Қосим-Жомарт ТОҚАЕВ:

ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБАИ БОСАМАРИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН – ОМИЛИ МУҲИМИ СУБОТНОКӢ, БЕХАТАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо Агентии байналхалқии иттилоотии Kazinform ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон – ӮзА дар бораи натиҷаҳои ноилгардида, ҳолати имрӯза ва истиқболи рушди ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон суҳбат намуд.
— Ба шарофати Нахустин Президенти Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибати кишварҳои мо ба сатҳи нав баромаданд. Алҳол дар назди Қазоқистон ва Ӯзбекистон чӣ гуна мақсад ва вазифаҳои ягона истодаанд?
– Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Қазоқистону Ӯзбекистон ҳампаҳлӯ буда, якдигарро дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ мекунанд ва аз муваффақиятҳои ҳамдигар таҳтидилона хурсанд мешаванд. Мо муносибатҳои мустаҳкам ва ҳамоҳангро фароҳам овардем, ки дар пояи онҳо ҳадафи ягона – шукуфоии ду мамлакат қарор дорад.
Дар таҳкими шарикии стратегии байни давлатҳои мо Нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Абишевич Назарбоев ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович Мирзиёев нақши бузург доранд.
Пешвои миллат ба рушди муносибатҳо бо ҳамсоягони наздик мунтазам эътибори махсус медиҳад, аз ин рӯ, кишвари шумо дар сиёсати хориҷии Қазоқистон самти бартаринок дорад. Мо роҳи қаробати минбаъдаи халқҳоямонро идома медиҳем.
Ҳоли ҳозир вусъат додани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ амиқсозии ҳамкориҳои наздисарҳадӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Давлатҳои мо дар соҳаҳои мазкур дорои имкониятҳои бузург мебошанд. Дар назди ҳукуматҳои ду мамлакат то соли 2020-ум мақсади то ба 5 миллиард доллар зиёд кардани ҳаҷми савдои тарафайн қарор дорад.
Мисолҳои мавҷудаи ҳамкориҳои сермаҳсулу рӯзафзун дар соҳаи сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, рушди истеҳсолоти муштарак ва саъю кӯшиши амиқсозии ҳамкории тарафайн ба манфиати ҳар ду мамлакат ҷавобгӯ мебошанд.
Дар соҳаҳои нақлиёту транзит пешомадҳои бузурги шарикӣ мавҷуданд. Барои Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд, такмил додани инфрасохтори транзитӣ ва рушди кооператсияи нақлиётӣ бо кишварҳои дигар аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд.
Боз он нишондиҳандаи эътимоди тарафайн аст, ки Нур-Султон ва Тошканд ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаи амният мунтазам мустаҳкам менамоянд. Мо бо мушкилоти минтақавие, ки барои ҳамаамон ягона мебошад: терроризм, экстремизми динӣ, савдои ғайриқонунии яроқу аслиҳа, ҷинояткории муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва нашъамандӣ рӯ ба рӯ мешавем. Вазъият дар Афғонистон, ки амнияти минтақаи моро халалдор мекунад, низ боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад.
Ҳамаи ин аз мо андешидани чораҳои мунтазам, ҳамҷиҳатона ва муттасилро тақозо менамояд. Бино бар ҳамин ҳам Қазоқистон ва Ӯзбекистон аллакай робитаҳои байни мақомоти ҳуқуқу тартибот ва хидматҳои махсуси ду мамлакатро ба роҳ мондаанд.
Масъалаҳои ҳамкорӣ бино бар мушкилоти об низ аҳамияти махсус доранд. Хурсандиовар аст, ки мо мунтазам ҷамъомади гурӯҳҳои кориро бино бар тамоми самтҳои муносибат бо об, аз ҷумла дар қаробат бо шарикони дигари минтақа баргузор менамоем.
Чун анъана мо ба таҳкими минбаъдаи алоқаҳои маданиву инсондӯстӣ эътибори зиёд медиҳем, ки ин аз ҷониби халқҳоямон хуб пазируфта мешавад.
Боиси таъкид аст, ки дар байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон амалан муаммое, ки аз тариқи мулоқоти конструктивӣ ҳаллу фасл нашуда бошад, вуҷуд надорад. Муносибати байни кишварҳои мо модели бомуваффақият ва самараноки ҳамкории дуҷониба буда, омили муҳими эътидол, амният ва рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ба фикри ман, ягонагии ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди Нур-Султон ва Тошканд истодаанд, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои васеъмиқёси мо омили бузург мегардад.
— Маълум аст, ки Елбаси Нурсултон Назарбоев ва Президент Шавкат Мирзиёевро робитаҳои самимии дӯстона мепайванданд. Иртиботи Шумо бо сарвари  Ӯзбекистон чӣ гуна сурат мегирад?
– Шавкат Миромонович яке аз аввалин сарони давлатҳо буд, ки маро бо таъин шуданам ба вазифаи Президенти Қазоқистон муборакбод кард. Ман аз ӯ барои суханони самимиаш хеле миннатдорам. Дархостҳои неки ӯро нисбат ба Елбасии мо низ шаҳодати эҳтироми амиқи сарвари Ӯзбекистон ба кишварамон меҳисобам.
Президент Шавкат Мирзиёев бобати татбиқ намудани дигаргуниҳои васеъмиқёс дар Ӯзбекистон, ба давлати замонавӣ ва дар арсаи байналхалқӣ рақобатбардор табдил додани мамлакати шумо вазифаи таърихиро ба дӯши худ гирифт. Эътиқоди мустаҳками ӯ ба мунтазам такмил додани низоми идораи давлатӣ, озодкунии иқтисодиёт ва сектори молия, бозсозии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Ӯзбекистон боиси рағбати зиёд ва эҳтироми самимӣ мебошанд.
Шавкат Миромонович тамоми нирӯ, дониш ва таҷрибаи худро барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои пешгузошта бахшидааст, ман ҳангоми вохӯриҳои мо ба ин муътақид шудам.
Соли 2017-ум, ҳангоме ки ман ҳамчун сарвари ҳайати Сенати парлумони Қазоқистон ба Тошканд омада будам, мо суҳбати бағоят пурмуҳтаво доштем. Шахсан ба ман муносибати стратегии сарвари Ӯзбекистон бинобар тамоми самтҳои асосии рушди мамлакат, дарки амиқи вазъият дар минтақа ва ҷаҳон писанд мебошанд. Мо бо ӯ нисбат ба тамоми масъалаҳои рушди дуҷониба нуқтаи назари ягона дорем, ки ин бағоят муҳим мебошад.
Муътақидам, ки робитаҳои боэътимод ва мунтазами байни мо ба амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои бародаронаи Қазоқистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.
— Алҳол бинобар натиҷаи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон чӣ метавон гуфт?
– Қарор барои баргузор намудани ин воқеаи муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи дурахшон гардид. Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон дар сатҳи хеле баланд гузашт. Дар мамлакати мо беш аз 200 чорабинӣ баргузор гардид, ки ба вусъат додан ва мустаҳкам намудани алоқаҳои байни одамон, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, сохторҳои соҳибкорӣ мусоидат карданд.
Аввалин анҷумани ҳамкории байниминтақавии қазоқистониву ӯзбекистонӣ бомуваффақият баргузор гардид. Бино бар натиҷаи он ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расиданд, ки рушди минбаъдаи робитаҳои байниминтақавии ду кишварро пешбинӣ менамоянд.
Бовар дорам, ки ин тарзи ҳамкорӣ омили муҳими рушди тарафайни вилоятҳои сарҳадӣ мегардад, ба бозорҳои давлатҳои мо роҳ ёфтани тиҷоратро метезонад, имкон медиҳад савдои дуҷониба хеле беҳтар гардад. Чунончи, соли гузашта мубодилаи мол дар байни кишварҳои мо тақрибан 50 фоиз афзуд ва 3 миллиард долларро ташкил дод.
Мехоҳам таъкид намоям, ки қаробати тарафайни ду давлат аз ҷониби халқҳоямон бо қаноатмандии бузург пазируфта мешавад. Бино бар ин хеле рамзист, ки аввалин сафари давлатии ман ба кишвари бародар бо кушода шудани Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон мувофиқ афтод.
— Шумо аз Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон чиро интизоред?
– Пеш аз ҳама мо ба эътибори зиёд ва қаробати ӯзбекистониён ба чорабиниҳои Соли Қазоқистон умед мебандем. Барои мо муҳим аст, ки ҳар як сокини Ӯзбекистон аз ин ҳодисаи бузург манфиате барад ва як пораи Қазоқистонро дар қалбаш нигоҳ дорад. Бинобар ҳамин ҳам мо саъй намудем, ки барномаҳои Соли Қазоқистон ҳарчи бештар гуногунранг ва пурмазмун бошанд.
Агар барои тоҷирон ва сиёсатмадорон анҷуманҳои тиҷоратӣ ва конфронсҳо бахусус рағбатпазир бошанд, барои донишҷӯён намоишгоҳҳои маърифатӣ пешбинӣ шудаанд. Ғайр аз ин, бисёр чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ба ҷиҳатҳои ҷуғрофии Соли Қазоқистон эътибори махсус дода шудааст. Чорабиниҳо дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон баргузор хоҳанд шуд. Бо ин мо умедворем, ки ҳамгароии байниминтақавӣ, робитаҳои байни одамонро беҳтар кунем.
Бинобар ташаббусҳо ва лоиҳаҳои аллакай маълуми соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории наздисарҳадӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва фарҳанг корҳои мунтазам амалӣ хоҳанд шуд.
Мо ният дорем бозсозии нуқтаҳои назоративу гузаргоҳиро низ анҷом диҳем, ки имкон медиҳанд муҳлати убури сарҳадҳои давлатӣ хеле коҳиш ёбад. Ташаккул додани инфрасохтори замонавии сарҳадӣ ва гумрукӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои мо боқӣ мемонад. Ин барои шаҳрвандони оддӣ ва тиҷорат муҳим аст, бар илова ин кор ба таҳкими иқтидори сайёҳии кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Хулоса, мо тайёрем корҳоро бино бар тамоми самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву инсонпарварӣ бо Ӯзбекистон идома бидиҳем.
Ҳамаи ин имкон медиҳад пулҳои нави ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ бунёд ёбанд. Тавре ки зарбулмасали ӯзбекӣ хона магир – ҳамсоя гир («Ён қӯшним – жон қӯшним») мефармояд. Куллан муътақидам, ки Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон ба мустаҳкам шудани риштаҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳои мо хидмат хоҳад кард.
— Сиёсатшиносон аз ибтидои соли 1990-ум дар бораи омили Осиёи Марказӣ ҳарф мезананд, дар ин бобат хотиррасон кардани асари Бжезинский ва дигарон кофист. Вале ягон пешгӯии танқидӣ амалӣ нагашт. Шумо  ояндаи Осиёи Марказиро дар сиёсати ҷаҳон чӣ гуна мебинед?
– Воқеан, аз замони дарёфти истиқлолият бисёр коршиносон ва мушоҳидон ҷараёни манфии рушди Осиёи Марказиро пешгӯӣ карда буданд. Онҳо пошхӯрӣ, рушди танзимнашавандаи таҳдидҳои террористӣ, ба кадом як намуди «халифат» табдил ёфтани он, зиддиятҳои дохилӣ, қафомонии иқтисодӣ ва иҷтимоиро башорат мекарданд.
Вале пешгӯиҳои «болқонсифат»-и Осиёи Марказӣ амалӣ нашуд. Тӯли солҳои рушди мустақил иқдомҳои боварибахш, қарорҳои муътамади ҳар як давлати Осиёи Марказӣ имкон доданд эътидоли минтақа ҳифз гардад ва аз ҳама муҳимаш, пойдевори мустаҳками рушди дарозмуҳлату мунтазам гузошта шавад.
Алҳол Осиёи Марказӣ даврони нави истиқрори худро аз сар мегузаронад. Анъанаи мустаҳкам шудани ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ҷустуҷӯи воқеии қарорҳои барои тарафайн мусоид бино бар тамоми масъалаҳои рӯзмарра қайд карда мешавад. Барои ин бошад иродаи сиёсии тамоми сарварони минтақаи мо, омода будани онҳо ба инкишоф додани ҳамкорӣ дар пояи равандҳои некҳамсоягӣ ва манфиатдории тарафайн мавҷуд мебошанд.
Моҳи марти соли 2018-ум дар пойтахти Қазоқистон аввалин мулоқот (машварат)-и кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки ин ҳодиса дар ҳамкориҳои минтақавӣ давраи нав гардид. Дар ҷараёни мулоқот самтҳои бартариноки ҳамкориҳои панҷҷониба муайян ва нақшаҳо барои оянда таъин шуданд. Дараҷаи мулоқоти сиёсии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле боло рафт, қаробат ё худ ҳамоҳангии мавқеъҳо бино бар аксар масъалаҳои рӯзмарраи дохилиминтақавӣ ва байналхалқӣ собит гардид.
Пешрафти нави ҳамкорӣ аллакай имрӯз самараҳои худро медиҳад. Дар Осиёи Марказӣ мубодилаи мол хеле афзуд, хатсайрҳои авиатсионӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан боз гардиданд, нуқтаҳои гузариш бозсозӣ мешаванд, лоиҳаҳои инфрасохторӣ татбиқ мегарданд. Робитаҳои иқтисодии дохилиминтақавӣ мустаҳкам мешаванд, сарҳадҳо муайян мегарданд, масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои об ва экология муштаракона ҳаллу фасл карда мешаванд.
Анъанаи ҳамгароӣ ва кооператсия қисмати ҷудонопазири рушди ҷаҳони кунунӣ ба шумор меравад. Ҳатто кишварҳои бузургу худкофӣ низ бо шарикони худ ҳамкориҳои қарини тарафайнро ба роҳ мемонанд.
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, барои давлатҳои хурд ва миёнаҳол ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш ва вусъат додани робитаҳои кооператсионӣ ҳаётан муҳим мебошад, зеро бидуни ин наметавон ба рушди дарозмуҳлат ва устувор муваффақ шуд.
Дар ин маврид қаробати табиии кишварҳои моро бо ҷараёни кадом як «ҳамгароии гурӯҳӣ» маънидод кардан дуруст нест. Ҷараёнҳои мусбати ҳолоина дар Осиёи Марказӣ, нафақат барои мо муфиданд, балки ба ҳусни рағбати шарикони анъанавии минтақа ҷавобгӯ мебошанд. Қазоқистон барои  ҳамкорӣ бо кулли давлатҳои манфиатдор бино бар тамоми шаклҳои он кушода мебошад.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: