ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ БО ОВОЗДИҲИИ УМУМИХАЛҚӢ ҚАБУЛ ШУД

30 апрели соли 2023 дар мамлакати мо бо иштироки фаъоли шаҳрвандон раванди муҳими сиёсӣ – раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Халқ барои ояндаи худ ва фардои кишвари мо овоз дод.
1 майи соли 2023 дар маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ) бо иштироки раиси Комиссияи марказии интихоботӣ З. Низомхӯҷаев нишасти матбуотӣ ба амал омад, ӯ иштирокдоронро бо натиҷаҳои пешакии раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос кард.
Таъкид гардид, ки дар овоздиҳӣ 16 миллиону 673 ҳазору 189 нафар, ё худ 84,54 фоизи интихобкунандагон иштирок карданд. Вобаста ба ин  барои сухан гуфтан дар бораи он, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул шуд, асосҳои кофӣ ҳастанд.
Дар нимаи дуюми рӯз дар маркази матбуот ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботӣ бахшида ба натиҷаҳои хотимавии раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ З. Низомхӯҷаев ҳуҷҷатҳро дар бораи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 30 апрели соли 2023 ба вуқӯъ пайваст, хонда дод.
Зикр шуд, ки дар рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон 19 миллиону 722 ҳазору 809 нафар дохил карда шуда буданд. Дар 55 қитъаи раъйпурсии кишварҳои хориҷӣ 307 ҳазору 895 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ дар қитъаҳои раъйпурсие, ки таҳрифҳо ошкор шудаанд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ ғайриҳақиқӣ эътироф гардиданд. Бо назардошти санади мазкур миқдори овоздиҳандагон 16 миллиону 667 ҳазору 97 нафар (84,51 фоиз)-ро ташкил дод. 15 миллиону 34 ҳазору 608 нафар ба саволҳое, ки дар раъйпурсӣ ворид карда шудаанд, ҷавоби «ҳа» ва 1 миллиону 558 ҳазору 817 нафар ҷавоби «не» доданд. 773 ҳазору 672 бюллетени овоздиҳӣ ғайриқонунӣ дониста шуд.
Мувофиқи моддаи 39-уми Қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи на дертар аз даҳ рӯзи баъди баргузории раъйпурсӣ қарори қабулшударо бинобар раъйпурсӣ дар веб-сайти расмии Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар манбаъҳои расмӣ интишор менамояд.
Дар ҷамъомад қарори КМИ бинобар масъалаи рӯзномаи маҷлис қабул карда шуд. Бо назардошти он, ки дар раъйпурсӣ 84,51 фоизи интихобкунандагон иштирок кардаанд, мувофиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» раъйпурсӣ бинобар лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ, ки 30 апрел ба амал омад, баргузоршуда эътироф гардид. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо овоздиҳии умумихалқӣ қабулшуда эътироф гардид ва пас аз эълони расмии қарори мазкур эътибор пайдо мекунад.
Қарори мазкур дар рӯзи эълони расмии он ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ба роҳ мондани ҷараёни иҷрои он равона карда хоҳад шуд.

Муҳтарама КОМИЛОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: