Чанд рӯз қабл мо дар саросари кишвар 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро васеъ ҷашн гирифтем.
Чанд рӯз қабл мо дар саросари кишвар 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро васеъ ҷашн гирифтем. Шукӯҳи ҷашн то ҳол ба қалбҳоямон сурур мебахшад. Ин, албатта, беҳуда нест.
Асоси ҳуқуқии ислоҳоти густурда ва қатъии демократӣ, ки дар мамлакатамон падид меоянд, пеш аз ҳама, ба қоидаву принсипҳои Конститутсияи мо асос ёфтааст.
Қудрати ҳаётбахшии Қомуси Асосиамонро дар мисоли ба куллӣ тағйир ёфтани симои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи мо, меҳнати фидокоронаи халқи мо барои бартараф намудани озмоишҳои мураккаб ва бунёди ҳаёти озоду ободу шукуфон – Ӯзбекистони нав мебинем.
Низоми муассир ва устувори на халқ ба мақомоти давлатӣ, балки ба халқ хидмат кардани мақомоти давлатӣ, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ташаккул ёфтааст, ба меъёри конститутсионии «Халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» асос ёфтааст.
Ҳуқуқи моликият, ки Қонуни асосии мо кафолат додааст, асоси рушди босуръати фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакатамон мегардад. Барои дастгирӣ ва татбиқи ҳуқуқ-ҳои ҳар як соҳибкор тамоми чораҳо андешида мешавад. Аз ҳама муҳимаш, дар ҳамватанони мо маҳорати озодона меҳнат кардан, зиндагии худро тавассути корчаллонӣ ва соҳибкорӣ беҳбуд бахшидан ташаккул меёбад.
Боиси хушнудист, ки дар натиҷаи дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, афзоиши иқтидори сайёҳӣ ва содиротӣ, татбиқи фаъолонаи стандарту қоидаҳои Созмони байналмилалии меҳнат мавқеи мо дар рейтингҳои байналмилалӣ сол то сол баланд мегардад.
Ба ибораи Сарвари давлат, «вазифаи асосии давлат ва ҷомеаи мо аз ободу фаровон гардондани зиндагии халқамон, ба ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз миллат, забон ва дину мазҳаб таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир намудан иборат аст. Бовар дорам, ки тамоми ҳамватанони мо, хурду калон дар роҳи чунин як ҳадафи олиҷаноб ва шарафманд саъй намуда, ҳамчун бунёдгузори Ӯзбекистони нав ба майдон мебароянд”. Ин бешубҳа ба Эҳёи Сеюм – пойдевори давраи нави тараққиёти миллии мо асос мегузорад.
Албатта, барои пурратар ба ҳаёт татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсияамон, таъмини волоияти қонуну адолат дар ҷамъият, ҳуқуқу манфиатҳои инсон, шаъну шарафи он боз ҳам бештар кор кардан лозим аст. Дар ин бора асосҳои ташкилию ҳуқуқии ба ҳаёт татбиқ намудани мақсаду вазифаҳое, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав муайян шудааст, фароҳам оварда, ба пурзӯр гардондани навсозиҳои демократӣ бояд эътибор дод.
Сарвари давлат дар паёми шодбошии ба мардум ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсия ирсолдошта перомуни ин масъала алоҳида истода гузашта, изҳор намуд, ки оид ба боз ҳам васеъ намудани ваколатҳои парлумон ва шӯ-роҳои маҳаллӣ, пурзӯр гардондани назорати намояндагӣ аз болои мақомоти иҷроия ва такмил додани ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ маҷмӯи чорабиниҳо ба амал бароварда шаванд.
Ин бошад, дар назди мо масъулияту вазифаҳои калон мегузорад ва мо, намояндагони халк, ба ин масъала диққати махсус медиҳем. Татбиқи якдилонаи вазифаҳои устуворе, ки аз ҷониби Президентамон муайян шуда, дар Стратегияи рушд пешбинӣ шудаанд, дар оянда низ меъёри асосии фаъолияти қонунгузории корпуси депутатӣ боқӣ хоҳад монд.
Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис