ҚОРӢ МАСЕҲОИ ТАМҲИД – КЛАССИКИ ОХИРИН

Самарқанд дар аввали асри XX мактаби адабии нерӯманде дошт.

Самарқанд дар аввали асри XX мактаби адабии нерӯманде дошт. Дар ин мактаби адабӣ Нақибхони Туғрал, Саидаҳмади Васлӣ, Фахриддини Роҷӣ, Саидаҳмади Аҷзӣ, Сипандӣ ва Писандӣ, Гулханӣ ва Ҷавдат барин шоирони машҳур гирд омада буданд. Дар бораи обрӯи баланди мактаби адабии Самарқанди аввали асри XX Тамҳид дар як шеъраш гуфтааст:
Бувад табъи баландашро ба назму наср устодӣ,
Касе гар пайрави тарзи адибони Самарқанд аст.
Аз шоирони аввали асри XX Самарқанд то инқилоби октябр танҳо Нақибхони Туғрал тавонист девони ғазалиёташро ба табъ расонад.
Қорӣ Масеҳои Тамҳид ғояҳои болшевикиро қабул накард. Ӯ дар ҷаҳони дигар – ҷаҳони адабиёти классикӣ сайр дошт, ки онро навпардозон кӯҳна мешумурданд, мурда мепиндоштанд. Аммо вай хуб медонист, ки адабиёти ҳақиқӣ он сабкест, ки ӯ менигорад ва ҳамин хоҳад монд ва “навпардозиҳое”, ки рух медиҳанд, мисли кафки мавҷи баҳранд, на гавҳари умқи он. Қорӣ Масеҳои Тамҳид ғазал, қасида, манзума менавишту китоб мекард. Китобҳои нодирро дарёфт намуда, бо хати зебои хеш нусха мебардошт. Асосан китобдориро пешаи хеш қарор дода буд.
Ҳамин тавр бо мӯъҷизае аз фалокати зиёикушии соли 1937 сиҳат гузашт, вале соли 1948 давраи дувуми истибдоди зиёикушӣ оғоз ёфт. Аввал худашро бурда ҳабс карданд ва баъд омада ба се ароба ҳамаи китобҳои нодир ва дастхатҳояшро бор карда бурданд.
Қорӣ Масеҳо соли 1957 аз зиндон баргашт. Ба Раҳмонбердӣ Эгамбердиев гуфтааст, ки “НКВД ба ғайри дастхатҳои бисёри нодир ду девони ғазалиёт, чандин манзума (достон), қасидаҳои маро сӯзондааст, кошкӣ худи маро месӯхтанду дастхатҳоямро даст намекофтанд. Кошкӣ, дар ҳабс мемурдаму ин фоҷиаро намедидам”.
Тамҳид чӣ одами матинирода будааст, ки дар поёни умр, аз соли 1957 то 1976, яъне дар бист соли боқимондаи заъфи пирӣ ва дардмандӣ боз нерӯе дар оташи боқимондаи дилаш дарёбад ва зиёда аз 16 ҳазор мисраъ шеър нависад.
Ин шеърҳо, хушбахтона аз ҷониби донишмандони машҳур, академик Шавкат Воҳидов ва шарқшинос Камол Воҳидов дар шакли китоб дар Тошканд аз ҷониби нашриёти “Фан” соли 1995 ба табъ расидаанд.
Дар бораи донишмандии ӯ соатҳо ҳарф метавон зад. Раҳмонбердӣ Эгамбердиев ёдовар шуд, ки боре ӯ бо Ҳабиб Юсуфӣ дар суҳбати Тамҳид шудаанд ва Қорӣ Масеҳо оид ба мазмун ва сифоти як байти Бедил ду соати тӯлонӣ суханронӣ кардааст. 
– Бо Қорӣ Масеҳо бисёр нишастан хатарнок буд,– гуфт Р.Эгамбердиев, – зеро доимо таҳти назорат буд. Ба ҳамин сабаб мо аз ин марди фозил барои афзоиши дониши худ дигар истифода карда натавонистем.
Бо ибтикори камина ва кӯшиши рӯшанфикрони Самарқанд барои реабилитатсияи ҷамъиятии ӯ як ҷашнашро соли 1996 дар Самарқанд ба нақша гирифтем. Зеро ӯ 105-сола шуда буд. Ба ин муносибат ҳокимияти ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, Маркази филологияи Донишгоҳи Самарқанд ва гузари Ялангбек ҷамъомади ҷашнӣ оростанд.
Дар ин ҷамъомад бори аввал оиди эҷодиёт ва рӯзгори Тамҳид аз ҷониби донишмандони варзида гузоришҳои илмӣ ва тарҷумаиҳолӣ карда шуд ва ҳақиқати ҳол баён гардид. Тамҳид ба мақоми сазовори худ, яъне ба паҳлӯи шоири классик Нақибхони Туғрал гузошта шуд. 
Болта Ортиқзода нақл карданд, ки пас аз баргаштан аз ҳабс низ ҳукумат Қорӣ Масеҳоро зери назорат нигоҳ медошт ва мо ба хонаашон рафта аз ҳолашон хабар гирифта наметавонистем.
Вале рӯзе аз Душанбе Улуғзода омаданд ва гарчанд мушкилоти ин масъаларо фаҳмондам, боисрор такрор мекарданд, ки то ин классики зиндаро набинам, ба Душанбе намеравам. Сипас ман ба хонаашон рафтам, маро ба даромадан роҳ надода хабар доданд, ки касеро қабул намекунанд, зеро бемори бистарианд. Улуғзода рӯзи дигар боз маро ба ҳавлии Қорӣ Масеҳо фиристода таъкид карданд: «Агар зарур бошад, хоки дарашонро бӯсед, вале иҷозати дидорбиниро ба даст оред».
Ман боз ба таги дари ҳавлии Тамҳид омадам ва ба наздикони шоир фаҳмондам, меҳмоне, ки ба дидори Тамҳид мушарраф шудан мехоҳад, бузургтарин адиби тоҷик, классики муосир Сотим Улуғзода аст, инро ба худи Қорӣ Масеҳо расонида, имкони кай қабул карданашонро маълум кунетон.
Сипас хабар оварданд, ки фардо дар фалон соат биёем.
Вақте ки рӯзи дигар ба таги дари ҳавлии Қорӣ Масеҳо расидем, Улуғзода истоданду даст болои дил ниҳода гуфтанд: дилам аз ғояти ҳаяҷон тап-тап мезанад.
Вақте ки ба хонаи Қорӣ Масеҳо даромадем, пирамарди нурониеро дар пешгоҳи хона ба курсии бисёр мунаққаши шоҳона нишаста дидем, ки ба инсони оддӣ не, ба пайғамбар монанд буд. Он қадар аз сару рӯяш нур меборид, ки тасвир наметавон кард!
Баъди вохӯрдӣ ва ҳолпурсӣ ба мо дар кунҷи ин хона дар атрофи сандалӣ ҷой доданд.
Дар байн хомӯшӣ пайдо шуд. Бузургии ин устоди сухан он қадар таъсире дошт, ки ман худро чун мӯрчае дар назди фил ҳис мекардам ва сухане ба забон оварда наметавонистам. Хушбахтона Улуғзода як шеъри калони Тамҳидро аз ёд бо овози марғуладор ва самимияти хос ба хондан сар карданд.
Вақте ки шеър тамом шуд, Қорӣ Масеҳои бемадор даст ба дастмонакҳои «тахти худ» такя дода рост шуданд ва ба ҷониби Улуғзода шитофтанд, ки ба расми миннатдорӣ аз ҷабинашон бибӯсанд. Улуғзода бошанд аз ҷойи худ хеста ба ҷониби Тамҳид давидан мехостанд, аммо пойҳои дарозашон дар даруни сандалии хурд дармонда буд.
Сипас ҳар ду классики зинда ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва аз чашмони ҳар ду ашки шашқатор мешорид.
Инро навишта чоп кардан даркор гуфта будам ман. Ман инро кайҳо навиштаам, гуфтанд Ортиқзода.
Сипас нафаре омаду мавзӯи сӯҳбатамон дигар шуд ва ман тафсилоти ин вохӯриро пурсида натавонистам.
Ҳоло Улуғзода ҳам дар қайди ҳаёт нестанду Ортиқзода ҳам.
Тамҳид оиди вазъи замонааш дар як ғазалаш чунин байтҳо дорад:
Ҳарчанд хуррам аст гулистон, вале чи суд,
Гашта кунун нишемани чуғзу калоғҳо.
З-оҳанги дилнавоз хамӯшанд булбулон,
Боло гирифта қар-қари ғавғои зоғҳо.
Дилҳо шуда ба захми ситам хаста, эй табиб,
Ку марҳами илоҷ ба ин дарду доғҳо.
З-ин оҳи оташин, ки зи дил шӯъла баркашид,
То боми чарх бар шуда дуд аз димоғҳо.
Тамҳид гуфтае, ки ба дил дошт, гуфту рафт,
Шояд қабули халқ шавад ин балоғҳо.
Шодравон Раҳмонбердӣ Эгамбердиев, ки аз дӯстони Ҳабиб Юсуфӣ буду камина солҳои 1964-69 дар Донишгоҳи Самарқанд ба шунидани маърӯзаҳои илмии ӯ шарафёб шудааст, нақл карда буд, ки ҳам нозирону ҳам душманони шахсии Тамҳид забон як мекунанд, ки ӯро кушанд. Хеле нороҳат буданд, ки чаро бо ин қадар азобҳои аз сар гузаронидааш умри дароз дида истодааст. Барои ин кор қотилеро бо маблағи калон киро мекунанд. Ба қотил мефаҳмонанд, ки Тамҳид иблис аст ва куштани чунин одам кори савоб мебошад.
Қотил дар даст ханҷари бараҳна ба ҳавлии Тамҳид медарояду зуд берун меояд ва ба онҳое, ки хабари марги Тамҳидро интизор буданд, мегӯяд: Шумо ба ман гуфтед иблис, о ин одам пайғамбар аст! Ман пайғамбарро кушта наметавонам. Ва ханҷарро ба замин зада гурехта меравад.
Тамҳид ҳаёти пурхатари худро дар шеъре чунин баён мекунад:
Надида хотири осудае зи дасти рақибон,
Ба хоку хун чу шаҳиди ҷафо тапидаму рафтам.
Набуд як нафасе аз умр бе гумони хатарҳо,
Мисоли оҳуи ваҳшатгузин рамидаму рафтам.
Охирин шоири классики тоҷик Тамҳиди Фазоилчаман соли 1976 дар кулбаи фақиронаи худ дар гузари Ялангбеки Самарқанд дар 85-солагӣ аз олам даргузашт. Ман он вақт дар Душанбе мезистам. Ин хабарро нашунидаам, маълум, ки аз адибони тоҷик касе низ нашунидааст. Касе аз адибони тоҷик шарафёб нашудааст, ки як пойи тобути ӯро бардорад. Ҳукумат бошад, назорат кардааст, ки дар маросими мотам касе нутқ накунад. Вопасин классикро ҳамсояву ҳамгузарҳояш ба роҳи охирин гусел кардаанд.
Рӯзе як нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ як китоби дастхатро барои фурӯш меорад. Матншиносони ин пажӯҳишгоҳ, ки хати зебои Тамҳидро мешинохтанд, ба ӯ ин ҳодисаро маълум кардаанд. Қори Масеҳо гуфта будааст, ки ин дастхати нодир дар байни ҳамон китобҳои ҳукумат сӯхта буд. Ин одам ба ҳабсу бадарғаи Тамҳид ва сӯзондани китобҳои ӯ чӣ алоқае дорад? Чунин воқеаҳо тадқиқоти алоҳидаро мехоҳанд.

Адаш ИСТАД,
нависанда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: