ҚУДРАТ ДАР МАЪНАВИЯТ ВА МАЪРИФАТ

Имрӯз Ӯзбекистон дар сафи бисёр мамлакатҳои рушдёфта дар вазъи ҳамнафасӣ бо замон дар давраи нави тараққиёт қадамҳои қатъӣ мегузорад.

Имрӯз Ӯзбекистон дар сафи бисёр мамлакатҳои рушдёфта дар вазъи ҳамнафасӣ бо замон дар давраи нави тараққиёт қадамҳои қатъӣ мегузорад. Табиист, ки дар ин ҷараён лозим меояд чун дигар кишварҳои олам дар «деги маданияти оммавӣ» биҷӯшем. Ягона воситае, ки қодир аст моро аз ин «дег» беталафот гирифта барорад, дар ҷамъият ва миёни одамҳо пурзӯр гардонидани таъсири маърифат ва маданият мебошад.
Дар ҷараёни ҷаҳонигардӣ, дар вазъе ки ба тамоми соҳа ва қишрҳо бинобар табодули иттилооти шиддатнок таҳдидҳои ғоявӣ-мафкуравӣ авҷ гирфтааст, бояд ҳушёрӣ ва огоҳиро аз даст надиҳем. Дар ин самт ба аҳли зиё ва илму ирфон, дар баробари ҳамин ба тарғиботгарони маърифат, ки нури имон ва эҳсоси халқпарварию ватандӯстӣ дар гунаашон медурахшад, чун шамъ сӯхта, ба торикиҳои зиндагӣ равшанӣ мебахшанд, бештар эҳтиёҷ ҳис мекунем. 
Бинобар чунин заруратҳо ва тақозои давр дар давлати мо як қатор қонун ва қарорҳо қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, дар навбати аввал ба пешрафти риштаи маънавиёт ва маърифат нигаронида шудаанд.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ» аз 3 майи соли 2019 дар назди Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ташкил карда  шудани Ҷамъияти тарғиботгарони «Маърифат» дар ин самт яке аз қадамҳои муҳим гардид.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали оғозёбии фаъолияти Ҷамъият дар назди он вазифаҳои муҳими ҳаётӣ оиди эҳёи беҳтарин анъанаҳои марбут ба гузаштаи пуршаъни маънавияти миллӣ, фаҳмонидани маъно ва моҳияти намунаҳои нодир ва нотакрори арзишҳои фарҳангии мо, дарёфти тамоюлҳои рушди падидаҳои маънавие, ки решаҳои қадимии таърихӣ доранд, гузошта шуд. Фидоиёни маърифат дар назди худ вазифа гузаштанд дар вазъи истифода аз усули воситаҳои таъсирнок ва замонавӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, ки имрӯз ва ояндаи ҷамъиятанд, корҳои тарғиботӣ баранд, ки ба тарбияи онҳо дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, муқаддас шуморидани анъана ва арзишҳои динӣ ва маърифатиамон нигаронида шудаанд. Тарғиботҳо алайҳи таҳдидҳои дохилию берунӣ корбаст шуда, онҳо бояд дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз ҳар гуна хатарҳои иттилоотӣ муҳофизат намоянд.
Дар ҷараёни таъсис додани Ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» ба он эътибор нигаронида шуд, ки узвият аз ҳисоби шахсони муносиб, ки воқеан соҳиби маънавиёти бой мебошанд, таркиб ёбад. Номзадҳое, ки аз ҷониби тамоми вазоратҳо, идораву ташкилотҳои эҷодӣ ва масканҳои илмӣ тавсия шудаанд, ҳарҷониба санҷида ва беҳтаринҳо ба аъзоӣ пазируфта шуданд. Дар байни аъзо намояндагони идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, олимон, мутахассисон, арбобони маданият, санъат ва адабиёт ҳастанд. Ташаккул додани  гурӯҳи махсус иборат аз тарғибгарон, ки дар миқёси ҷумҳурӣ корҳои ташвиқотӣ пеш мебаранд, татбиқи муносибатҳои нав ба гурӯҳ, рағбатнок карда рафтани тарғиботгарони беҳтарин аз нигоҳи маънавию молиявӣ, пардохти ҳақ ба маърӯзаҳое, ки дар чорабиниҳои маънавӣ хонда мешаванд, гузаронидани  озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин тарғиботгари маънавияти сол», тавсия ба нишони сарисинагии «Маънавият фидойиси» ба роҳ гузошта шуд.
Бо мақсади дар байни аҳолӣ васеъ тарғиб сохтани 5 ташаббуси муҳиме, ки аз ҷониби роҳбари давлати мо пешниҳод шудааст, боз ҳам баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ дар байни аҳолӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, ки корҳои фарҳангӣ, варзиш, технологияҳои иттилоотӣ, китобхонӣ ва соҳаи санъатро дар давраи нави таърихӣ мувофиқи талаби замон ба роҳ гузоштанианд, тарғиботгарони мо зуд-зуд дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо, қисмҳои ҳарбӣ шуда, иштирокдоронро ба дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, рафти ислоҳот дар соҳаҳои маънавияту маърифат аз наздик шинос менамоянд. Баромадҳое мекунанд, ки ба боз ҳам васеъсозии доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии аҳолӣ, баланд бардоштани маданияти китобхонӣ равона шудаанд. Дар доираи чорабиниҳо ба аъзои шуъбаи ҳудудии Ҷамъияти тарғиботгарони «Маърифат» нишони узвият ва гувоҳномаҳо тантанавӣ супорида мешавад. Баромадҳои бадеии санъаткорон, айни замон, ба рӯҳияти иштирокдорон таъсири хуб мерасонад. Санъаткорон, шоиру нависандагон, арбобони намоёни давлатию ҷамъиятиро рӯ ба рӯ дидан, аз суҳбати онҳо баҳровар шудан ба аҳолӣ, хусусан шаҳрвандонамон аз ноҳияҳои дурдаст як олам завқ мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд, ки меҳр дар чашм – дидорбиниҳо дар навбати худ ба  эҷодкорон илҳом мебахшад. Адибон аз байни аҳолии оддӣ қаҳрамонҳои ояндаи асарҳои худро меҷӯянд. Навигариҳои маҳалҳоро дар ВАО ва дигар маводҳои чопӣ эълон менамоянд, ки он чизҳо «репортаж аз ҷои воқеа»-ро мемонанд. 
Маълум, ки бо ташаббуси роҳбари давлати  мо 156 нафар ҳамдиёрони саргуму саргардони Ӯзбекистон, ки дар ҳудудҳои оташфишони Шарқи наздик азият мекашиданд, ба кишвар баргардонида шуданд. Бо мақсади мувофиқсозии онҳо ба ҳаёт ва муҳити иҷтимоию маънавии солим дар истироҳатгоҳи «Бӯстон» бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғиботгарони «Маърифат» чорабинӣ рӯи кор омад. Амалиёти инсонпарваронаи «Меҳр» имкон дод занони бечора, кӯдакони бегуноҳ, ки дар байни оташ монда буданд, ба Ватан баргашта, нафаси озод кашанд ва ба меҳру муҳаббат фаро гирифта шаванд. Дар чорабиние, ки зикр гашт, 107 нафар бачаҳо, 48 нафар бонувон ширкат ҷустанд. Дар омӯзиши вазъи рӯҳии бонувон тарғиботгарони мо низ саҳм гирифтанд.
Бо мақсади баровардан аз ҳолатҳои стрессӣ, пешгирии зиддиятҳои оилавӣ, бедорсозии ҳисси ҳаётдӯстӣ ва афзуннамоии фаъолнокии иҷтимоӣ бо иштироки рӯҳшиносон тренингҳо баргузор гардиданд.
Дар асоси қарори Президентамон, ки дар боло зикр гашт, бо ҳамдастии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ таҳти шиори «Маънавият – қудратноктарин ва таъсирноктарин аслиҳа» дар ҳудудҳои ҷумҳурӣ «Ҷашнвораи маънавият» гузаронида шуд. 
Дар доираи ҷашнвора дар самтҳои маънавию маърифатӣ семинар-тренингҳо, вохӯриҳои эҷодӣ, анҷумани илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти мавзӯи «Асоси тараққиёти ҷамъият маърифат мебошад» рӯи кор омаданд. Намоиши китобҳои бадеӣ-маърифатӣ таҳти мавзӯи «Ба бачаҳо маърифат бахшида», аксияҳои хайриявӣ, армуғонсозии китобҳо зери шиори «Ба мактаби қадрдонам китоб туҳфа менамоям» шавқангез сурат гирифтанд. 
Тарғиботи либос ва лухтакҳои миллӣ, мушоираи «маърифат» бо иштироки адибон, ташкили лоиҳаҳои «Маърифат тур», муаррифии клуби блогерҳои «Зиёиён» низ хотирмон буданд.
Ҷашнворае, ки тамоми ҳудудҳои ҷумҳуриро фаро гирифт, гуфтан мумкин, эътибори миллионҳоро ба худ кашид ва дар онҳо таассуроти нек гузошт. 
Дар як қатор чорабиниҳои маънавӣ-маърифатие, ки таҳти шиори «Ободонӣ аз дил сар мешавад» дар ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд сурат гирифт, ба онҳое, ки ниёзманданд, кӯмакҳои моддию маънавӣ расонда шуд. 
Корҳои тарғиботие, ки дар ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Сирдарё таҳти мавзӯи «Оилаи ман – сарвати ман» баргузор шуданд, бобати пешгирии ҷудошавиҳои оилавӣ, дар хонадонҳо офаридани  муҳити солимию маънавӣ, дар зеҳн ва қасби наврасону ҷавонон ҷойгир сохтани эҳсоси ватанпарварӣ ва садоқат ба арзишҳо ҳамчунон самаранок буданд.
Таҳти эҳтимоми тарғиботгарони фаъол 20 адад оилаҳое, ки хавфи ҷудошавӣ доштанд, ба муросо омаданд.
Ҷамъият назди худ мақсад ва вазифаҳои бузургро гузоштааст. Вақте гурӯҳи тарғиботӣ бо халқ, бо ҷавонони фаъол ҳамнафас аст, корҳои зиёд ба амал бароварда шуда, мамлакатамон бо қиёфаи маънавии ба худ хос эътибори ҷаҳониёнро бештар ба худ мекашад.

Бахтиёр ҲУСАНОВ, 
раиси Ҷамъияти тарғиботгарони  «Маърифат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: