“ҚӮЧҚОР”-И МАЪРУФ ИМРӮЗ ЧӢ ДАРДУ ДОҒ ДОРАД?

Муҳаммадсолӣ Юсуфов аз зумраи ҳунарпешаҳои мардумист, ки дар миёни хосу ом бештар ба номи “Қӯчқор” маъруф гаштааст.

Муҳаммадсолӣ Юсуфов аз зумраи ҳунарпешаҳои мардумист, ки дар миёни хосу ом бештар ба номи “Қӯчқор” маъруф гаштааст. Вай дар филм ва намоишномаи “Зани оҳанин” ин нақшро иҷро кардааст. Дар бораи нақшҳои офарида ва мақому манзалати ӯ дар саҳнаи театр ва синамо хеле зиёд гуфтаанду навиштаанд. Ин ҷо банда низ мухтасар ба ин мавзӯъ муруре хоҳам кард. Аммо ба таълифи ин гузориш комилан чизи дигар сабаб шуд.
Биёед, беҳтараш аз он оғоз кунам, ки имрӯз Муҳаммадсолӣ Юсуфови бештар аз чиҳил сол саҳнаҳои театрро ородода ва дар филмҳои гуногун нақшофарида чӣ дарду ташвиш дорад. Зимни суҳбати хоса бо ин ҳунарпеша маълум шуд, ки аз театри драмаи вилоят кайҳо ӯро дур кардаанд.– Соли 2018 аз театри вилоят рафтам. Дар солҳои охир муҳити маънавии ин театр барои идомаи фаъолияти ман дар он мусоидат нанамуд. Дар ин ҷо қадри маро надонистанд. Як идда шогирдонам, ки барои рушду ривоҷашон дар саҳнаи театру синамо заҳмат кашидаам ва роҳнамоӣ кардаам, чӣ будани садоқатро надонистаанд. Гузашта аз ин, тарафкашиҳо ва камбиниҳои роҳбарони нави театр маро маҷбур намуд, ки аз ин театр равам, – гуфт Муҳаммадсолӣ Юсуфов.
– Шумо аз кай дар театри вилоят кор мекардед?
– Баъди хатми Донишкадаи давлатии театр ва рассомии Тошканд он ҷо мондам ва чанд муддат ба ҷавонон аз маҳорати актёрӣ сабақ додам. Баъди адои хидмати аскарӣ тақдир маро ба саҳнаи театри драмаи вилояти Фарғона ба номи Юсуфҷон қизиқ Шакарҷонов овард, – ёдовар шуд Муҳаммадсолӣ Юсуфов.
Вай афзуд, ки нӯҳ сол дар Тошканд кор кард, вале ҷойи зист надошт. Аммо дар ин театр ваъда додаанд, ки агар барои кор ин ҷо монад, бо манзил таъмин ҳоҳад шуд.
– Мардуми зиёд шуморо аз намоишномаи “Зани оҳанин” мешиносанд.
– Бале. Ҳамон нақши Қӯчқорро, ки маро хеле машҳур намуд, дар саҳнаи театри драмаи вилоят бозидаам. Ин намоишнома борҳо дар озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ ғолиб баромад, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
– Дар ин театр ба ҳайси коргардон низ фаъолият мекардед?
– Тамоми солҳои фаъолият талош ба харҷ медодам, ки муҳити маънавии театр солим бошад. Аммо дере нагузашта сабукдӯшкуниҳои ғайриодилона ба вуқӯъ пайвастанд. Кор ба ҷое расид, ки маъмурияти нави театр аз бастани шартнома бо банда даст кашид. Вақте ки ба ҳунару фаъолиятам дар ин театр эҳтиёҷ эҳсос нанамудам, он ҷо монданам маънӣ надошт, – иброз намуд Муҳаммадсолӣ Юсуфов.
Нахустин нақши дар ин театр офаридаи ӯ Сулаймон-қорӣ аз намоишномаи “Зарбаи ханда” мебошад.
Сонӣ нақши Глостери У.Шекспир, Ёсумани “Фарҳод ва Ширин”-и С.Абдулло ва Б.Бровинро рӯйи саҳна овард. Нақшҳои офаридаи ин ҳунарпешаи мардумӣ хеле гуногун ва аз нигоҳи обу ранг бою хотирмон мебошанд. Ҳамон нақши маъруфи Қӯчқор дар намоишномаи “Зани оҳанин”, Диктатор дар “Ҳокими мутлақ”, Мамат дар “Нурхон”, Бухенвалд дар “Ба як мурда – як зинда”, Асомбой дар “Саёҳати Тошканд”, Тӯхтамишхон дар “Амир Темур ва Тӯхтамишхон” аз зумраи ҳамон нақшҳои офаридаи ӯ мебошанд, ки барои тамошобинони зиёд, чӣ аз лиҳози кушодани дунёи ботинии қаҳрамон ва чӣ аз лиҳози намоиш додани санъати миллии ширинкорӣ, таассуроти амиқ боқӣ гузоштаанд.
Ин ҳунарманди мумтоз дар синамои миллӣ низ нақшҳои зиёд бозидааст. Аз ҷумла, образи Холмат дар филми “Бомба”, Қӯчқор дар “Масхарабоз”, омӯзгор дар “Омӯзгор” ва дар намоишномаи видеоии “Каждум аз меҳроб” – Солеҳ махдум, дар филми телевизионии “Панҷ ҳамсари Афандӣ” – Афандиро метавон аз мисоли ҳамин нақшҳои ӯ арзёбӣ кард.
Вай соҳиби ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза ва ҷоизаи миллии “Эътироф” мебошад.
– Шунидаам, ки боре тамошобинон зимни рӯйи саҳна овардани намоишномаи “Зани оҳанин” шуморо дар нақши Қӯчқор надида, шӯру валвала бардоштаанд. Ин гап ҳақиқат аст?
– Маро барои иҷрои нақш дар филме ба Тошканд даъват карда буданд. Бо роҳбарии устоди равоншод Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Ҷалолхон Охунов труппаи театрамон бо ин намоишнома дар саҳнаи яке аз театрҳои кишварамон меҳмон шудааст. Тибқи барномаи пешакӣ нақши Қӯчқорро бояд дублёри ман мебозид. Баъди шурӯъи намоишнома одамони толор дидаанд, ки ба ҷойи ман ин нақшро каси дигар мебозад, барои ҳамин валвала бардоштаанд. Ҷалолхон Охунов онҳоро осуда кардааст, ки бо ҳамон билети нимдаррон метавонанд пагоҳ биёянд ва нақши Қӯчқорро ҳамон ҳунарманди гуфтаи онҳо мебозад. Баъд маро аз Тошканд даъват намуд, ки ҳама корро мавқуф гузораму омада ин нақшро барои мухлисонам иҷро кунам.
– Оё ҳоло ба театре, ки солҳои зиёди фаъолиятатонро ба он бахшидаед, рафтаву дар маҷлису машваратҳо ширкат мекунед?
– На. Маро маъмурияти нави театр ҳатто ба чорабиниҳо ва премераҳо даъват намекунанд. Ман кайҳо аз ёдашон фаромӯш шудаам.
– Гумон намекунед, ки муштариёнатон пазмони нақшиҷрокуниҳои шумо шудаанд?
– Ин як ҳоли табиист, албатта. Аммо имрӯз барои ман чунин имкон намедиҳанд. Гузашта аз ин, театри драмаи вилоят ҳамон маъруфияти пештараи худро аз даст додааст. Медонед, одамоне, ки дили софу беғубор доранд, метавонанд образҳои хубро офаранд, тамошобинро ба худ ҷалб намоянд. Дар айни ҳол таълифи асарҳои пурмаънии саҳнавӣ, ба ин кор ҷалб намудани ҷавонон хеле ба кундӣ пеш меравад. Театри вилоят мувофиқи эҳтиёҷи тамошобин бояд намоишномаҳоро рӯйи саҳна оварад. Дар намоишномаҳо ҳаёти имрӯзаи мардум, дарду доғ ва мушкилоти онҳо акси худро ёбанд. Барои офаридани ин гуна асарҳо ва рӯйи саҳна овардани он тамоми шароиту имконият муҳайёст! Ин барои ҳар як эҷодкору ҳунарманд омили хеле муҳим мебошад.
– Имрӯз шуморо ҳама ба номи образи офаридаатон ёд мекунанд ва гӯё номи аслиатон ҳам Қӯчқор бошад.
– Дар намоишномаи “Зани оҳанин” нақши Қӯчқорро камтар аз ҳаштсад маротиба бозидаам. Бо ин намоишнома ба шаҳрҳои Иваново-Франковски Украина, Маскав, Душанбе ва Бишкек сафарҳои ҳунарӣ кардаем. Ин намоишнома дар фестивали Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҷоизаи асосиро ба даст овардааст.
Агар бо худи Муҳаммадсолӣ Юсуфов ҳамсуҳбат намешудам, ҳаргиз намедонистам, ки чунин як ҳунарпешаи маъруфу машҳури кишвар имрӯз аз зиндагӣ хеле дилсард шудааст. Хусусан, фавти ногаҳонии писари бастакораш – Сарвар Юсуфов, ки чанд моҳ муқаддам рух додааст, ба ӯ зарбаи сахт задааст.
– Вай чаҳор фарзанди кӯчак дошт. Сарварҷонам барои бист намоишномаи Театри давлатии мусиқии ба номи Муқимӣ оҳанг эҷод кардааст, – гуфт Муҳаммадсолӣ Юсуфов.
Шояд борҳо дар саҳна ашк аз чашмонаш ҷорӣ шудааст, аммо дар ҳаёти воқеӣ бори аввал дидам, ки дар милки чашмони ин марди фурӯтан ва маъруфу машҳур ашк ҳалқа зад, вале боз кӯшиш мекард, ки ин ашкро касе аз атрофиён набинад.
– Имрӯз шумо машғули кадом корҳо ҳастед? – хостам бо ин суол ӯро аз вартаи ғаму андӯҳ берун кашам.
– Ҳоло дар мактаби махсуси санъати вилоят ҷавононро бо маҳорати актёрӣ ошно месозам. Боз дар назди ин мактаб студияи “Эҷод” таъсис додаем. Дар ин студия ҷавонон дарси амалиёт мегузаранд: асарҳои саҳнавӣ ва барномаҳои консертӣ тайёр мекунанд.
– Маблағи ин студияи театр аз кадом ҳисоб таъмин мегардад?
– “Эҷод” ба тарзи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият пеш мебарад. Дар он намоишномаҳое ба саҳна гузошта мешаванд, ки инъикоси фарҳанг ва тарзи ҳаёти қавмҳои гуногунро дар меҳвари худ қарор додаанд. Ин ҷо тақдими суруду рақсҳои дилошӯб низ мадди назар мебошанд. Дар бораи фаъолият дар синамо ҳаминро гуфта метавонам, ки дар филми ҳунарии “Тӯй дар азо” яке аз нақшҳои марказиро меофарам, дар чанд сериёлҳо барои иҷрои нақшҳо даъват шудаам.
– Пас, Муҳаммадсолӣ Юсуфов ҳаргиз бекор намондааст?
– Бале.
Дар барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия борҳо дидаам, ки як идда ҳунармандони маъруф дар пиронсолӣ ба шахсони нодаркор табдил ёфтаанд ва касе аз ҳоли онҳо хабар намегирад. Ҳатто баъзеи онҳо дар ҳолатҳои ногувор ва басо риққатангез бо ин ҳаёт падруд гуфтаанд. Танҳо баъд аз фавт онҳоро ёд кардаву дар бораи ҳунару маҳораташон соатҳо ҳарф мезананд.
Ба Вазорати фарҳанг занг задам. Гӯширо Муқаддас Аҳмадҷонова – сардори садорати ривоҷи театрҳо бардошт. Маълум шуд, ки вай аз сарнавишти ин ҳунарпешаи мардумӣ куллан огоҳ мебошад.
– Муҳаммадсолӣ Юсуфов дастоварди миллист. Вай бояд ба театр баргардад ва нақшҳо офарад, зеро мардуми зиёд одат кардаанд, ки вай рӯйи саҳна нақшҳоро бо маҳорати калон иҷро мекунад. Аммо ҳоло ӯ ба омӯзгорӣ пардохтааст. Пӯшида нест, ки маоши омӯзгори коллеҷ нисбат ба маоши ҳунармандони театр бештар мебошад, – мегӯяд Муқаддас Аҳмадҷонова.
Ба таъкиди мавсуф дар ҷараёни фаъолият ба ҳайси саркоргардони театри драмаи вилояти Фарғона Муҳаммадсолӣ Юсуфов ба баъзе камбудиҳо роҳ додааст. Муқаддас Аҳмадҷонова мегӯяд, дар ҳар сурат Муҳаммадсолӣ Юсуфов одами эҷод аст. Дар тӯли фаъолият мукофоту ҷоизаҳои бисёр ба даст овардааст.
– Мо ҳаргиз ин Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистонро аз мадди назар дур накардаем. Зимни баъзе нофаҳмиҳо Муҳаммадсолӣ Юсуфов аз кори театр дур гардид. Аммо театр ба ин ҳунарманди мумтоз ниёз дорад. Эътироф карда мегӯям, ки вай ба ҳайси коргардон дар сатҳи миёна қарор дорад, аммо дар актёрӣ аз бузургон шинохта шудааст, – ба суханаш идома дод Муқаддас Аҳмадҷонова.
Ба гуфтаи хонуми Аҳмадҷонова дар ҷумҳуриамон шаш ҳазор эҷодкорон ба фаъолият машғуланд. Дар вилоятҳои Навоӣ ва Тошканд театр созмон дода хоҳанд шуд. Дар муддати се соли охир ҳунарпешаҳои театр бо намоишномаҳои худ 57 маротиба берун аз кишвар сафар намуданд. Оҳиста шароит беҳтару имкониятҳо бештар хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: