ҚОНУНИ АСОСӢ — ҚОМУСИ БАХТУ САОДАТИ МАРДУМИ МО

Субҳи рӯзи якшанбеи гузашта ҳавзаҳои раъйдиҳии ноҳияи Сӯх низ дари худро ба рӯи мардум кушод.

Баъд яке танҳову дигарон гурӯҳ-гурӯҳ бо табъи болида барои иҷрои қарзи шаҳрвандии худ пушти қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуданд. Ин равандро мушоҳида намуда, итминон ҳосил кардам, ки дар ду даҳсолаи охир бори аввал мардум бо чунин шавқу рағбати том ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мешитофтанд, то ки аз тарҳи нави Қонуни асосӣ ҷонибдорӣ кунанд. 

Дар бораи шаффофу демократӣ гузаштани ин референдум ҳоҷати шарҳу баён нест, зеро раванди овоздиҳӣ маълум кард, ки касе бо даъвати хос ва ё зери фишор ба ҳавзаи интихоботӣ наомадааст. Балки бо дарки маънӣ ва масъулият барои ояндаи худу фарзандон аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ истифода мекарданд, ки боиси хушҳолӣ мебошад.
Ноҳияи Сӯх дар тайи чаҳор-панҷ соли охир куллан намои тоза пайдо кард ва ин аз шарофати таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор гирифтани он мебошад. Шахсоне, ки чанд сол муқаддам ба ноҳияи Сӯх ташриф овардаанд, ҳоло онро шинохта наметавонанд. Зеро накҳати Ӯзбекистони Нав дар ҳар як шаҳраку русто, кӯчаву хиёбон ва ҳавливу одамони он ҳувайдо мегардад.  
Ба сифати муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ аз он ифтихорам боло гирифт, ки аъзои гурӯҳи эҷодии «Садои Сӯх» минбаъд хубтару бештар машғули кору фаъолият хоҳанд шуд ва Қонуни асосӣ дар ин маврид ҳуқуқ ва озодиҳои кормандонро  пурра таъмин мекунад. Ҷои ёдоварист, ки дар Қонуни асосии пештара танҳо як модда иборат буд ва фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори оммавиро ба танзим медаровард: «Воситаҳои ахбори оммавӣ озод аст ва тибқи қонун фаъолият мекунад. Он барои дурустии маълумот масъул мебошад. Ба сензура иҷозат дода намешавад». 
Аммо мувофиқи Конститутсияи нав боби «Воситаҳои ахбори оммавӣ» хеле тавсеа ёфтааст. Он аз ду модда иборат мебошад ва дар моддаи аввал доир ба фаъолияти кормандони ВАО чунин гуфта шудааст: «Воситаҳои ахбори оммавӣ озоданд ва тибқи қонун фаъолият мекунанд. Давлат озодии фаъолияти ВАО, ҳуқуқи онҳоро ҷиҳати ҷустуҷӯ, гирифтан, истифода ва паҳн кардани иттилоот кафолат медиҳад. Воситаҳои ахбори омма барои эътимоднокии маълумоти пешниҳодкардаашон масъуланд».
Дар моддаи дигари он омадааст, ки ба сензура иҷозат дода намешавад. Мувофиқи қонун эҷоди монеъа ва дахолат ба фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ сабаби ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.
Бори нахуст ба мо чунин имконияти васеъ дода мешавад, ки ба ҳайси журналист озодона фаъолият кунем ва касе ҳақ надорад, ки барои дастрас намудани ахбори наву тоза ва воқеӣ садде эҷод намояд.
Рӯзномаи «Садои Сӯх» ҳанӯз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта арзи вуҷуд намудааст. Ҳоло он нашрияи ҳокимияти ноҳияи Сӯх мебошад ва ҳафтае як маротиба интишор меёбад. Боиси ифтихор аст, ки матолиби он танҳо ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасад ва ҷиҳати рушду такомули ин забони аҳли биҳишт саҳми худро мегузорад. Гузашта аз ин, дар баробари хабару мақолаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи мо маводи зиёди фарҳангӣ ва адабӣ ба нашр мерасанд. Ба истилоҳи дигар, он минбари аҳли адабу фарҳанги ноҳия мебошад, ки рисолати худро хеле хуб анҷом медиҳад. 
Ҳоло дар ноҳияи мо бештар аз панҷоҳ нафар шоиру нависанда машғули фаъолият мебошад. Чанд нафар дар қайди ҳаёт нестанд, ки мардуми Сӯх онҳоро ҳамеша ифтихор мекунад. Абдураҳим Беҳбуд, Нодир Нодирӣ, Шодибой Маҳмудҷонов, Неъматуллоҳи Суннатулло аз зумраи онҳо мебошанд. 

Содиқи ТОҲИРИЁН,
муҳаррири рӯзномаи 
«Садои Сӯх». 

Вилояти ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: