Маълум, ки сохтори ҳар як давлатро Сарқонуни он муайян мекунад.
Инак, зиёда аз 30 сол мешавад, ки Сарқонуни Ӯзбекистон, ки дар асоси тамоюлҳои демократӣ қабул гардидааст, амал мекунад. Вале дар баробари тараққӣ кардани ҷамъият шуури одамон ҳам пеш мераваду талабот ҳам дигаргун мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар дар Ӯзбекистони Нав зарурати бо таҳрири нав қабул намудани Сарқонун ба миён омаду зиёда аз як сол боз муҳокимаи он идома дорад ва дар санаи 30 апрели соли ҷорӣ доир ба он раъйпурсии умумӣ барпо мешавад.
Дар ин ҷараёни муҳими сиёсӣ барои фаъолона ширкат варзидан ҳоло дар ҷойҳо тадбирҳои ташвиқотӣ-тарғиботии вусъатнок бурда мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо ташаббуси ҷавонони вилоят таҳти шиори «Конститутсия аз они ман, аз они ту, аз они мо, Конститутсия аз они худамон» дар асоси лоиҳаи нави қонун тадбири тарғиботӣ ва шоу-консерт баргузор шуд.
Дар тадбир донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, ҷавонони шаҳру навоҳӣ фаъол ширкат варзиданд. Дар он чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо Музаффарбек Тӯрабоев ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи мавқеъ ва моҳияти Конститутсия дар ҳаёти мамлакат, дигаргуниҳо ва иловаҳои ба Сарқонун дохилшуда, аҳамияти ин дигаргуниҳо дар роҳи фаровонӣ, тарзи зист ва қадру қиммати инсон махсус таъкид карда, ҳамаро ба фаъол ширкат варзидан ба ин ҷараёни сиёсии тақдирсоз даъват намуданд.
Абдурашид Ғаниев – сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Музработ, дорандаи нишони сарисинагии «Соғлиқни сақлаш аълочиси» мегӯяд:
– Дар фазои Ӯзбекистони Нав ҳукм рондани сиёсати оқилона маро ба ҳаёти нав баргардонд. Дида истодаед ва худ гувоҳед, ки имрӯз ҳазорон беморони муҳтоҷ ба ҷарроҳии технологияи баланду замонавии босифат дар худи Ӯзбекистон даво ёфта ба ҳаёт баргашта истодаанд. Барои ривоҷдодани соҳаи тиб аз ҷониби ҳукумат чӣ қадар ғамхориҳо зоҳир гардида, шифохонаҳои нави замонавӣ бунёд гардида, бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегарданд, дар соҳа дигаргуниҳои куллӣ ба амал бароварда мешаванд. Қадрдонҳои ман! Ба қадри ин рӯзҳо расед! Ба сифати шифокор – аъзои оилаам, наздиконам, ҳамкасбонам ва ҳамаи Шумо ҷавонони ояндасози кишварро даъват менамоям, ки ба раъйпурсии умумӣ фаъол ширкат варзед.
Азиза Холбоева – дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Зулфия, доктори фанҳои фалсафа (PhD):
– Бо пешниҳоди як нафар духтари оилаи одӣ дар айни замон бинои нӯҳқабатаи замонавӣ – маркази илмӣ-тадқиқотӣ бунёд ёфта истодааст. Дар моддаи 53-юми Сарқонуни нав айнан корҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва бадеии мо муҷассам ёфтааст ва он сад фоиз кафолат ҳам дода шудааст. Ҳар як кори илмӣ, тадқиқотии мо, ҳимояи интеллектуалии мулк айнан бо қонун муҳофизат карда мешавад. Фақат мо пайваста ҳаракат карданамон лозим.
Рӯзигул Сафарова – роҳбари Саридораи захираҳои табиати вилояти Сурхондарё:
– Як сол мешавад, ки ман санҷишҳои сахт ва тазйиқҳоро паси сар намуда, ба соҳаи худ баргаштам. Барои ба чунин шароит расидан сабаб чист? Дар Ӯзбекистони Нав зуҳур кардани ҳаёти нав, назари нав ба ин сабаб аст. Тағйирот ва иловаҳо дар моддаҳои Конститутсия ба соҳаи мо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меорад.
Нодир Мамадалиев – соҳибкор:
– Дар Сурхондарё аз ҳама калонтарин боғчаи бачагонаи хусусӣ бунёд месозам гӯён ният карда будам. Ҳозир боғчаи бачагонаи хусусии дорои 360 ҷой дорам, ки дар он 60 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Аз имкониятҳои ба тадбиркорон додашуда истифода бурда, лоиҳаи кушодани мактаби хусусиро ба роҳ монда истодаам...
Дар чорабинӣ артистон бо иҷрои таронаҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохтанд ва тадбир ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Аён буд, ки мардум, алалхусус ҷавонон ба ин райъпурсӣ, ки ояндаи Ӯзбекистони Навро муайян месозанд, бефарқ нестанд. Аз ҳама муҳим ҳама дарк месозад, ки қонуни мукаммал пойдевори давлати ҳуқуқбунёди Ӯзбекистони Нав хоҳад гардид.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.