ҚУДРАТАМОН – ДАР ВАҲДАТ ВА ҲАМҶИҲАТӢ

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд бо ташаббуси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий ойна»-и ҷумҳурӣ, Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон бахшида ба 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти мавзӯъҳои «Қудратамон – дар ваҳдат ва ҳамҷиҳатӣ» ва «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» намоиши осори аккосӣ ва бадеӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар он роҳбарону мутахассисони кумитаи номбурда, созмондиҳандагони намоишгоҳ, раис ва фаъолони марказҳои миллию мадании кишвар иштирок карданд. 
Дар намоишгоҳ гулдухтарони тоҷик, қазоқу қирғиз, рус, украин, белорус, туркману корейс ва ғайра бо сару либосҳои миллии худ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Раиси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.Қурбонов, раиси Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий ойна» И.Латифов, раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон А.Нуриддинов ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи намоишгоҳ, дӯстиву ҳамҷиҳатии миллат ва халқиятҳои кишвар, фароҳам овардани шароитҳои мусоид вобаста ба рушди забон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳарф заданд.  
Тӯли асрҳои зиёд дар сарзамини қадимӣ ва босаховати мо миллат ва халқиятҳои гуногун, намояндагони маданият ва динҳои мухталиф орому осоишта зиндагӣ мекунанд. Меҳмондӯстӣ, кушодадилӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамҷиҳатӣ хоси халқи мост. Имрӯз дар мамлакатамон намояндагони беш аз 130 миллат ва халқият, 16 дин чун фарзандони як оила зиндагӣ карда, дар тараққиёт ва рушди мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Алҳол дар мамлакат 138 марказҳои миллию маданӣ фаъолият мебаранд. Онҳо дар пос доштани суннатҳои миллии аҳолие, ки дар мамлакатамон истиқомат мекунанд, саҳми муносиб мегузоранд. 
Тавре ки маълум аст, ҳоло дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бахшида ба 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти шиори «Азиз ва ягонаӣ, Ӯзбекистони маҳбуб» чорабиниҳои фарҳангӣ, адабию бадеӣ, варзишӣ, таблиғотию ташвиқотӣ баргузор мешаванд. Намоишгоҳи осори аккосӣ ва бадеӣ «Қудратамон – дар ваҳдат ва ҳамҷиҳатӣ» низ аз ин ҷумла аст. Дар он асарҳои суратгирони номӣ Владимир Жирнов, Абдуғанӣ Ҷумъаев, Ғайрат Шукуров, Рустам Шарипов, Владимир Гончаренко, Ҳамдам Шораҳмедов, Назира Боймуродова ба намоиш гузошта шудаанд. Намоишгоҳ то ҷашни Истиқлолияти мамлакат идома меёбад.

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: