ҚУЛАӢ ВА ИМТИЁЗҲОИ СОҲАИ ГУМРУК

Дар садорати гумруки шаҳри Тошканд бо намояндагони соҳа мулоқоти кушод баргузор шуд.

Мулоқоти кушод бо роҳандозии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, минбаъд самаранок ташкил кардани корҳои расмикунонии гумруки содирот ва воридоти мол аҳамиятнок буд.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 сентябри соли 2018 ба низоми расмигардонии гумрук як қатор дигаргуниҳо ворид карда мешаванд.
Дар садорати гумруки шаҳри Тошканд дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар асоси қонунгузории дарамал ба молҳои воридотии 36 корхонаи бо иштироки сармояҳои хориҷӣ созмондодашуда ба миқдори 20.8 млрд. сӯм аз пардохтҳои гумрук имтиёз дода шуд.
Дар тадбир мутахассисон бино бар масъалаҳои содироту воридот маълумоти муфассал доданд.
– Мақсад аз ташкил кардани чорабинии мазкур бартараф кардани муаммоҳое мебошанд, ки дар соҳа ба назар мерасанд. Барои осон кардани кори ходимони соҳа дар назоратгоҳҳои гумрукӣ дастгоҳҳои махсуси назорати мошини бор гузошта шудааст, ки барои таъмини бехатарӣ ва сарфа кардани вақт аҳамияти калон дорад, – мегӯяд инспектори садорати гумруки шаҳри Тошканд Б.Тӯрабоев.
– Мо нисбат ба соли гузашта соли ҷорӣ миқдори маҳсулотамонро бо назардошти харидорони хориҷӣ  афзоиш додем. Масалан, моли мо дар  Тоҷикистон ва Қирғизистон харидорони худро дорад. Дар ин маврид осон гардидани кори содироти мол пешрафти фаъолияти мо соҳибкоронро таъмин мекунад, – гуфт ҳангоми суҳбат соҳибкор Э. Акрам.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: