳаётбахш ва салоҳияти бузурги Қонуни Асосиамон далолат медиҳад.
Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти рушди устувори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли солҳои 2017-2021 низ дар асоси тамоюл ва талаботи Сарқонун таҳия шуда, имрӯз бобати ба зинаи нави тараққиёт баровардани кишвар нақши муҳим мебозад.
Дар панҷ соли охир бо ташаббус ва саъю ҳаракатҳои сарвари давлат дар ҷамъият устувории қонун таъмин гардида, ба қадр ва манзалати инсон арҷ гузошта шуд. Дар ин радиф сохтори адлия низ такмил ёфт ва хидматрасонии давлатӣ беш аз пеш рушд кард. Алҳол дар кишвари офтобрӯйи мо барои таъмин кардани ҳуқуқ ва озодиҳои қонунии шаҳрвандон корҳои назаррас амалӣ мешаванд.
Яке аз вазифаҳои устувори ҳолоина ин мустаҳкамсозии мустақилии ҳокимияти суд, такмил додани қонунияти просессуалӣ, озодкунии сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва ҷазоҳои ҷиноӣ, пурзӯр кардани пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ ва маъмурӣ мебошад. Сарқонуни мо кафолати мустаҳкам кардан ва беш аз пеш такмил додани фаъолияти суд оид ба корҳои ҷиноӣ мегардад. 
Сарвари давлат таъкид кард, ки «дар шуури судя бояд танҳо як мақсад – адолат, дар забонаш – ҳақиқат, дар қалбаш – покӣ қарор дошта бошад».
Воқеан, кай адолат тантана мекунад? Вақте ки мақомоти суд, судя ба тамоюлҳои қонунгузорӣ ва адолат қатъиян риоя намуда, вазифаи дар дӯши худ доштаро ҳалол ва поквиҷдонона адо кунанд. Ва бояд фаромӯш накунем, ки суди одил пойдевори тамоми накӯкориҳои иҷтимоист. 
Камина пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар бисёр идораҳои ҳуқуқу тартибот адои вазифа намудам. Ҳоло раиси суди ноҳияи Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ ҳастам. Бинобар ҳамин, ҳар бор пеш аз эълони ҳукми ҷазо дида ба айбдори дар курсии сиёҳ нишаста дӯхта, ба худ савол медиҳам: «Оё илоҷи гузашт кардан ҳаст?» Зеро ҷазо таъин кардан ба шахси бегуноҳ баробари худро ҷазо додани судя аст!
Агар ҷинояткори ҷазогирифта барои ҷинояткорҳои дигар ибрат бошад, шахси ноҳақ сазодида санг задан ба виҷдони инсонҳои пок аст. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолу дар ҳама вазъ адолат бояд санги маҳак бошад. 
Боиси хушнудист, ки дар Анҷумани осиёӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ки бо ташаббуси Президент дар Самарқанд баргузор гардид, сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳон, олимону корбастҳои намоёни хориҷӣ ба корҳое, ки солҳои охир дар кишвари мо дар ин самт амалӣ гардиданд, баҳои муносиб доданд. 
Танҳо соли равон бино бар нокифоя будани далелҳо беш аз даҳ нафар аз ҷониби судҳои ноҳия сафед карда шуданд.
Ҳар сол ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсия бо фармони Президент шахсоне, ки ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан адо менамоянд ва аз кирдорашон самимона пушаймонанду қатъиян ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, афв карда мешаванд, ки намунаи олии фазилати инсонпарварӣ аст.
Дар Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ оид ба ислоҳоти куллӣ ва рушди минбаъдаи самтҳо, аз он ҷумла суд корҳои шоён ба анҷом мерасанд. Мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистон дар асоси ғояи наҷиби «Мо дар Ӯзбекистони нав – кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем» дастовардҳои худро боз ҳам бештару беҳтар мекунанд. Алалхусус, бобати ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ қадамҳои қатъӣ гузошта мешаванд. Тӯли солҳои охир дар ин самт беш аз 40 ҳуҷҷати меъёрӣ қабул гардиданд. Раванди «як суд – як интансия” ба ҳаёт татбиқ шуд, ки ба таъминшавии адолат, қонунмандӣ ва суботнокии қарорҳои суд хизмат мекунад. Дар ҷараёни вусъат додани низоми рақамии суд барои шаҳрвандон имконияти ба суд наомада, аз тариқи онлайн пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин аз масофа мушоҳида намудани ҷараёни баррасии аризаҳо фароҳам гардид.
Хулоса, Қонуни Асосии мо дар қатори дигар соҳаҳо барои такмил додани фаъолияти суд ҳам пояи кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон аст.

Нодир РАҶАБОВ, 
раиси суди ноҳияи Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: